Сарманшаи ихтилофоти мазхаби чахолату нодони аст

Беҳрўзи Забеҳулло Саидхоҷа

ИмрӯзNews

 

Баҳсу ҷидолҳои динӣ ва ихтилофоти мазњабии имрўза дар сархати шабакаҳои иҷтимоӣ ва мањфилҳои хусусї миёни мардуми кишвари мо қарор дорад. Бо шунидану хондани ин баҳсњои тунду ғайриахлоқӣ ва гоҳо тавҳиномез гумон мекунї, ки дар ҷомеаи мо дигар мушкиле боқӣ намонда, ки акнун афроди миллат бо тамоми кувват иқдом ба ҳалли масоили мовароуттабиї задаанд. Ин баҳсҳо ҳамзамон дар ду ҷабха дар ҷараёнанд:

1.                     Баҳс байни пайравони динҳои гуногун

2.                     Баҳси мазҳабї миёни пайравони дини ислом

Ҷолиб аст, аксари афроде, ки дар чунин бањсњо «косаи доғтар аз ош» мешаванд на руҳонї ҳастанд ва на таълимоти систематикии динї дидаанд. Ҳар ки бо ҳамон иттилооти ҷузъї ва ками худ мехоҳад дигариро ба бединї ё бадмазҳабї гунаҳгор кунад. Ростї, оё боре фикр кардаед, ки сабаби гаройиши насли ҷавони мо ба ин гуна баҳсҳо, ки шояд дар салоҳияти онҳо набошад, дар чист?

Ин гаройиш оё маншаи дохилї ва ниёзи табииву руҳонии онҳо аст, ё касе ё гуруҳе онҳоро барои гарм кардани бозори худ ташвиқу ҳидоят мекунад?

Посухи мо ба саволи аввал ин аст, ки табиатан ҳар инсоне сарфи назар аз пайравии худ ба ину он дин аз назари маънавї ва руҳонї барои расидан ба оромиши қалбї омўзаҳои дини ниёзманд аст. Дар ин марҳала дастрас будани адабиёт ва муаллим барои таъмини ниёзҳои руҳонии ҷомеа бисёр муфиду бо аҳамият аст, зеро аз ин роҳ мо бовар мекунем, ки ҷавонони мо ба сарчашмаҳои боэътимод дастрасї пайдо мекунанд ва аз инҳирофи фикрии онҳо ба дигар гуруҳу ҷараёнњо ҷилавгирї мешавад. Дар сурати набудани чунин имконот эҳтимоли нуфузи гуруҳҳо ва љараёнҳои бегона дар зеҳни холии ҷавонони мо бештар мешавад ва онҳо ба роҳатї метавонанд бо пур кардани ин холигоҳ насли ҷавони моро ба ҳар самте, ки худ дўст доранд, ҳидоят кунанд.

Дар ин миён, мањфилҳои ба истилоҳ, динии бегона бо ҳадафи омўзиши динї афкори хоси худро дар зеҳни ҷавонони мо ҷо мекунанд ва инҳо низ нохудогоҳ дар ҷомаи мо ба мубаллиғони андешаҳои бегона дар қолаби дин табдил мешаванд. Ин вазъият метавонанд ба якпорчагии миллии мо зарба занад ва дар оянда амнияти иҷтимої ва сипас амнияти сиёсии як кишварро зери хатар бигзорад. Намунаи ошкори ин таҷриба зуҳури толибони Афғонистон дар Покистон аст. Гуруҳи Толибон бо ҳадафи хосе ба воситаи Хадамоти амниятии Покистон дар мадрасаҳои динии ин кишвар шакл гирифт ва тўли беш аз даҳ сол аст, ки Хадамоти амниятии Покистон аз тариќи гуруҳи Толибон манофеи сиёсї ва амниятии худро дар дохили Афғонистон ҳимоят мекунад.

Бисёре аз кишварҳо бо ҳадафи нуфуз дар кишварҳои дигар маҳз аз ҳамин дарича ворид мешаванд ва таҳти пўшиши омўзиши динї ё башардўстона ва бо ҳимоятҳои моливу иктисодӣ мардуми ниёзмандро ба самти худ ҷалб мекунанд ва дар як фурсати муносиб аз ҳамин гуруҳҳо барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсии худ истифода мекунанд. Намунаи он ҳимоятҳои саховатмандонаи бархе кишварҳои арабї, бахусус Арабистони Саудӣ, аз мусалмонони шўравии собиқ таҳти пўшиши дин ва ба дунболи он таблиғи андешањои салафигарї дар миёни ҷавонони Осиёи Миёна ва Ќафќоз аст, ки бо омўзаҳои мазњаби Ҳанафии мо комилан дар таззод аст. Натиҷааш низ ҳамин шуд, ки Бандар бинни Султон, раиси Дастгоҳи амниятии Арабистон, Русияро тањдид мекунад, ки дар сурати даст накашидан аз њимоятњои худ аз Сурияву Эрон, Риёз ба воситаи салафиҳои пайрави худ дар Осиёи Миёнаву Ќафќоз авзои Русияро ноором хоњад кард!

Ин аст натиҷаи кумакҳои динии кишварњои бегона ба ба мардуми ниёзманди мамлакати дигар.

Дар ҳоле ки ихтилофоти мазњабӣ ба сурати хашин ва имрўзии он ҳаргиз дар ҷомеаи Осиёи Миёна реша надошт ва бузургони ин мазњаб худуди 1000 сол пеш ин мушкилро бо ҳикмату дирояти хеш ҳал карда буданд. Ҳазрати Мавлоно аз бузургтарин мутаффакирону орифони мо аст, ки 800 сол пеш на танҳо мавзўъи ихтилофоти мазҳабӣ, балки ихтилофи байни динҳоро низ ҳаллу фасл кард. Ба назари ҳазрати Мавлоно, ҳақиқат якест ва чун ба ҳақиқати воҳид аз дидгоҳи гуногун нигариста шавад, садрангу гуногун менамояд. Мавлавӣ гавҳари динҳоро воҳид шумурда, ҳамаи онҳоро мунтањї ба ҳақќу ҳаќиќат донистааст. Ба ақидаи вай, душманиҳои мазҳабї ва таассубҳои вайронгаре, ки ба номи дин барангехта мешаванд, тамоман аз осори ҷањлу ғафлат аст:

Аз назаргоҳ аст, эй асли вуҷуд,

Ихтилофи кофару ғабру ҷуҳуд.

Бинобар ин, ҳазрати Мавлоно мегўяд, ҳоло, ки дидгоҳҳои гуногун боиси ба вуҷуд омадани таъбиру фаҳми мухталиф аз ҳақиқат мешавад, пас ин дидгоҳњо ва бардоштҳо холї  аз хато нест. Ҳар тафсире аз ҳақиқат бо нуқсу камол ва ҳаќќу ботил омехта мешавад, аз ин рў, ҳақиқат дар инњисори ҳеч кас ва ё гуруҳе нест!

Ин ҳақиқат дон, на њаќќанд ин ҳама,

Не ба куллї гумраҳонанд ин ҳама.

З-он ки бе ҳаќ ботиле н-ояд падид.

Қалбро аблаҳ ба бўи зар харид.

То набошад рост кай бошад дурўғ?

Он дурўғ аз рост мегирад фурўғ.

Пас магў ҷумла хиёласту зилол,

Бе ҳақиқат нест дар олам хиёл…

Профессор Эрмгард Пин дар ин замина мегўяд:

«Аз назари Мавлоно шинохту маърифати Худо осонтарин роҳ ва аслитарин меҳвари ваҳдати башарӣ аст, зеро агар таваҷҷуҳ зоҳир шавад аксари ихтилофоти қавмиву мазњабї ангезаи сиёсиву иљтимоӣ доранд, ки ба хотири ҳифзи манфиатҳои дунявӣ ва нафсонї аз сўи соҳибони зару зур ва дунёталабон дар ҷомаҳои башарӣ барангехта мешавад, аммо Мавлоно мегўяд:

Маснавии мо дўкони ваҳдат аст,

Ғайри воҳид он чи бини он бут аст».

Ба ҳамин тартиб, Мавлоно башариятро барои раҳої аз буҳрони шадиди маънавӣ, равонӣ ва эътиќодӣ ба ишќу муњаббат варзидан тавсия мекунад, зеро танҳо чизе ки инсонро дар сайри такомулии он тақвият мебахшад ва боис мешавад, то бар инсон сифатҳои разила ғолиб нагарданд, муҳаббат аст. Бар асари муҳаббат варзидан кина, бухл, ҳасад, кибр, адоват ва дигар хислатҳои разила аз вуҷуди инсон рафта-рафта берун мешаванд ва одам аз роҳи худшиносӣ ба инсони комил табдил мегардад. Ба ќкавли шайх Саъди:

Дар олами коинот кардем нигоњ,

Як дона муҳаббат аст, боқї ҳама коњ!

Бо вуҷуди ин ҳама таҷриба ва собиқаи дурахшони бузургони мо дар ҳалли мушкил ва масъалаи ихтилофи диниву мазҳабӣ, чаро имрўз тафаккуроти хашин ва бадбинона зеҳни ҷавонони моро пур кардааст? Шояд мардуми мо имрӯз ба ин сарчашмаҳои ѓании маърифат дастрасї надоранд ва яксара таҳти таблиғоти маънодор ва бепояи шабакаҳои иҷтимої қарор гирифтаанд. Агар касе бо андешаҳои ҳазрати Мавлоно дар ин хусус ошної дошта бошад, ҳаргиз таҳти таъсири андешаҳои радикалии гуруҳњои манфиатталаб қарор намегирад. Ваќти ғанимати худро сарфи баҳсҳои бебунёду бенатиҷа намекунад, балки бо хаёли орому осуда машғули фаъолиятҳои судманд барои ҷомеа хоҳад шуд.

Ба унвони натиљагирї аз мавзўъи ихтилофи диниву мазњабӣ дар поён суханони ҳазрати Мавлоноро дар мавриди зарурати гуногунии динҳо ва мазоҳиб аз китоби «Фиҳї мо фиҳї» мисол мезанем, ки беҳтарин ҳусни хитом барои ин мавзўъи доғи ҷањонї аст:

«Гуфтам, охир ин дин кай яке будааст?

Њамвора дуву се будааст ва ҷангу қитол барқарор миёни онҳо.

Шумо динро чун як хоҳед кард?

Як он ҷо шавад, дар қиёмат, аммо ин ҷо дунёст, мумкин нест, зеро ин ҷо ҳар якеро муроде ва ҳавоест мухталиф. Яке ин ҷо мумкин нагардад, магар дар қиёмат, ки ҳама як шаванд ва ба як ҷо назар кунанд, як гўшу як забон шаванд».

Украина: ба оташ равѓан мерезанд

Хушунатњо дар ин кишвар ба ављи худ расидаанд

Беҳрўзи Забеҳулло Саидхоҷа

ИмрўзNews

 

Хушунат дар хиёбонҳои Киев бо вуруди неруҳои амниятӣ ва муқовимати муҳолифон ба авҷи худ расидааст. Нооромиҳои шадиде, ки аз якшанбешаб ва ба дунболи тасвиби қонуни нави маҳдуд кардани тазоҳурот аз сўи Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, оғоз шудааст, ҳамчунон идома дорад.

Охирин гузоришҳои расида ҳикоятгар аз он аст, ки тарафҳо ба шиддат дар ҳоли задухурданд ва дар натиҷаи ин даргириҳо садҳо нафар маҷруҳ ва боздошт шуданд. ВКД-и Украина мегўяд, ки ҳудуди 120 нафар аз маҷруҳон неруҳои пулис ҳастанд ва алайҳи бисёре аз боздоштшудагони мухолиф низ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Мухолифони давлат бо истифода аз санг, бутилка, корд, арматура, гранатаҳои савтї ва ҳатто гази ашковар дар ҳоли задухурд бо неруҳои пулис ҳастанд. Рўзи гузашта президент Янукович зимни суханронї дар телевизион нисбат ба оқибатҳои идомаи ин хушунатҳо ва ин ки мумкин аст, амнияти тамоми кишвар дар хатар қарор гирад, ҳушдор дод, аммо мухолифон ба ин ҳушдорҳо ањамияте надоданд.

Тибқи охирин хабарҳо, ин даргириҳо ба дуввумин шаҳри Украина, яъне Лвов низ кашида шуда, садҳо нафар аз мухолифони давлат дар хиёбонҳои ин шаҳр хостори сарнагунии давлати Янукович шудаанд. Радиои «Садои Русия» дар ин бора хабар дод, ки беш аз 1000 нафар дар назди раёсати ВКХ-и ин шаҳр ҷамъ омада, ба чизе чуз сарнагунии давлат ризоият намедиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории «Интерфакс», музокирот барои поён додани хушунатҳо рўзи душанбе дар идораи Шўрои амният ва дифои миллии Украина оѓоз шуд ва дар он Андрей Клиев, раиси Шўрои амният ва дифои миллии Украина, бо гуруње аз намояндагони порлумону ањзоби сиёсии мухолифи давлат мулоқот кард ва интизор меравад, ки ин гуна музокирот барои ҳалли ихтилофот идома пайдо кунад.

Хушунати мухолифон дар хиёбонҳои Киев хашми давлати ин кишварро барангехтааст. Вазорати корњои хориҷаи Украина аз ҷомеаи ҷаҳонї хост, то иқдомоти лозимро барои пешгирии ин хушунатҳо дар дастури кор қарор диҳад. Дар баёнияи вазорати корњои хориҷаи Украина омадааст, ки рўзи якшанбе дар пойтахти ин кишвар эътирозҳои густурдаи мусолиматомезе баргузор шуда буд ва неруҳои амниятї ва пулис њеч иќдоме алайҳи мардуми тазоҳуркунанда анҷом надода буданд, вале бархе афрод ва гуруҳҳои радикалӣ даст ба иқдоми хушунатомез заданд, ки неруҳои пулис маҷбур ба вокуниш шуданд.

Вазорати корњои хориҷаи Украина ёдовар шудааст, ки давлати ин кишвар ҳадди аксари талоши худро барои ҳаллу фасли мусолиматомези буҳрони ба вуљуд омада анҷом медиҳад, вале дар айни ҳол умедвор аст, ки ҷомеаи ҷаљонї њам иқдомоти ифротии бархе афрод ва гуруҳҳои тазоҳургарро, ки сабаби сар задани даргириҳои густурда шудааст, маҳкум кунад.

Вазорати корњои хориҷаи Украина зарари воридшуда ба ин кишвар дар пайи даргириҳои ду рўзи ахирро њудуди 360 њазор доллар пешбинї кардааст.

Пан Ги Мун, Дабири кулли СММ низ бо мушоњидаи авзои Киев аз тарафайни даргирї хост, ки барои расидан ба субботу оромиш аз хушунат парњез кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе хабаргузорињо аз тарҳи мақомоти қудратии Украина барои пароканда кардани тазоҳургарон аз майдонҳои шаҳри Киев хабар доданд. Дар ин амалиёти поксозї қарор аст 1530 нафар аз неруҳои махсуси «Беркут», 1460 нерўи амниятї ва 4631 нафар аз кормандони вазорати корњои дохилаи Украина ширкат кунанд. Баъд аз зуҳри 22 январ аллакай неруҳои вижаи «Беркут» ҳамлаи худро алайҳи мухолифон барои поксозии Евромайдон ва хиёбони Грушевский оғоз карданд.

Дар аввалин њамла неруҳои «Беркут» бо шикастани сангари мухолифон дар маркази Киев иќдом ба пароканда кардани онҳо намуда, бархе афроди ифротгароро боздошт карданд. ВКД-и Украина бошад, пайдо шудани як ҷасад дар майдони Грушевскийи шаҳри Киевро тайид кард.

Дар робита ба ҳаводиси Украина, думаи давлатии Русия дуввумин изҳороти худро тайи ду моҳи гузашта содир кард. Дар ин изҳорот Думаи Русия аз эҳтимоли сар задани ҷанги шаҳрвандї дар кишвари ҳамсояи Украина шадидан изҳори нигаронї карда, масъулияти хушунатҳои ахир дар ин кишварро ба дўши гуруҳҳои ифротгарои дохилї ва бархе сиёсатмадорони ғарбӣ бор кардааст.

Русия аз бархе мањофили сиёсии ғарб даъват кардааст, ки аз тафриқаандозӣ миёни мардуми Украина худдорї кунанд ва аз мухолифони давлати Киев низ хостааст, ки зимни хотима додан ба хушунату зуроварї, барои ҳалли буҳрони сарзада, бо давлат сари мизи музокира биншинанд.

Нооромиҳои Украина аз 21 ноябри 2013 ба баҳонаи имзо нашудани тавофуқномаи тиҷорї байни Киев ва Иттињоди Аврупо оғоз шуд, аммо рафта-рафта хостаи мухолифон, ки аз тарафдорони Иттињоди Аврупо ҳастанд, ба сарнагунии давлати Янукович тағйир кард.

Мухолифон аз тарафдорони инқилоби норинҷї ҳастанд, ки чанд сол пеш аз сўи давлати кунунї аз сари ќудрат барканор шуданд. Кишварҳои ғарбӣ ҳам, ки аз ҷонибдорони сарсахти мухолифон ҳастанд, эълом кардаанд, ки ба зудӣ давлати Украинаро таҳрими иктисодӣ хоҳанд кард.

 

 

Сарманшаи ихтилофоти мазхаби чахолату нодони аст


Бахсу чидолхои дини ва ихтилофоти мазхаби имруза дар сархати шабакахои ичтимои ва махфилхои хусуси миёни мардуми кишвари мо карор дорад. Бо шунидану хондани ин бахсхои тунду гайри ахлоки ва гоххо тавхиномез гумон мекуни, ки дар чомаи мо дигар мушкиле боки намонда, ки акнун афроди миллат бо тамоми кувват икдом ба халли масоили мовароуттабии задаанд. Ин бахсхо хамзамон дар ду чабха дар чараёни аст.

1.     Бахс байни пайравони динхои гуногун

2.     Бахси мазхаби миёни пайравони дини ислом

Чолиб аст, ки аксари афроде ки дар чунин бахсхо «косаи догтар аз ош» мешаванд на рухони хастанд ва на таълимоти систематики дини дидаанд. Хар ки  бо хамон иттилооти чузъи ва ками худ мехохад дигариро ба бедини ё бадмазхаби гунахгор кунад. Рости, оё боре фикр кардаед, ки сабаби гаройиши насли чавони мо ба ин гуна бахсхо, ки шояд дар салохияти онхо набошад, дар чист?

Ин гаройиш оё маншаи дохили ва ниёзи табииву рухонии онхо аст, ё касе ё гурухе онхоро барои гарм кардани бозори худ ташвику хидоят мекунад?

Посухи мо ба саволи аввал ин аст, ки табиатан хар инсоне сарфи назар аз пайравии худ ба ину он дин аз назари маънави ва рухони барои расидан ба оромиши калби омузахои дини ниёзманд аст. Дар ин мархала дастрас будани адабиёт ва муаллим барои таъмини ниёзхои рухонии чомеа бисёр муфиду бо ахамаият аст, зеро аз ин рох мо бовар мекунем, ки чавонони мо ба сарчашмахои боэътимод дастраси пайдо мекунанд ва аз инхирофи фикрии онхо ба дигар гуруху чараёнхо чилавгири мешавад. Дар сурати набудани чунин имконот эхтимоли нуфузи гуруххо ва чараёнхои бегона дар зехни холи чавонони бештар мешавад ва онхо ба рохати метавонанд бо пур кардани ин холигох насли чавони моро ба хар самте, ки худ дуст доранд, хидоят кунанд. Дар ин миён, махфилхои ба истилох динии бегона бо хадафи омузиши дини афкори хоси худро дар зехни чавонони мо чо мекунанд ва инхо низ нохудогох дар чомаи мо ба мубаллигони андешахои бегона дар колаби дин табдил мешаванд. Ин вазъият метавонанд ба якпорчагии мили мо зарба занад ва дар оянда амнияти ичтимои ва сипас амнияти сиёсии як кишварро зери хатар бигзорад. Намунаи ошкори ин тачриба зухури толибони Афгонистон дар Покистон аст. Гурухи Толибон бо хадафи хосе ба воситаи хадамоти амниятии Покистон дар мадрасахои динии ин кишвар шакл гирифт ва тули беш аз дах сол аст, ки хадамоти амниятии Покистон аз тарики гурухи Толибон манофеи сиёси ва амниятии худро дар дохили Афгонистон химоят мекунад.

Бисёре аз кишвархо бо хадафи нуфуз дар кишвархои дигар махз аз хамин дарича ворид мешаванд ва тахти пушиши омузиши дини ё башардустона ва бо химоятхои моливу иктисоди мардуми ниёзмандро ба самти худ чалб мекунанд ва дар як фурсати муносиб аз хамин гуррухо барои пиёда кардани хадафхои сиёсии худ истифода мекунанд. Намунаи он, химоятхои саховатмандонаи бархе кишвархои араби бахусус Арабистони Сауди аз мусалмонони Шуравии собик тахти пушиши дин ва ба дунболи он таблиги андешахои салафигари дар миёни чавонони Осиёи Миёна ва Кафкоз, ки бо омузахои мазхаби Ханафии мо комилан дар таззод аст.Натичааш низ хамин шуд, ки Бандар бинни Султон-раиси дастгохи амниятии Арабистон Русияро тахдид мекунад, ки дар сурати даст накашидан аз химоятхои худ аз Сурияву Эрон Риёз ба воситаи салафихои пайрави худ дар Осиёи Миёнаву Кафкоз авзои Русияро ноором хохад кард! Ин аст натичаи кумакхои динии кишвархои бегона ба ба мардуми ниёзманди мамлакати дигар.

Дар холе ки ихтилофоти мазхаби ба сурати хашин ва имрузии он харгиз дар чомаи Осиёи Миёна реша надошт ва бузургони ин мазхаб худуди 1000 сол пеш ин мушкилро бо хикмату дирояти хеш хал карда буданд. Хазрати Мавлоно аз бузургтарин мутаффакирону орифони мо аст, ки 800 сол пеш на танхо мавзуи ихтилофоти мазхаби балки ихтилофи байни динхоро низ халу фасл карда буд. Ба назари хазрати Мавлоно хакикат якест ва чун ба хакикати вохид аз дидгохи гуногун нигариста шавад, садрангу гуногун менамояд. Мавлави гавхари динхоро вохид шумурда ва хамаи онхоро мунтахи ба хаку хакикат донистааст. Ба акидаи вай душманихои мазхаби ва таассубхои вайронгаре, ки ба номи дин барангехта мешаванд тамоман аз осори чахлу гафлат аст:

Аз назаргох аст, эй асли вучуд,

Ихтилофи кофару габру чухуд.

Бинобарин, хазрати Мавлоно мегуяд холо ки дидгоххои гуногун боиси ба вучуд омадани таъбиру фахми мухталиф аз хакикат мешавад, пас ин дидгоххо ва бардоштхо холи аз хато нест. Хар тафсире аз хакикат бо нуксу камол ва хаку ботил омехта мешавад, аз ин ру, хакикат дар инхисори хеч кас ва ё гурухе нест!

Ин хакикат дон, на хаканд ин хама

Не ба кули гумрахонанд ин хама.

З-он ки бе хак ботиле н-ояд падид.

Калбро аблах ба буи зар харид.

То набошад рост кай бошад дуруг?

Он дуруг аз рост мегирад фуруг.

Пас магу чумла хиёласту зилол,

Бе хакикат нест дар олам хиёл…

 

Профессор Эрмгард Пин дар ин замина мегуяд:» Аз назари Мавлоно шинохту маърифати Худо осонтарин рох ва аслитарин мехвари вахдати башари аст, зеро агар таваччух зохир шавад аксари ихтилофоти кавмиву мазхаби ангезаи сиёсиву  ичтимои доранд, ки ба хотири хифзи манфиатхои дуняви ва нафсони аз суи сохибони зару зур ва дунёталабон дар чомахои башари барангехта мешавад, аммо Мавлоно мегуяд:

Маснавии мо дукони вахдат аст,

Гайри вохид он чи бини он бут аст.

 

Ба хамин тартиб, Мавлоно башариятро барои рахои аз бухрони шадиди маънави, равони ва эътикоди ба ишку мухаббат варзидан тавсия мекунад, зеро танхо чизе ки инсонро дар сайри такомулии он таквият мебахшад ва боис мешавад то бар инсон сифатхои разила голиб нагарданд, мухаббат аст. Бар асари мухаббат варзидан кина, бухл, хасад,кибр, адоват ва дигар хислатхои разила аз вучуди инсон рафта-рафта берун мешаванд ва одам аз рохи худшиноси ба инсони комил табдил мегардад. Ба кавли шайх Саъди:

Дар олами коинот кардем нигох,

Як дона мухаббат аст боки хама кох!

Бо вучуди ин хама тачриба ва собикаи дурахшони бузургони мо дар халли мушкил ва масъалаи ихтилофи диниву мазхаби, чаро имруз тафаккуроти хашин ва бадбинона зехни чавонони моро пур кардааст? Шояд мардуми мо имруз ба ин сарчашмахои гании маърифат дастраси надоранд ва яксара тахти таблиготи маънодор ва бепояи шабакахои ичтимои карор гирифтаанд. Агар касе бо андешахои хазрати Мавлоно дар ин хусус ошнои дошта бошад харгиз тахти таъсири андешахои радикалии гуруххои манфиатталаб карор намегирад. Вакти ганимати худро сарфи бехсхои бебунёду бенатича намекунад балки бо хаёли орому осуда машгули фаъолиятхои судманд барои чома хохад шуд.

Ба унвони натичагири аз мавзуи ихтилофи диниву мазхаби  дар поён суханони хазрати Мавлоноро дар мавриди зарурати гуногунии динхо ва мазохиб аз китоби»Фиёхи мо фиёхи» мисол мезанем, ки бехтарин хусни хитом барои ин мавзуи доги чахони аст: « Гуфтам охир ин дин кай яке будааст?

Хамвора дуву се будааст ва чангу китол баркарор миёни онхо.

Шумо динро чун як хохед кард?

Як он чо шавад дар киёмат аммо ин чо дунёст, мумкин нест зеро ин чо хар якеро муроде ва хавоест мухталиф. Яке ин чо мумкин нагардад магар дар киёмат, ки хама як шаванд ва ба як чо назар кунанд як гушу якзабон шаванд.»

Чигуна фарханги ришвахори дар миёни мо ривоч ёфт


Бехрузи  Забехулло Саидхоча

Имрузнюз

Ришвахори падидаи номатлубест, ки аз он ба унвони кирми дарахт ёд мекунанд, ки дар сурати безарар насохтани он дарахтро аз реша мехушконад. Дар чахони имруза низ бархе кишвархо ба махзи мушохидаи ин офат дар чомеаи худ ба шиддат бо он мубориза мебаранд. Намунаи барчастаи он кишвари Чини хамсояи дар ба девори мост, ки барои ришвахори мучозоти сангине дар конунгузории хеш дар назар гирифтааст. Аз ахбор хам шунидаед, ки чигуна бархе макомоти баландпояи Чини коммунисти ба чурми ришвахори «мансурвор» ба сари дор мераванд. Албатта ришвахори як падидаи навбаромад ва ношинос нест, балки аз замони шаклгирии чомахои инсони дар колабхои гуногун по ба пои индустрияи фахшо ,эхсоси кудратталаби ва шухратхохии башар идомаи хаёт доштааст. Аммо дар чахони муосир бо анбошти пулу сармоя ришвахори ба як тахдид табдил шудааст, ки дар сурати пешгири нашудани он хатари чидди ба кудрати сиёсии хоким ва амнияти ичтимои хохад дошт. Ангезаи аслии муборизаи бархе давлатхо алайхи ришвахори дар бисёр маврид чанбаи сиёси дорад то хадафи ичтимои. Дар мачмуъ бо хар ангезае агар бо ин падида мубориза сурат бигирад, паёмади мусбате барои ичтимои он кишвар хохад дошт, яъне хадди акал «Аз пайи шоли кирмак хам об хохад хурд».

Баргардем ба асли матлаб, ки падидаи ришвахори дар кишвари мо чигуна ривоч пайдо кардааст? Дар холе ки дар омузахои дини фарханги ва ахлокии мо ин падида хамеша мавриди накухиш карор доштааст. Чашм доштан ба моли дигарон ва ё аз худ кардани сармояи дигарон дар адабиёти мо низ падидаи номакбул ва нописанд арзёби шуда, ки офати он ба хамаи чомеа сироят мекунад. Ба кавли шайх Саъди гасби амволи дороён ва ё танг кардани фаъолияти туччору сармоягузорон ба маънии ба тангдастиву факр кашонидани мардуми кишвар будааст:

Шаханшах, ки бозоргонро бихаст,

Дари хайр бар шахру лашкар бибаст.

Писандидакорони човидном,

Татовул накарданд бар моли ом.

Яке аз далелхои ривочи ин офат дар чомахои башари сар задании чангу низохо ва фурупошии низомхои сиёси дар гушаву канори чахон аст, ки бар асари ин хаводис гуруххои хосе ба сармояи бодоварда даст пайдо мекунанд. Фурупошии низоми Шурави низ хамин вазъиятро дар хамаи кишвархои пасошурави эчод кард ва хоким шудани низомхои чадиде, ки хануз ба суботи сиёсиву иктисоди нарасидаанд майли мардумро барои касби сармояи бедарди миён афзойиш дод.Даврони гузариш аз як системаи сиёсиву иктисоди ба системаи нави сиёсиву иктисоди табиатан ин офатхоро дар пай хохад дошт. Аммо дар бисёре аз чомеахо ба сабаби чидди нагирифтани ин офат ва заъфи мубориза бо ин падида ба мурури замон ришвахори ба як одат ва суннати маъмули пазируфта мешавад, ки бисёр таассуфбарангез аст.

Боз ба кавли Саъди:

Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

Чу пур шуд нашояд гирифтан ба пил.

Дар кишвари мо низ тибки маъмул ришвахори аз ду тарик сироят кардааст; яке ба воситаи ниходхои давлати, ки бар асари чанги дохили аз суботи лозим бархурдор набуданд ва ба дунболи он вуруди сармояи хоричи, ки конунхои кофи барои назорат ва мудирияти онхо хануз шакл нагирифта буд; дуввум ба воситаи бархе суннату одатхои ачдоди, ки ба мурури замон ба шакли воруна дар рафтору муносибати мардуми мо тачали пайдо кардаанд.

Барои мисол, хануз дар даврони Шурави мардуми мо аз гирифтани бакияи пули худ аз магозахои давлати хичолат мекашиданд ва дар хамин замина исрори хамватанони русзабонро мавриди мазаммат карор медоданд. Ин одат то хануз идома дорад ва хеч мусофире хам дар наклиёти мусофирбари шахри 40 дирам бакияи пули худро аз ронанда талаб намекунад, харчанд, ки дар бархе аз ин наклиёт шахрдори хатто хушдор додаст, ки бакияпулии худро аз ронанда талаб намоед.

Далелаш чист? Аз назари равони чунин холат нишон аз худкамбинии афрод дорад ва аз назари хукуки далолат бар надонистани хукукхои шахрвандии хеш.Дар хар ду маврид решаи аслии масъала ба беиттилоии ин гуна афрод аз хаку хукукхоии хеш бозмегардад. Аз суи дигар аксари мардуми мо аз хисоби захмати хеш зиндаги намекунанд ва хатман як ё ду нафар дар хар хонавода мухочири мехнати аст ва бакия бо пули хамин мухочирон рузгори худро сару сомон мебахшанд. Мусалламан чун барои дарёфти ин пулхо хеч захмате аз худ харч накардаанд ва аз ин ру  дар масрафи онхо низ хеч масъулияте аз худ нишон намедиханд. Бахши аъзами пули бо хуни чигар чамъовардаи мухочирони мехнати дар хорич аз кишвар ба воситаи хонавода ва хешу таборони онхо сарфи маросимхои намоишии бехуда ва туйхои пурхарочот,ришваву  фолбини, мушкилкушои ва садака барои расидан ба хадафхои онхо мешавад.Кор ба чое расидааст, ки ин рафторхои нохинчори ичтимои дар зехни мо ба унвони рафтори маъкулу писандида кабул шуда рафторхои аклонии дигарон ба назарамон зишту кабех менамояд.

Мисоли дигар, замоне дар Машхад зиндаги мекардем, хамсарам шохиди як бархурди маъмули шуда, ки барои у кобили кабул набуд. Хангоми харид дар як магоза хушдомане аз келинаш ба сабаби нарасидани пули майда (фарзан) як сомони дархост мекунад ва баъди майда кардани пулхои худ дар магозаи дигар як сомонии келинашро бармегардонад. Ин рафтори мантики ба назари хамсари точики ман мисли як ходисаи нохуш таъсири бад гузошта, ки онро ба ман хайратовар накл мекард. Ман дар посух гуфтам, ки муносибати он хушдоман бо келинаш аз назари шаръи ва аклони комилан дуруст буда ва вокеият низ бояд хамин гуна бошад. Баъдан барои он ки хамсари ман конеъ шавад, ман киссаи фаромуш шудани сузани хамсоя аз суи хазрати Фотима ва афсусу надомати вайро дар ин хусус ёдовар шудам то мавзуи эхсоси масъулият дар баробари якдигарро дарк кунад.

Аз  ин гуна мисолхо дар зиндагии рузмарраи мо фаровон рух медихад, ки мо бидуни таваччух аз пахлуи онхо мегузарем. Ботилро хак мепиндорем ва хакро ботил. Расму суннатхое, ки аслан ба омузахои дини ва ахлоки миллии мо хеч рабте надоранд вале дар тули солиён дароз бо сабабхои гуногун вориди рузгори мо шуда ва мо  низ бесабаб тобеи онхо шудаем.Чаро тобеи расму суннатхои нохинчор шудаем? Чаро ки дар на бораи омузахои динии маълумоти кофи дорем ва на дар бораи фарханги миллии хеш. Меъёри зиндагии мо бар асоси киёс аст на аклоният ва мушкили аслии чомеаи мо аз хамин чо шуруъ мешавад.Манбаи фаъолияти ичтимоии мо рафтори хамсоя аст на хикмату китоб. Харчи дигарон анчом диханд мо низ кушиш мекунам, ки дакикан хамон гунна рафтор кунем бидуни ин ки боре фикр карда бошем, ки оё рафтори дигарон бар чи меъёре шакл гирифтааст ва  оё ин гуна рафтор мутобики омузахои дини ва ё аклони хаст ё не? Дар холе ки Арасту он хакими юнони ва хамчунин хазрати Мавлон киёсро офати аклу хирад муаррифи кардаанд.

Аз киёсат ханда омад халкро

К-у чи пиндоштаст сохибдалкро.

Чумла олам з-ин сабаб гумрох шуд,

Кам кассе з-абдоли хак огох шуд.

 

Киёсу таклид яъне рафтори кур-курона ва пайравии беасос аз харакату рафторхои дигарон аст, ки дар натичаи беиттилоии мардум сар мезанад.

Мутаассифона худуди ду аср аст, ки акл дар чомаи мо таътил аст ва киёсу таклид бар тамоми аркони зиндагии мо хоким шудааст. Барои тагйири ин вазъ мо ниёз ба як инкилоби мадани тоза дорем, инкилобе, ки моро аз асорати таклид ва камдониши начот дихад. Танхо илм аст, ки моро вокегаро ва вокебин карда аз чунин вазъият рахо мекунад. Ришвахори низ чузъе аз хамин ахлоки нописанди мардуми мост, ки дар хуну пусти мо чори шуда солхои сол чомеаро озор медихад. Калиди халли ин мушкилот дар дасти худи мост ба шарте, ки иродаи гушодани кулферо дошта бошем. Давлат низ бояд механизми ислохи ин вазъро аз тарики эчоди шароити конуни ва таъсиси ниходхои масъул фарохам кунад. Лозимаи асосии ислохи падидахои нописанди ичтимои хам ин аст, ки ниходхои масъул ва дахлдори давлати ба таври яксон барои ичрои онхо кушиши кунанд ва боре хам мо низ монади чинихо хабари ба «сари дор» рафтани ягон макоми ришвахори худро дар баробари боздошти муаллимону пизишкони кишвар бишнавем.

Хезиши мавчи дуввуми Сунами дар Украина


Украина-ин кишвари зебо, ба полигони бархўрди манофеи
Fарб ва Русия табдил шудааст

Бењрўзи Забењулло Саидхоља

ИмрўзNews

 

Мављи дуввуми нооромї ва эътирозњои хиёбонї Украинаро фаро гирифтааст. Тайи ду рўзи охир шоњиди задухўрди шадиди мухолифон бо неруњои пулис дар майдонњои шањри Киев њастем. Дар натиљаи ин даргирињо беш аз 100 нафар захмї шудаанд.

Ин аввалин задухўрди хашини мухолифон ва неруњои давлатї дар соли нави 2014 мебошад. Пулиси Украина захмї шудан 100 неруи худро дар ин даргирињо тайид кард. Аз ин миён 61 нафари онњо дар бемористон бистарї гардидаанд. Ин манбаъ таъкид кардааст, ки дар ин набард ба љуз аз силоњњои оташфишон, дигар аз њамаи васоили хушунатзо истифода шудааст.

Гуруњњои мухолиф тайи ду рўзи гузашта чандин автобус ва мошинњои боркаши пулисро дар хиёбонњои шањри Киев ба оташ кашидаанд.

Даргирињо рўзи душанбе, 20 январ низ дар хиёбони Грушевскии Киев њамчунон идома доштанд. Бино ба гузориши хабаргузорињо, њар ду тараф бо якдигар бо хушунати бештар даргир мешаванд ва мухолифон ин бор бисёр ифротгароёна амал мекунанд.

Виталий Кличко, яке аз рањбарони неруњои мухолифи Украина даргирињои рўзи якшанбе дар Киевро иѓво номид, аммо љамъияти «Правий сектор» масъулияти ин беназмињоро бар дўш гирифтааст.

Даргирињои хунин замоне ављ гирифтанд, ки пулиси Украина монеи вуруди тазоњургарон ба дохили парламент ё худ Радаи олии ин кишвар шуданд. Тасвиби чанд ќарор дар парламенти Украина, аз љумла, дар бораи дахлнопазирии депутатњо, ба љавобгарї кашидани афрод дар сурати тахриби ёдгорињо ва њайкали сарбозони шўравї ва љорї кардани љарима барои инкори љиноятњои фашизм хашми мухолифони ин кишварро барангехтааст. Рањбарони мухолифи давлати Украина тасмимоти ахири парламенти ин кишварро бархилофи меъёрњои демократї, озодии баён ва њуќуќи башар арзёбї карда мўътаќиданд, ки ќарорњои ахири парламент алайњи неруњои мухолиф равона шудаанд.

Дар њамин њол, Франк-Вольтер Штайнмайер, вазири корњои хориљаи Олмон, таъкид кардааст, ки авзои буњронии Украина рўзи 31 январ дар конфронси амниятии Мюнхен мавриди бањсу баррасї ќарор мегирад.

Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориљии Иттињоди Аврупо низ дар ин робита гуфтааст, ки «мо авзои Украинаро бо диќќат зери назар дорем».

Эштон њамчунин аз иќдоми Янукович дар даъвати рањбарони мухолиф барои гуфтугў ва њалли мусолиматомези буњрони Украина истиќбол кардааст. Вазирони корњои хориљаи Дания, Лањистон ва Британия низ давлати Украинаро масъули хушунатњои ахир дар ин кишвар муррифї кардаанд. Ба гуфтаи ин дипломатњои аврупої, ќарорњои ахири тасвибшуда дар парламенти Украина хилофи меъёрњои љомеаи демократї буда, монеъи њамгароии ин кишвар бо Иттињоди Аврупо њастанд. Вазири корњои хориљаи Британия низ зимни мањкум кардани хушунатњои душанбешаби шањри Киев афзудааст, ки эљоди мањдудият барои фаъолияти неруњои мухолиф яке аз иштибоњоти љиддии давлати Украина мебошад.

Дар вокуниш ба њаводиси ахири Украина Вадим Колесниченко, депутат аз њизби њокими «Минтаќањо» таъкид кардааст, ки њаводиси Евромайдон на аз сўи рањбарони мухолиф, балки тавассути хадамоти махсуси хориљї њидоят мешавад.

Ба гуфтаи вай, беш аз як моњ аст, ки президент Янукович барои њалли буњрони кишвар ба рањбарони мухолиф пешнињоди музокира ва гуфтугў додааст. Бо иддаои Киев, мушкил ин љост, ки раванди њаводиси Украинаро хадамоти махсуси кишварњои хориљї идора мекунанд, на рањбарони мухолиф.

Колесниченко мегўяд, тибќи маълумоти вай, танњо дар моњи декабри соли 2013 беш аз 300 «коргардон»-и љанги шањрвандї аз њудуди ин кишвар ихрољ шудаанд ва њанўз беш аз 100 нафар коршиноси хориљии дигар тањти пўшиши хабарнигор дар ин кишвар фаъолият доранд. Вай афзудааст, илова бар ин, беш аз 1700 љангљўи хориљї дар њоли омўзиши мардум барои беназмињои густурда дар дохили Украина њастанд.

Колесниченко бо тааљљуб таъкид кардааст, ки њар замоне ки давлат бо мухолифон бархўрд кунад, билофосила, сиёсатмадорони аврупої ва амрикої изњорот пахш карда, аз мо мехоњанд, ки ба дархости тазоњургарон посухи мусбат дињем. Колесниченко муътаќид аст, ки дар ин миён масъала њамгарої бо Иттињоди Аврупо нест, балки онњо тарњи хосе барои аз байн бурдани Украина доранд ва мехоњанд кишвари моро монанди Югославия ба як нуќтаи доѓи даргирї табдил кунанд.

Гуфтанист, нооромињо дар Украина аз 21 ноябри соли 2013 дар пайи худдории давлати Киев аз имзои пайвастани ин кишвар ба иттињоди тиљории Аврупо шурўъ шуд. Баъд аз он дар шаби 29 ва 30 ноябр неруњои зудамали «Беркут» тазоњургарон дар майдони Истиќлоли Киев маъруф ба «Евромайдон»-ро ба шиддат саркўб карданд. Ба думболи он, эътирозот ба мухолифати сиёсї дар Украина табдил ёфт.

Аз сўи дигар, дар таърихи 17 январ президент Виктор Янукович тамоми ќарорњои ахири тасвибшуда дар парламенти ин кишварро, ки мухолифон ва кишварњои ѓарбї аз онњо ба унвони мањдудияти озодии баён, њуќуќи башар ва марги демократия ёд карданд, имзо кард.

Мављи дуввуми эътирозот дар Украина бо бањонаи имзои њамин ќарорњо рўзи якшанбе 19 январ, оѓоз шуд ва њамчунон идома дорад.

Поёни њаводиси Украинаро њеч кас даќиќ пешбинї намекунад, аммо мушаххас аст, ки яке аз иллатњои сар задани ин њаводис бархўрди манофеъи ќудратњои бузург дар ќаламрави ин кишвар аст. Дар воќеъ, љанги манофеъ Украинаро ба полигони бархўрди ин кишварњо табдил карда, наќши мардуми Украина дар ин миён чизе љуз иљрои сенарияи омодашуда барои ин кишвар нест.

Бузургтарин хатаре, ки Украинаро дар њоли њозир тањдид мекунад, эљоди дудастагї дар миёни мардуми ин кишвар аст. Мардуми њаммарз бо Русия гароиши русї доранд ва мардуми манотиќи њамсояи Аврупо майли пайвастан ба Иттиходи Аврупоро дар сар мепарваронанд. Чунин вазъ хатари таљзияи Украинаро дар пай хоњад дошт.

Мардуми Украина њам, ки бо мушкилоти зиёди иќтисодї ва маишатї рў дар рў њастанд ва аз ду тараф тањрик мешаванд, дар ин њаводис фурсати фикр кардан ба ин масоилро надоранд ва њар кї талош мекунад, ки аз ин ќапќон сањми худро бардорад.

Ичбори шудани донистани забони точикй барои намояндагони Мачолис дар Точикистон

 

Мачлиси намояндагони Точикистон рузи чаҳоршанбе 13-уми июн бо тасвиби қонуне, донистани забони точикиро барои тамоми масъулони давлатй аз чумла намояндагони Мачлиси ин кишвар ичборй кард.

Додихудо Саймуддинов- раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Точикистон ҳангоми ташреҳи ин мавзӯъ гуфт: аз ин ба баъд бар асоси қонуни чадид, донистани забони точикй барои кулияи номзадҳои мачолиси Намояндагон ва Миллй ва ҳамчунин аъзои шӯроҳои шаҳрй, вилоятй ва ноҳияҳо ҳатмй мешавад. Оқои Саймуддинов афзӯд: ҳар фарде, ки намояндаи мардум дар порлумон ва шӯроҳои шаҳру вилоят мешавад, бояд мусаллат ба забони точикий бошад ва ҳангоми суханронй бо забони меъёри адабй сӯҳбат кунад, на лаҳчаҳои маҳалй.

Додхудо Саймуддинов таъкид кард: тамоми асноди афроди довталаб барои ширкат дар интихоботи мачолис ва шӯроҳои ёдшуда низ бояд ба ин забон ироа шаванд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Точикистон афзӯд: ин тағйирот баъд аз ислоҳоти суратгирифта дар дигар базшҳои забони точикй дар соли 2009, сурат мегирад.

Донистани забони давлатй барои намояндагони мардум дар ҳоле ҳатмй мешавад, ки аз қабули нахустин қонуни забони точикий бист сол сипарй мешавад. Абдулфаттоҳ Воҳидов- хабарнигори точик дар мавриди иллати роич шудани лаҳчаҳои маҳалй дар миёни сиёсатмадорони ин кишвар мегӯяд: Дар он замон забони аҳли сиёсат ва масъулон дар кишвар русй буд ва пас аз тасвиби қонуни забон дар соли 1989 ин тоифа ба гуйиш ва лаҳчаҳои маҳалии хеш рӯ оварданд ва онро минбарй карданд. Ба гуфтаи вай бо гузашти бист сол ин талоши забондонии масъулон ба як одат табдил шуд ва ба забони меъёр латма ворид кард.

Аммо Додхудо Саймуддинов мӯътақид аст, ки зарба ба забони меъёри форсии точикй, пас инқилоби болшевикии Октябр ворид шуд, зеро дар ҳамон замон пояи забони адабй бар асоси лаҳчаи маҳали хосе бунён ниҳода шуд. Ба гуфтаи вай ҳаргиз лаҳчаи маҳалй наметавонад чойгузини забони меъёри точикй-форсй бошад.

Ҳадятуллоҳи Сафар-чомеашиноси точик бошад иллати тасаллути лаҳча бар забони меъёрро бархоста аз ангезаи мудирони ин кишвар медонад. Ба гуфтаи вай дар Точикистон мудирони радаи боло аз ҳар маҳале тайин мешуданд лаҳча дар забони гуфтугӯи чомеа роич мешавад ва мардум низ аз он пайравй мекунанд. Оқои Сафаров афзӯд дар замони Шуравй раҳбарони ин кишвар ҳамеша бо забони маҳалии хеш сӯҳбат мекарданд ва аз ин рӯ, гуйиши маҳалии раҳбарони кишвар бар забони меъёр тасаллут пайдо мекард.

Дар ин миён, бархе соҳибназарон вуруди бархе вожаҳои ноб аз лаҳча ба забони меъёрро кори баде намедонанд, аммо мухолифи меъёр қарор додани лаҳчаи минтақаи хосе барои забони адабй ҳастанд.

Аввалин бор, аз нимаи дуввуми даҳаи ҳаштоди мелодй, ки раванди озодй ва бозслзй дар Иттиҳоди Чамоҳири Шуравии собиқ оғоз ва шитоб ёфт, ду тан аз рушанфикрони точик бо номи Зафар Нозим ва Мазҳабшо Муҳаббатшоев таъсиси бунёди забонро пешниҳод карданд то бо ёрии Мачлиси Олии Точикистон дар баҳмани 1989 ба тадвини қонуни забон бипардозад.

Ин кумита пешнависи қонуни забони точикиро тадвин кард ва барои баҳсу нақди ҳамагон дар матбуот ба чоп расонд.

Бо вучуди мухолифатҳо дар рӯзи 22 июли 1989 дубора забони давлатй дар Мачлиси Олии Точикистон ба тасвиб расид ва тибқи он "Забони форсии точикй" расмият ёфт ва бар асоси моддаи 26-и он бозгашт ба алифбои ниёкон(форсй) ва фарогирии ин хат аз сӯи донишомӯзон илзомй шуд.

Ҳамчунин муқаррар шуд ин қонун то поёни соли 1996 комилан ичро ва форсии точикий дар тамоми ниҳодҳои давлатй ва ғайридавлатй ба тадрич чойгузини забони русй шавад, аммо ин амр то кунун таҳаққуқ наёфтааст.

Аммо мухолифат бо забони форсй бо ҳамин ба поёни нарасид. Коммунистҳои муғриз баъд аз пирузии чабҳаи халқ, ки чонибдори эҳёи Шуравй буданд дубора алайҳи забони форсй иқдом карданд. Ба навиштаи академик Муҳаммадчон Шакурии Бухорой:"20 июли соли 1992 дар ичлосия Шӯрои Олии Чумҳурии Точикистон лоиҳаи қонуни асосй баррасй шуд. Яке аз бандҳои қонуни асосй ин буд: забони давлатии Чумҳурии Точикистон забони точикий-форсй мебошад. Шӯҳрат Султонов намояндаи як вилояти бузурги кишвар пешниҳод кард, ки аз банди қонуни асосй калимаи форсй ҳазф шавад. Султонов барои ин пешниҳоди худ чунин далел овард, ки мо точикем на иронй ва забони мо точикий аст на форсй. Вай, ки ба забони русй суханронй мекард, гуфт: ман фахр мекунам, ки точик ҳастам ва мо миллат ва забони худро бояд мояи ифтихор бидонем. Бо таассӯфи комил порлумони вақти Точикистон бо дасисаҳои коммунистҳо ва душманони забони форсй, он рӯз тасмим гирифт, ки вожаи форсй аз таркиби номи забони миллии точикон ҳазф шавад."

Гуфтани аст, дар замони султаи Иттиҳоди Чамоҳири Шуравии собиқ бар он кишвар, ба забонҳои даҳҳо қавм аз чумла форсии точикй бо қидмате беш аз як ҳазор сол ва осори фаровони адабй ва илмй, осебҳои зиёде ворид шуд.

 

Баҳсҳо перомуни Точикистон ва эҳтимоли таъсис пойгоҳи низомии Амрико

 

 Ин рӯзҳо баҳсҳо дар атрофи эҳтимоли таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Точикистон дар миёни маҳофили сиёсй, коршиносони умури минтақа ва расонаҳои Русия ва Точикистон ба шиддат идома дорад. Пештар бархе генералҳои рус нигаронии худро дар бораи эҳтимоли ба бунбаст расидани музокироти Маскав ва Душанбе бар сари тамдиди идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон баён карда буданд ва ҳатто дар ин бора насиҳатҳои таҳдидомезе низ ба адреси давлати Душанбе аз тариқи расонаҳои он кишвар мабни бар ноамн шудани минтақа ва шуруи даргириҳои қавми дар миёни кишварҳои Осиёи Маркази ва ҳамчунин афзойиши таҳдидоти гурӯҳҳои терористи аз хоки Афғонистон барои давлатмардони минтақа мухобира карда буданд

Ин мавзӯро бори аввал генерал Чиркин-раиси ситоди неруҳои заминии артиши Русия ду ҳафта қабл ҳангоми суханрони дар ҷамъи намояндагони кумитаи амният ва дифои Шӯрои федерасия матраҳ кард. Ба дунболи ӯ генерал Николай Макаров- раиси кули ситоди неруҳои мусаллаҳи Русия пешниҳоди Душанбе барои тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи Русия дар хоки Точикистон барои даҳ солро ғайри қобили қабул донист. Баъдан мавзӯи сарнавишти пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон дар ҳошияи нишасти вазирони дифои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар шаҳри Калинингради Русия миёни вазирони дифои Точикистону Русия мавриди баҳсу барраси қарор гирифт, аммо ин гуфтугӯҳо кадом натичае дар пай надоштааст. Муҳимтарин нуктаи чолиб, ки аз раванди ин гуфтугӯ мухобира шуд, посухи генерал Шерали Хайруллоев-вазири дифои Точикистон дар бораи беиттилоии мақомоти Душанбе аз матни қарордоди чадиди пешниҳодии Русия дар бораи чигунагии ҳузури нерӯҳои руси дар хоки Точикистон буд. Қабл аз ин дидор низ дар вокуниш ба изҳороти ҳангомачӯёнаи генерал Чиркин, Вазорати дифои Точикистон бо пахши баёнияе ин гуна изҳоротро ба дур аз назокати сиёси арзёби карда буд. Натичаи посухи маънодори вазири дифои Точикистон ба ҳамтои руси худ ҳамлаи тунди расонаӣ Русия алайҳи давлати Душанбе ва куллан Точикистонро дар пай дошт. Ҳол он ки ҳамин расонаҳо пас эъломи хуручи Узбакистон аз созмони Амнияти чамъи, ки паёмадҳои бадтаре барои Русия ва созмони мазкур дар пай хоҳад дошт, бархӯрди муҳтотона аз худ нишон доданд ва ин тасмими Тошкандро чандон мавриди ҳамла ва интиқоди шадид қарор надоданд

Мочаро бо ҳамин ба поён нарасид балки ба дунболи сафари ҳайате амрикои ба Душанбе ва изҳороти Дан Бертен мабни бар эҳтимоли чойгузин кардани пойгоҳи Манаси Қирғизистон дар азои таъсиси як пойгоҳи ҷадид дар Точикистон, шиддати бештаре ба худ гирифт.Изҳороти ошкори Дан Бертон вокунишҳои гуногуне дар маҳофили сиёсии Русия ва Точикистон ба бор овард.Генерал Леонид Ивашов-муовини раиси академия улуми геополитикаи Русия иқдомоти Амрико дар Осиёи Марказиро иҳонати ошкор нисбат ба сиёсати мустақили ин кишварҳо донист.Ин коршинос мӯътақид аст: агар Точикистон ба ҳузури низомии Амрико ризоият диҳад, хеле зуд ин кишвар таҳти фишори сиёсии Русия, Чин ва Эрон қарор хоҳад гирифт ва ҳузури низомии Амрико дар Точикистон барои ҳар кадом аз ин се кишвар, ки имрӯз аз шарикони Душанбе ҳастанд иқдоме номатлуб унвон хоҳад шуд ва заминаро барои ҳар навъ амали тахрибкорона дар кишвар боз хоҳад кард. Ба гуфтаи вай:Точикистон то ба ҳол рӯи истеъморро надида аммо пас аз вуруди амрикоиҳо зери бори истеъмор хоҳад рафт. Вай мӯътақид аст, ки Амрико бо ичоди заминаи ҳузури низоми дар ҳар як аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамон иқдомеро анҷом медиҳад, ки дар манотиқи марзии Афғонистону Покистон анҷом дод

Дар ин робита вокунишҳо дар маҳофили сиёсии Точикистон низ гуногун будааст. Бархе гурӯҳҳои сиёсии вобаста ба Русия дар сохтори давлати Душанбе бо ишора ба сиёсати "хашин"-и Кремл аз эҳтимоли ташдиди фишори Русия ба Точикистон сухан гуфтанд ва бархе мухолифони давлат ҳам аз эҳтимоли тағйири режим дар ин кишвар, сӯҳбат ба миён оварданд.Аммо Саймуддин Дӯстов-таҳлилгари мустақили сиёсиӣ дар Точикистон бар ин назар аст, ки дар робита ба таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Точикистон давлати Душанбе бо дар назардошти манофеи миллӣ ва ҳифзи тавозуни қувво дар минтақа тасмимгири кунад. Вай бо ишора ба сиёсати хасмонаи Тошканд алайҳи Душанбе ва ҳамоҳангии Русия бо Узбакистон дар ин замина ва ҳамчунин афзойиши таҳдидоти ин кишвари ҳамсоя алайҳи манофеи милли ва ҳатто тамомияти арзии Точикистон мӯътақид аст, ки давлати Душанбе дар ин замина бо Вашингтон низ ҳамкории лозим бояд дошта бошад. Ба гуфтаи вай ҳамкори бо Амрико метавонад зимни чилавгири аз хатари ҳамлаи ҳавоии Узбакистон ба обанбори Роғун, ҳамчунин заминаро барои вуруди Точикистон ба ВТО, раҳоии Точикистон аз бунбасти иртиботи, сармоягузории Бонки Ҷаҳони барои сохти неругоҳи азими Роғун, ширкати фаъоли Точикистон дар долони шимоли, бунёди роҳи Қулма-Ишкошим-Файзобод-Кобул ва ҳамчунин имкони манёври бештари Душанбе дар баробари Маскав дар мавзӯи чигунагии тамдиди идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Точикистонро фароҳам хоҳад кард

Рашид Ғанӣ Абдулло-коршиноси барчастаи Точикистон ва минтақаи Осиёи Маркази низ дар ин бора мӯтақид аст: бо таваччӯҳ ба ин ки Точикистон кишвари мустақил аст ва аҳдофе дар заминаи тавсиа дорад, аз нигоҳи назари метавонад бо Амрико ҳамкори кунад ва ҳеч монеъе барои чунин ҳамкори вучуд надорад. Вай афзӯд: лозим аст, ки Точикистон ҳамкорӣ бо Амрикоро бо назардошти тамоми ҳинчорҳо ва қонунҳои байналмиллали анчом диҳад. Ба гуфтаи вай чунин ҳамкорӣ дар заминаи таъмин ва ҳифзи субот дар Точикистон баъид аст ва таъсири мусбате ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.Ин коршинос ҳамчунин мӯътақид аст, ки Точикистон қабл аз он ки бо Амрико дар заминаи низоми иқдом ба ҳамкори кунад бояд дар назар бигирад, ки ин ҳамкори то чи мизон дар тақвияти суботи кишвараш муассир аст. Вай гуфтааст: Точикистон то кунун қодир ба ҳифзи таъодули манофеъ байни се ва ҳатто чаҳор қудрати Русия, Амрико, Чин ва Эрон буда ва тавонистааст суботи сиёси ва иқтисодии худро то ҳадди лозим ҳифз кунад

Хулоса, шароити феълиии фароҳам шуда барои Точикистонро бархе коршиносон як навъ фурсат ё худ шанси хуб барои давлати Душанбе медонанд ва гурӯҳе дигар таҳдиди ошкор. Оё Точикистон дар ин марҳалаи ҳассос метавонад бо ҳифзи ҳадди аксарии манофеи миллии худ ҳамзамон тавозуни қувво миёни Русия ва Амрико дар минтақаро ҳифз намояд, мавзӯест, ки ба зираки ва тавони тасмимгирии дурусти давлатмардони Душанбе бармегардад. Ба ҳар ҳол, вазъияти кунуни, кишварҳои минтақаро дар шароити сахте қарор додааст ва авзои ояндаи минтақа ба тасмимоти раҳбарони сиёсии он бастаги дорад. Дар як калом, имсол Осиёи Маркази тобистони гармеро пушти сар хоҳад кард.

 

Ташкили гуруҳҳои зудамал барои муқобила бо таҳдидот

 

Пас аз эъломи хуручи неруҳои Амрикои ва НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 замзамаҳое дар мавриди таҳдиди гуруҳҳои терористй ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказй афзойиш ёфтааст. Мақомоти амниятй ва низомии Русия мураттаб дар изҳороти хеш ба ин мавзуъ ишора мекунанд ва кишварҳои минтақаро аз паёмадҳои бархоста аз он ҳушдор медиҳанд. Дар ҳамин робита нишасти ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви чомеаи ҳамсуд бо ҳадафи чораандеши чиҳати муқобила бо таҳдидоти эҳтимолии бархоста аз хуручи неруҳои хоричи аз Афғонистон, бештар шудааст 

 Аз суи дигар Амрико низ бо баҳонаи хорич кардани неруҳои низомии хеш аз хоки Афғонистон қасди чо ба чоии бахше аз ин неруҳо дар бархе аз кишварҳои Осиёи Марказиро дорад. Нигоҳе ба сафарҳои пай дар пайи мақомоти низомй ва вазорати хоричаи Амрико ба ин минтақа гуёи ин воқеият аст, ки амрикоиҳо ба осонй хоҳиши тарки ин минтақаи стратегиро надоранд ва бо сенариясозиҳои мухталиф қасд доранд бахше аз неруҳои низомии худро дар хоки кишварҳои Осиёи Марказй мустақар кунанд. Дар ҳамин росто, давлати Амрико бо ҳадафи чалби ризояти давлати Душанбе тарҳи афзойиши кумакҳои низомй ба Точикистонро барои соли 2013 ба Конгресс ироа кардааст. Гуфта мешавад, тибқи тарҳи чадид мизони кумакҳои низомии пешбинишуда барои Точикистон барои соли ояндаи мелодй яку ним миллион доллар эълом шуда, ки ҳудудан ду баробари кумакҳои монанди Кохи Сафед дар соли чории 2012 аст. Дар ҳамин ҳол, як нашрияи русй дар тозатарин шумораи худ бо ишора ба кумакҳои доимй ва дар ҳоли афзойиши Амрико ба сохторҳои низомй-амниятии кишварҳои Осиёи Марказй навиштааст, ҳадафи аслии ин кумакҳо фароҳам кардани шароит барои истиқрори сиёсй-низомии Амрико дар минтақа дар сурати хуручи эҳтимолй аз Афғонистон аст. Нашрияи "Известия" чопи Маскав дар идомаи ин матлаб ҳачми умумии кумакҳои молии Вашингтон ба ниҳодҳои қудратии Қазоқистон, Узбакистон, Точикистон, Қирғизистон ва Туркманистонро болиғ бар 115 миллион доллар баровард кардааст. Ин нашрияи русй эътироф кардааст, ки Амрико бар хилофи иддаоҳҳояш аз режимҳои диктаторй дар кишварҳои Осиёи Марказй ҳимоят мекунад ва танҳо шарт барои идомаи ин кумакҳо ғайриисломи будани сохторҳои ҳукуматии кишварҳои Осиёи Марказй, зикр шудааст. Дар иртибот ба ҳамин мавзуъ буд, ки ахиран Русия бо тарҳи Амрико барои ҳамкорй бо ниҳодҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказй дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон, ба шиддат мухолифат кард.

  Бар асоси тарҳи пешниҳодии Вашингтон мебоист дар ҳар панч кишвари Осиёи Марказй воҳидҳои вижа барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ташкил шаванд, ки таҳти назорати Амрико ва бо сармоягузории молии ин кишвар фаъолият мекарданд, аммо Русия муътақид аст, Амрико ба ин баҳона ба иттилооти маҳрамонаи сохторҳои амниятии Узбакистон, Точикистон, Қазоқистон, Қирғизистон в Туркманистон, ки ҳампаймони Маскав дар Созмони Паймони Амнияти Дастачамъи мебошанд, дастраси пайдо мекунад, ки заминаи фишори Кохи Сафед ба ин давлатҳоро фароҳам месозад.

Барномае, ки мақомоти Кремлро ба шиддат нигарон карда ва Маскав низ бо ҳадафи чилавгирй аз нуфузи хазандаи Амрико, таҳаррукоти тозаеро дар минтақа оғоз кардааст. Яке аз гузинаҳои Маскав барои чилавгирй аз нуфузи Вашингтон дар Осиёи Марказй, тарҳи бозгашти дубораи неруҳои русй ба марзҳои муштараки Точикистону Афғонистон аст, ки бархе мақомоти русй бо баҳонаи афзойиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва нотавонии марзбонони точик дар ҳимоят аз марзҳои чанубй, ба таври ошкоро матраҳ мекарданд. Гарчанде ин тарҳ ба ин шакл ичро нашуд, аммо порлумонҳои Русия ва Точикистон ба чои он дар як муддати кутоҳ тарҳи чадид мувофиқатномаи ҳамкориҳои марзй байни ин ду кишварро дар пойни моҳи Феврал тасвиб карданд. Бар асоси ин тавофуқнома, ду тараф муборизоти муштараки худро бо тероризм, ифротгарой, муҳочирати ғайриқонунй, чиноятҳои созмонёфтаи чандмиллиятй, қочоқи силоҳ, маводи радиоактивй ва маводи мухаддир густариш медиҳанд ва муҳлати идомаи ҳузури мушовирони низомии рус дар умури марзй дар Точикистон низ барои 5-соли дигар тамдид шуд.

Дар иқдоме дигар, дар пайи шиддат гирифтани муносиботи Вашингтон-Маскав бар сари масоили Ховари Миёна ва дахолати Ғарб дар раванди интихоботи раёсати чумҳурии Русия, бархе маҳофили сиёсии рус хостори муқобила ба мисли Кремл дар баробари мавозеи хасмонаи Кохи Сафед шудаанд. Дар ҳамин иртибот, Александр Князев-корманди Фарҳангистони улуми Русия мегуяд: Маскав барои бастани масири транзити Шимол ба Афғонистон бо ҳадафи чилавгирй аз таъмини ниёзҳои низомиёни амрикой ва ғарбии мустақар дар ин кишвар талош мекунад. Александр Князев далели ин иқдоми эҳтимолии Русияро адами мавозеи мутавозини давлати Амрико дар баробари буҳрони Сурия, душмани бо барномаи ҳастаии Эрон, исрори Вашингтон бар истиқрори сипари дифои мушакии худ дар Урупо ва мудохилаи Кохи Сафед дар умури дохилии Русия бо ҳадафи чилавгирй аз пирузии Владимир Путин дар интихоботи раёсати чумҳурии ин кишвар унвон кардааст. Князов таъкид кардааст, ки дар сурати амали шудани ин тарҳ роҳи заминии транзити Шимол аз қаламрави Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Точикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон барои ирсоли мавод ва тачҳизоти мавриди ниёзи низомиёни амрикой ва НАТО мустақар дар ин кишвар баста хоҳад шуд. Ичрои тарҳи мазкур метавонад ҳазинаҳои сангини молиро бар души кишварҳое, ки дар Афғонистон неру доранд, таҳмил кунад. Раванде, ки аз ҳамакнун кишварҳои ғарбй дар пайи норизоятии Покистон ва маҳдуд кардани роҳи транзити тачҳизот ва икмолоти неруҳои амрикой ва НАТО аз тариқи қаламрави хеш, дар фикри чораандешй барои хуручи неруҳои низомии хеш аз масирҳои камҳазина ва амнтар бахусус масири Осиёи Марказй афтодаанд.

  Бо ин васф, метавон чунин натича гирифт, ки нишасти ниҳодҳои марзбонии кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия дар Душанбе, иқдоми дигари Маскав дар баробари таҳаррукоти Амрико дар минтақа ва ҳамчунин посух додан ба дағдағаҳои амниятии кишварҳои Осиёи Миёна дар баробари таҳдидоти эҳтимолии гурруҳои терористй ва қочоқчиёни маводи мухаддир аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои ин минтақа, мебошад. Ба вижа, тасмими мақомоти марзбонии кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия дар нишасти Душанберо чиҳати таъсиси гуруҳҳои зудамал ва муборизаи муштарак алайҳи таҳдидоти эҳтимолй, дар ҳамин росто метавон арзёбй кард. Ин гурруҳои зудамал аз ҳоло барои муқобила бо гуруҳҳои созмонёфтаи байналмиллалй дар хоки Афғонистон ва ичрои амалиётҳои изтирорй дар қаламрави кишварҳои минтақа, омода мешаванд. Владимир Проничев-раиси хадамоти марзбонии федероли Русия дар поёни нишасти Душанбе таъкид кардааст, ки Маскав ба чуз аз кумакҳои мушоварай ҳамчунин кумакҳои фанниро низ дар ихтиёри марзбонони точик қарор хоҳад дод ва аз омодагии кишварҳои минтақа барои муқобила бо ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолй ба қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна хабар додааст.

Гуфтанист, нишасти мақомоти марзбонии кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия рузҳои 28-29 феврал дар шаҳри Душанбе-маркази Точикистон баргузор шуд.

 

 

 

Ислом омили субот дар кишварҳои Осиёи Марказй

 

    Конфронси байналмиллалии "Рушди исломгарой дар Осиёи Марказй: тамоюлот, мушкилот ва роҳҳои ҳали онҳо" рузи сешанбе 21 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

    Умед Бобохонов мудири хабаргузории "Азия-плюс" ҳадаф аз баргузории ин нишасти байналмиллалиро баҳсу табодули назар дар бораи рушди исломгарой дар минтақа ва Точикистон ва таъомули дину давлат дар низоми сиёсии секулор (дунявй) унвон карда буд. Мавзуи ин конфронс коршиносони ширкаткунанда дар онро дар ду қутби мухолиф қарор дод. Дар воқеъ, баҳс дар ин конфронс аз масири аслй хорич шуда ба тақобули дидгоҳҳои мутафовит дар бораи ислом табдил шуд.

 Баҳси нақши ислом дар кишварҳои Осиёи Марказй коршиносонро дар ду қутби мухолиф қарор дод. Волф Лоппинз –ҳамоҳангсози минтақаии бунёди Эберти Олмон дар конфронси байналмиллалии "Рушди исломгарой дар Осиёи Марказй, тамоюлоту мушкилот ва роҳҳои ҳали онҳо" дар шаҳри Душанбе бо нигаронй иброз кардааст, ки ислом сиёсй дар соли 2001 дар минтақаи Осиёи Марказй буруз карда ва дар ҳоли густариш аст. Оқои Лоппинз ҳушдор додааст, ки дар пайи хуручи неруҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 бар асари таъсири Эрон, Покистон, Афғонистон ва Туркия исломи сиёсй дар минтақаи Осиёи Марказй густариш ёфта ва низомҳои секулори ин минтақаро таҳдид хоҳад кард.

     Удо Штейнбах-коршиноси умури мазҳабй дар Олмон низ дар ин конфронс гуфтааст, ки ба дунболи фурупошии Шуравй ва аз байн рафтани идеологияи коммунистй, холигоҳи идиологии эчодшударо идеологияи исломй пур кардааст. Оқои Штейнбах бо тааччуб таъкид кардааст, ки бо он ки низоми кишварҳои Осиёи Марказй секулор аст, аммо падидаи исломхоҳй дар ин чомеаҳо ба шиддат дар ҳоли густариш аст.

     Дар ҳамин ҳол, бар хилофи илқои расонаҳо ва коршиносони ғарбй аз нақши харобиовари исломи сиёсй ва рушди исломгарой дар чомеаҳои мусалмоннишини Осиёи Марказй, коршиносони ҳозир дар ин конфронс бозгашт ба арзишҳои исломй дар кишварҳои мусалмоннишини ин минтақаро як падидаи табии арзёбй кардаанд.

     Суҳроб Шарифов-узви порлумони Точикистон зимни суханронй дар ин конфронс дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст: "Гаройиши мардум ба ислом дар минтақа як амри табии аст ва набояд аз ин раванд ба унвони ифрот ё тундгарой ёд кард."

     Абдуллоҳи Раҳнамо-коршиноси маркази стратегии Точикистон низ дар посух ба иддаоҳои коршиносони ғарбй гуфтааст, ки "Дар кишваре, ки 99 дар сади он мусалмон ҳастанд, матраҳ кардани хатари "Омили исломй" бепояву асос аст." Оқои Раҳнамо дар кул корбурди истилоҳи "Омили исломй" барои кишварҳои мусалмони Осиёи Марказиро иштибоҳ хонда ва таъкид кардааст, ки баръакси он чи дар маҳофили сиёсии ғарб матраҳ мешавад, бозгашти ва эҳёи арзишҳои исломй дар минтақа як раванди мусбат ва омили субот дар чомеаи мусалмоннишини минтақа аст.

       Абдуллоҳи Раҳнамо ҳамчунин бо интиқод аз расонаҳо ва маҳофили сиёсии Ғарб аз корбурди нодурусти мафоҳиме монанди "Исломи сиёсй", "Исломгарой", "Бунёдгароии исломй", "Терористони исломй", "Гурруҳои чиҳодй" ва ғайра дар нисбати чомеаҳои исломй, дидгоҳ ва методологияи Ғарб дар бораи исломро куҳнашуда хонда ва хостори тачдиди назар дар нигариши ғарбиҳо дар бораи ислом шудааст.

     Коршиносони точик дар идома бархе маҳдудиятҳои эъмолшуда алайҳи мусалмонон дар Фаронсаро ёдовар шуда бо ишора ба тарҳи тасвиби қатли оми Аромана дар порлумони он кишвар гуфтаанд, ки бар асоси ин санад ҳар касе дар Фаронса қатли оми арманиҳоро инкор кунад, маҳкум ба зиндон хоҳад шуд.

   Дар ҳамин иртибот, Рашид Абдулло- коршиноси сиёсии точик низ ба қатли оми беш аз як миллион ғайринизомиён дар қарни гузашта дар Алчазоир тавассути неруҳои фаронсавй ишора кардааст, ки чаро Ғарб ин ҳодисаро ба унвони қатли ом эътироф намекунад ?

    Муҳиддин Кабирй-Раиси ҳизби Наҳзати Исломии Точикистон низ бо ишора ба ин ки ояндаи Осиёи Марказй бо ислом гираҳ хурда, гуфтааст: Ислом дар оянда беш аз пеш руи таҳаввулот дар Осиёи Марказй таъсир хоҳад гузошт.

    Раиси ҳизби Наҳзати Исломй ҳамчунин бо ишора ба тачрибаи муваффақи сулҳ дар ин кишвар, бар зарурати идомаи муколамаи давлат ва неруҳои исломй барои ҳали масоил ва мушкилоти чадид таъкид кардааст.

     Дар ин конфронс коршиноси масоили сиёсии Точикистон, набуди таъомул миёни давлат ва исломгароёнро дар ин кишвар мушкилсоз унвон карданд.

    Коршиносони ҳозир дар ин конфронси байналмиллалй, омили густариши ифрот дар минтақаро ноогоҳии насли чавон аз таълимоти инсонсози ислом арзёби кардаанд, ки дар натичаи манъи омузиши ислом дар мадорис тавассути давлатҳои Осиёи Марказй дар ин минтақа шакл мегирад.

    Қобили зикр аст, ки давлатҳои ҳоким дар минтақаи Осиёи Марказй тайи 20-соли гузашта таҳти таъсири илқооти маҳофили сиёсй ва расонаии Ғарб, сарфи назар аз ниёзҳои воқеии чомеа, сиёсати ситез бо исломро дар садри барномаҳои хеш қарор дода, маҳдудиятҳоеро барои мусалмонони минтақа эъмол кардаанд. Дар ин замина метавон ба мавориде монанди: манъи пахши садои Азон аз тариқи баландгу дар масочид, манъи ҳичоб, чилавгирй аз вуруди навчавонони зери 18-сол ба масочид, мамнуияти иқомаи намоз дар идороти давлатй, маҳдудияти омузиши Қуръон ва улуми исломй ва таъйини ҳади нисоб барои фаъолияти масочиди чомеъ ва панчвақта дар ин кишварҳо ишора кард.

     Тақобули андешаҳои коршиносони ғарбй бо андешамандони минтақа дар мавзуи рушди ислом, ки дар конфронси байналмиллалй дар шаҳри Душанбе буруз кард, баёнгари ин нукта аст, ки ғарбиҳо тибқи як барномаи ҳадафманд ва бо ваъдаи кумакҳои молй ва ҳимояти сиёсй аз давлатмардони минтақа, талош мекунанд, ки дар мачмуъ дини исломро ба унвони омили таҳдид барои кишварҳои мусалмони Осиёи Марказй муаррифй кунанд, ки бо мухолифати шадид коршиносони точик ру ба ру шуданд.

     Ёдовар мешавем, ки конфронси байналмиллалии "Рушди исломгарой дар Осиёи Марказй: Тамоюлот, мушкилот ва роҳҳои ҳали онҳо" бо ибтикори хабаргузории "Азия-плюс", сойти "Исломнюз" ва ҳимояти бунёди Фридрих Эберти Олмон, бо ҳузури исломшиносон, кормандони кумитаи давлатии умури дин, намояндагони марказҳо ва созмонҳои исломй ва сафоратхонаҳои кишварҳои хоричй ва дафтарҳои намояндагии созмонҳои байналмиллалии муқими Душанбе, ахиран дар пойтахти Точикистон, баргузор шуд.

Нигаронии ҲНИТ аз авзои сиёсии кишвар

 

Дар пайи интишори як санади маҳрамона аз чаласаи Хукумати Точикистон, хизби Наҳзати Исломй бо ҳадафи баррасии авзои сиёсии ин кишвар рузи 8-уми Март чаласаи изтирории раёсати олии ин хизбро баргузор кард. Ёдовар мешавем, рузи 2-уми Март нашрияи "Полярная звезда"- и Русия матлаберо таҳти унвони "Точикистон дар остонаи инқилоб" ба чоп расонд, ки дар он гуфта мешуд, ки Эмомалй Раҳмон-Раиси Ҷумҳури Точикистон ба сохторҳои қудратии ин кишвар дастур додааст то фаъолияти хизби Наҳзати Исломй ва афроди ширкаткунанда дар гирдиҳамоиҳои соли 1992-ро таҳти назорати шадид қарор диҳанд. Ин рузнома дар поёни ин матолиб ҳамчунин чузъиёти санади маҳрамонаи чаласаи Хукумати Точикистон дар бораи контроли масчидҳо ва кам кардани теъдоди онҳо, равишҳои фишору таъқиби аъзои хизби Наҳзати Исломй ва дигар неруҳои мухолифи давлати Душанберо низ фош кардааст. Чопи мақолаи мазкур бо пайнавишти чаласаи маҳрамонаи Хукумати Точикистон, ки гуиё дар моҳи ноябри соли 2010 бо раёсати Эмомалии Раҳмон баргузор шудааст, авзои сиёсии ин кишварро мултаҳиб кард. Мавзуи ин санади маҳрамона мавриди баҳсу баррасии густурдаи корбарони точик дар шабакаи ичтимоии Фейсбук қарор гирифт. Дар пайи интишори ин матлаб дар нашрия ва таксири он дар дар дигар сойтҳои интернетй, давлати Душанбе бо ҳадафи чилавгирй аз пахши густурдаи ин матлаб дар дохили кишвар, бархе сомонаҳо дар Точикистонро дар таърихи 3-уми Март масдуд кард

Дар ҳамин ҳол, Сергей Строкин-таҳлилгари машҳури рузномаи русии "Коммерсант", ки номи у ба унвони муаллифи ин мақола зикр шудааст, зимни мурочиа ба сафорати Точикистон дар Маскав, эълом кардааст, ки мақолаи "Точикистон дар остонаи инқилоб", ки дар рузномаи "Полярная звезда" мунташир шуда буд, ба эшон тааллуқ надорад. Ба гуфтаи оқои Строкин гуруҳҳо ва ё афроде бо нақзи ошкори қавонин ва одоби хабарнигорй, аз шуҳрати вай дар нашри ин матлаби чанчолй, суистифода кардаанд.Аммо он чи мучиби нигаронии аҳзоби сиёсй, бахусус ҳизби Наҳзати Исломй ва чомеаи мадании Точикистон шудааст, на исми ин таҳлилгари матраҳи рус, балки муҳтавои санади маҳрамонае буд, ки дар рузномаи "Полярная звезда" чоп шудааст. Баргузории чаласаи изтирории ҳизби Наҳзати исломии Точикистон ба дунболи чопи ин санад дар расонаҳои Русия, баёнгари вучуди афзойиши мавориди фишор ва таъқиби аъзои ҳизби Наҳзати исломй, дорад. Ҳамчунин чопи чандин матлаби интиқодй бо номҳои ғайривоқей дар рузномаҳои давлатй тайи як соли гузашта алайҳи аъзои ҳизби Наҳзати исломй ва бахусус Муҳиддин Кабирй- раҳбари ин ҳизб, тақвияткунандаи мавзуи боло мебошад

Аз ин ру, ҳизби Наҳзати Исломии Точикистон дар чаласаи изтирории хеш зимни баррасии авзои сиёсии кишвар бо судури баёнияе аз хатароти таҳдидкунандаи сулҳу ваҳдати миллй, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, фаъолияти аҳзоби сиёсй ва ниҳодҳои чомеаи маданй дар Точикистон, изҳори нигаронии амиқ кардааст.Дар ин баёния тасмимоти иштибоҳи давлати Душанбе ба унвони омили аслии таҳдидкунандаи ваҳдати миллй дар ин кишвар муаррифй шудааст. Дар ин баёния бо ишора ба талоши бархе ниҳодҳои давлатй дар эчоди руҳияи бадбинй ва душмантарошй байни қишрҳои мухталифи чомеа, ин гуна таҳаррукот ҳамчун амали хилофи Қонуни асосй, Созишномаи Сулҳ ва санади тафоҳуми миллй арзёбй шуда, ки мучиби тазъифи пояҳои давлатдории миллй ва аз байн рафтани эътимоди нируҳои сиёсй дар чомеа хоҳад шуд.Раёсати олии ҳизби Наҳзати Исломй дар баёнияи хеш аз мақомоати Точикистон дархост кардааст, ки дар ин марҳалаи ҳассос, ба масъулияти худ дар баробари миллат ва Созишномаи Сулҳу ва ризоияти миллй дар кишвар амал намуда, чиҳати рафъи қонуншиканиҳо, таъқибу фишор ва дигар амалҳои иғвобарангез алайҳи ҳизби Наҳзати Исломй ва чомеаи мадании кишвар, тадобири лозим бияндешад. Дар ин баёния омадааст, ки агар давлат муддай аст, ки дар мавриди таъқибу фишори аъзои ҳизби Наҳзати Исломии Точикистон санади хосе ба тасвиб нарасидааст, бояд ин иддаоро дар амал собит кунад вагарна воқеияти амр чизи дигар аст. Ҳизби Наҳзати Исломй мегуяд, ки тайи солҳои гузашта ин ҳизб барои хорич шудани кишвар аз вазъияи буҳронй борҳо ба давлати ин кишвар пешниҳоди оғози ислоҳоти решай дар сохтори ҳукуматро матраҳ кардааст, аммо дар муқобил давлат сиёсати фишор ва таъқибиро дар баробари аҳзоб ва чомеаи маданй шиддат додааст

Дар поёни баёния раёсати олии ҳизби Наҳзати исломии Точикистон аз раҳбарият, ниҳодҳо ва масъулони ҳизб дар манотиқи мухталифи кишвар тақозо шудааст, ки тамоми тадобири лозим дар чаҳорчуби қонунгузории кишвар барои дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои аъзои ҳизб ва тарафдорони ҳизб, бар асоси ормонҳои сулҳу ваҳдати миллй, андешида шавад.Ҳикматулло Сайфуллозода- Раиси маркази таҳлилии ҳизби Наҳзати Исломй ва сардабири нашрияи "Начот" дар ин бора мегуяд: Фишору таъқиби аъзои ҳизби Наҳзати исломй, сабти дақиқи асомии раҳбарони он ҳамроҳи макони зисташон, бо ҳар роҳу васила хорич кардани аъзои ҳизб аз суфуфи он ва нашри матолиби туҳматангез ва иғвогарона алайҳи ин ҳизб ва мақомоти он дар расонаҳои давлатй, намунаи иқдомотест, ки ахиран мақомоти давлатй тибқи барномаҳои тарҳрезишуда, ҳадафмандона пеш гирифтаанд.Ёдовар мешавем, ки Муҳиддин Кабирй-Раиси ҳизби Наҳзати Исломии Точикистон ҳануз дар аввалҳои моҳи декабр бо судури паёме ба аъзо ва чонибдорони ин ҳизб ба таври куллй, аз тарҳи тавтиаи бархе доираҳои дохиливу хоричй барои эчоди фитна ва тафриқаву хусумат дар чомеаи точик ва дар сафҳои ҳизби Наҳзати исломй, ҳушдор дода буд. Кабирй дар паёми хеш бо таъкид бар идомаи роҳи эътидол аз суи ҳизби Наҳзати исломй, аъзои ин ҳизбро аз тавтиаи ифротгароёни дунявй ва мутаассибони динй алайҳи фаъолиятҳои ҳизби Наҳзати Исломй, огоҳ карда буд

Бархе коршиносони точик мегуянд бо таваччуҳ ба фаъолияти чашмгири ҳизби Наҳзати Исломй дар маросими интихоботи порлумонии Точикистон дар Феврали 2010 ва афзойиши фаъолиятҳои таблиғотии ин ҳизб дар шабакаҳои интернетй ва дар остонаи интихоботи пешоруи раёсати чумҳурии Точикистон дар соли 2013, давлати Душанбе аз ҳоло иқдомотеро барои маҳор кардани фаъолиятҳои ин ҳизб ва тахриби чеҳраи мақомоти он ба хотири коҳиши маҳбубияти онон дар миёни чомеа, руи даст гирифтааст.Ба гуфтаи таҳлилгарони масоили сиёсии точик, ба коргирии ин гуна шеваҳо дар бархурд бо гуруҳҳои дигарандеш, мухолифи бандҳои Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллй дар Точикистон буда, сулҳу амният ва прусаи ваҳдати миллй дар ин кишварро, ки бар асоси созишномаи мазкур дар соли 1997 бо миёнчигарии кишварҳои ҳамсоя ва Русия ба даст омада буд ва аз тачрибиёти арзишманди сулҳи Точикистон ба шумор меравад, зери хатар қарор хоҳад дод