Сарманшаи ихтилофоти мазхаби чахолату нодони аст
Бахсу
чидолхои дини ва ихтилофоти мазхаби имруза дар сархати шабакахои ичтимои ва
махфилхои хусуси миёни мардуми кишвари мо карор дорад. Бо шунидану хондани ин
бахсхои тунду гайри ахлоки ва гоххо тавхиномез гумон мекуни, ки дар чомаи мо
дигар мушкиле боки намонда, ки акнун афроди миллат бо тамоми кувват икдом ба
халли масоили мовароуттабии задаанд. Ин бахсхо хамзамон дар ду чабха дар
чараёни аст.
1. Бахс байни пайравони динхои гуногун
2. Бахси мазхаби миёни пайравони дини ислом
Чолиб аст, ки аксари афроде ки дар чунин бахсхо «косаи догтар аз ош» мешаванд на рухони хастанд ва на таълимоти систематики дини дидаанд. Хар ки бо хамон иттилооти чузъи ва ками худ мехохад дигариро ба бедини ё бадмазхаби гунахгор кунад. Рости, оё боре фикр кардаед, ки сабаби гаройиши насли чавони мо ба ин гуна бахсхо, ки шояд дар салохияти онхо набошад, дар чист?
Ин гаройиш оё маншаи дохили ва ниёзи табииву рухонии онхо аст, ё касе ё гурухе онхоро барои гарм кардани бозори худ ташвику хидоят мекунад?
Посухи мо ба саволи аввал ин аст, ки табиатан хар инсоне сарфи назар аз пайравии худ ба ину он дин аз назари маънави ва рухони барои расидан ба оромиши калби омузахои дини ниёзманд аст. Дар ин мархала дастрас будани адабиёт ва муаллим барои таъмини ниёзхои рухонии чомеа бисёр муфиду бо ахамаият аст, зеро аз ин рох мо бовар мекунем, ки чавонони мо ба сарчашмахои боэътимод дастраси пайдо мекунанд ва аз инхирофи фикрии онхо ба дигар гуруху чараёнхо чилавгири мешавад. Дар сурати набудани чунин имконот эхтимоли нуфузи гуруххо ва чараёнхои бегона дар зехни холи чавонони бештар мешавад ва онхо ба рохати метавонанд бо пур кардани ин холигох насли чавони моро ба хар самте, ки худ дуст доранд, хидоят кунанд. Дар ин миён, махфилхои ба истилох динии бегона бо хадафи омузиши дини афкори хоси худро дар зехни чавонони мо чо мекунанд ва инхо низ нохудогох дар чомаи мо ба мубаллигони андешахои бегона дар колаби дин табдил мешаванд. Ин вазъият метавонанд ба якпорчагии мили мо зарба занад ва дар оянда амнияти ичтимои ва сипас амнияти сиёсии як кишварро зери хатар бигзорад. Намунаи ошкори ин тачриба зухури толибони Афгонистон дар Покистон аст. Гурухи Толибон бо хадафи хосе ба воситаи хадамоти амниятии Покистон дар мадрасахои динии ин кишвар шакл гирифт ва тули беш аз дах сол аст, ки хадамоти амниятии Покистон аз тарики гурухи Толибон манофеи сиёси ва амниятии худро дар дохили Афгонистон химоят мекунад.
Бисёре аз кишвархо бо хадафи нуфуз дар кишвархои дигар махз аз хамин дарича ворид мешаванд ва тахти пушиши омузиши дини ё башардустона ва бо химоятхои моливу иктисоди мардуми ниёзмандро ба самти худ чалб мекунанд ва дар як фурсати муносиб аз хамин гуррухо барои пиёда кардани хадафхои сиёсии худ истифода мекунанд. Намунаи он, химоятхои саховатмандонаи бархе кишвархои араби бахусус Арабистони Сауди аз мусалмонони Шуравии собик тахти пушиши дин ва ба дунболи он таблиги андешахои салафигари дар миёни чавонони Осиёи Миёна ва Кафкоз, ки бо омузахои мазхаби Ханафии мо комилан дар таззод аст.Натичааш низ хамин шуд, ки Бандар бинни Султон-раиси дастгохи амниятии Арабистон Русияро тахдид мекунад, ки дар сурати даст накашидан аз химоятхои худ аз Сурияву Эрон Риёз ба воситаи салафихои пайрави худ дар Осиёи Миёнаву Кафкоз авзои Русияро ноором хохад кард! Ин аст натичаи кумакхои динии кишвархои бегона ба ба мардуми ниёзманди мамлакати дигар.
Дар холе ки ихтилофоти мазхаби ба сурати хашин ва имрузии он харгиз дар чомаи Осиёи Миёна реша надошт ва бузургони ин мазхаб худуди 1000 сол пеш ин мушкилро бо хикмату дирояти хеш хал карда буданд. Хазрати Мавлоно аз бузургтарин мутаффакирону орифони мо аст, ки 800 сол пеш на танхо мавзуи ихтилофоти мазхаби балки ихтилофи байни динхоро низ халу фасл карда буд. Ба назари хазрати Мавлоно хакикат якест ва чун ба хакикати вохид аз дидгохи гуногун нигариста шавад, садрангу гуногун менамояд. Мавлави гавхари динхоро вохид шумурда ва хамаи онхоро мунтахи ба хаку хакикат донистааст. Ба акидаи вай душманихои мазхаби ва таассубхои вайронгаре, ки ба номи дин барангехта мешаванд тамоман аз осори чахлу гафлат аст:
Аз назаргох аст, эй асли вучуд,
Ихтилофи кофару габру чухуд.
Бинобарин, хазрати Мавлоно мегуяд холо ки дидгоххои гуногун боиси ба вучуд омадани таъбиру фахми мухталиф аз хакикат мешавад, пас ин дидгоххо ва бардоштхо холи аз хато нест. Хар тафсире аз хакикат бо нуксу камол ва хаку ботил омехта мешавад, аз ин ру, хакикат дар инхисори хеч кас ва ё гурухе нест!
Ин хакикат дон, на хаканд ин хама
Не ба кули гумрахонанд ин хама.
З-он ки бе хак ботиле н-ояд падид.
Калбро аблах ба буи зар харид.
То набошад рост кай бошад дуруг?
Он дуруг аз рост мегирад фуруг.
Пас магу чумла хиёласту зилол,
Бе хакикат нест дар олам хиёл…
Профессор Эрмгард Пин дар ин замина мегуяд:» Аз назари Мавлоно шинохту маърифати Худо осонтарин рох ва аслитарин мехвари вахдати башари аст, зеро агар таваччух зохир шавад аксари ихтилофоти кавмиву мазхаби ангезаи сиёсиву ичтимои доранд, ки ба хотири хифзи манфиатхои дуняви ва нафсони аз суи сохибони зару зур ва дунёталабон дар чомахои башари барангехта мешавад, аммо Мавлоно мегуяд:
Маснавии мо дукони вахдат аст,
Гайри вохид он чи бини он бут аст.
Ба хамин тартиб, Мавлоно башариятро барои рахои аз бухрони шадиди маънави, равони ва эътикоди ба ишку мухаббат варзидан тавсия мекунад, зеро танхо чизе ки инсонро дар сайри такомулии он таквият мебахшад ва боис мешавад то бар инсон сифатхои разила голиб нагарданд, мухаббат аст. Бар асари мухаббат варзидан кина, бухл, хасад,кибр, адоват ва дигар хислатхои разила аз вучуди инсон рафта-рафта берун мешаванд ва одам аз рохи худшиноси ба инсони комил табдил мегардад. Ба кавли шайх Саъди:
Дар олами коинот кардем нигох,
Як дона мухаббат аст боки хама кох!
Бо вучуди ин хама тачриба ва собикаи дурахшони бузургони мо дар халли мушкил ва масъалаи ихтилофи диниву мазхаби, чаро имруз тафаккуроти хашин ва бадбинона зехни чавонони моро пур кардааст? Шояд мардуми мо имруз ба ин сарчашмахои гании маърифат дастраси надоранд ва яксара тахти таблиготи маънодор ва бепояи шабакахои ичтимои карор гирифтаанд. Агар касе бо андешахои хазрати Мавлоно дар ин хусус ошнои дошта бошад харгиз тахти таъсири андешахои радикалии гуруххои манфиатталаб карор намегирад. Вакти ганимати худро сарфи бехсхои бебунёду бенатича намекунад балки бо хаёли орому осуда машгули фаъолиятхои судманд барои чома хохад шуд.
Ба унвони натичагири аз мавзуи ихтилофи диниву мазхаби дар поён суханони хазрати Мавлоноро дар мавриди зарурати гуногунии динхо ва мазохиб аз китоби»Фиёхи мо фиёхи» мисол мезанем, ки бехтарин хусни хитом барои ин мавзуи доги чахони аст: « Гуфтам охир ин дин кай яке будааст?
Хамвора дуву се будааст ва чангу китол баркарор миёни онхо.
Шумо динро чун як хохед кард?
Як он чо шавад дар киёмат аммо ин чо дунёст, мумкин нест зеро ин чо хар якеро муроде ва хавоест мухталиф. Яке ин чо мумкин нагардад магар дар киёмат, ки хама як шаванд ва ба як чо назар кунанд як гушу якзабон шаванд.»
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.