Рушанфикрони ғарбгаро
Музаффар Икбол
Чакидаи макола;Тарохии чанги Ғарб алайхи Ислом бо хадафи чилавгири аз таъсиси давлатхои мустакили мусалмонишин дар минтакае аст,ки Ғарб хохони бар сари кор омадани давлатхои тарафдори худ дaр он чост. Музаффар Икбол ин мавзуро аз чанбаи фикрии он мавриди барраси карор медихад то нишон дихад,ки чигуна ин амр дар чахони ислом амали мешавад.Ӯ муътакид аст,ки Ғарб тахочуми худро барои аз миён бурдани низомхои ичтимои ва сиёсии исломи бар нерухои даруни чахони ислом мутамаркиз сохтааст.Сарбозони Ғарб дар ин чанг рушанфикрон ва мутафаккирони ба зохир мусалмон хастанд,ки бо химояти хукуматхои дастнишондаи Ғарб дар чахони ислом мекушанд то фарханг,шеваи зиндаги ва арзишхои ғарбиро чойгузини навъи суннати,буми ва исломии он
кунанд.
Гуфтанист, Музаффар Икбол мутафаккири мусалмони покистонии мукими Канада буда аз бунёнгузорони марказ ва сайти "Муслим-медиа" мебошад
Яке аз нишонахои кобили таваччухи чахони ислом дар вазъияти кунуни адами вучуди давлатхое аст,ки бар усули хукумати исломи мубтани бошанд ба чуз як истисно,ки он хам Чумхурии Исломии Эрон аст. Чахони ислом тавассути хукуматхое идора мешаванд,ки ба чои такя ба Худое, ки хокиму муктадири вокеи аст ба Амрико ва ё дигар кудратхо вобастаанд.Дар аксар кариб ба иттифоки ин хукуматхо рахбарон ва хокимон ба воситаи кудратхои Ғарби ва аз тарики амалиётхои пинхон ,интихоботи дасткоришуда ва ё табаддулоти низоми бар сари кор омадаанд.Ин хокимон сирфан манофеи касонеро,ки ишонро ба кудрат расондаанд,таъмин мекунанд,аммо онхо танхо нестанд;чун дар фазои сиёси, фарханги ва ичтимоие кор мекунанд, ки мардон ва занони вобаста ва вафодор ба онхо ва ба арбобонашон дар Лондону Париж ва Вашингтон аз онхо химоят мекунанд.Ин вафодори аз тарики манобеи хукумати , ки сарфи ин афрод мешавад ва доллархои амрикои, ки ба чайби ин занон ва мардон меравад,ичод мешавад ва бахше аз даруни кишвархои исломиро мутобики майли Ғарб месозад ки аз он ба фазои рушанфикрии Ғарб дар чахони ислом таъбир мешавад. Дар канори ин рахбарони сиёси, ин занон ва мардон низ талош мекунанд то хадафхои мавриди назари Ғарбро ,ки дар дастуруламали Ғарб барои чахони ислом карор гирифтааст, амали созанд.
Иллати ташкили ин шабакаи густурда ва вафодорон ба Ғарб сода аст: Ин марказхои кучаки кудрат,шаклдихандаи бахше аз барномае хастанд,ки мутобики он карор аст зиндагии сиёси,иктисоди ва фархангии чахони ислом аз дарун дигаргун шавад.Ин дигаргуни чизе аст,ки Ғарб барои аз миён бурдани чомеахои исломи ба он ниёз дорад.Хадафи нихои пушти сари тамоми талошхои Ғарб барои фишор ба чахони ислом низ хамин амр аст.Агар чунин хадафе ба таври комил амали шавад,дар он сурат чахон хакикатан як кутби хохад шуд ва султаи чахонии тамаддуни ғарби тахаккук хохад ёфт..
Касоне,ки мантики ин тахаввулро дарк кардаанд медонанд,ки афроде чун Парвиз Мушарраф ва Хомид Карзай барои ичрои чунин хадафе барои арбобони худ нотавон хастанд.Чунин тахаввуле ба воситаи абзорхои кавитар ва комилан мутафовит ва аз тарики занон ва мардоне кобили ичро аст,ки аъмолашон ағлаб ношинохта мемонад ва номи онхо камтар дар ахбор зикр мешавад.Вазифаи Мушарраф ва Карзай ва амсоли онон дар чунин тархе инаст,ки манобеи давлати ва маводи мавриди ниёз ва фазои сиёсии лозимро барои фаъолиятхои ин занон ва мардон фарохам оваранд ва аз онхо химоят кунанд.Ин занон ва мардон чи касоне хастанд? Чаро мехоханд чахони исломро аз дарун тағйир диханд? Равиши онхо чист? Агар онхо муваффак шаванд натичаи нихои чи хохад буд? Ин суолхо ва суолхое аз ин даст на танхо барои баррасии вазъияти фочеаомези феълии чахони ислом лозим хастанд,балки мухимтарин ва заруритарин суолоти замони мо низ мебошанд.
Пеш аз он ки ба баррасии ин суолот бипардозем ичоза дихед се чанбаи мухими вобаста ба ин суолотро зикр намоям.Аваллин чанба ба арсаи чуғрофиёии тахаввуле,ки мавриди ниёзи Ғарб аст бармегардад.Ин факат чахони ислом нест,ки Ғарб хохони тағйири он аст. Ғарб мехохад ,ки хамаи башарият аз намунахои фарханги, иктисоди, ичтимои ва сиёсии он табаият кунад,чаро ки бар мабнои арзёбии хеш худро дар пешрафтатарин мавкеияти тавсиаи башар медонад. Ин тасавури мутакаббирона ва худмехвар аст,ки боиси тахочуми Ғарб ба аксо нукоти чахон дар тули се карни гузашта шудааст. Бардошти пуштибонони икдомоти истеъмории Ғарб низ чунин тасаввуре будааст.Бомбаборонхое,ки Франсия дар ноябри соли 1946 дар шахри бандарии Хойфунг анчом дод ва беш аз 6 хазор нафар бегунохи ғайринизомиро куштор намуд бо хадафи содир кардани озоди, демократия ва хукуки башари мавриди назари Ғарб буд.Ин бомбаборон оғозгари чанге густурда буд,ки беш аз як миллион аз мардуми Хинду Чинро дар тули 8-сол аз миён бурд.Ин наслкушии густурда бо химояти низомии Амрико сурат гирифт, ки ин кори худро химоят аз чахони озод ва таквияти демократия номида буд.
Дуввумин нуктаи мухим, дар мавриди хамоханги ва хамгунии манофе ва барномахои кишвархои мухталифи ғарби аст.
Мизони ин хамохангиро метавон аз ин мисол фахмид,ки агар кумакхои Амрико дар соли 1954 ба Франсия ва вуруди неру ба кишвари Ветнам набуд,Франсия ва чиноятхои ин кишвар дар Ветнам дар ин сол мутавакиф мешуд,чаро ки ветнамихо тахти рахбарии Ху Ши Мино(1890-1969) шикасти сахте бар нерухои фаронсави ворид карда буданд.Дар хакикат касе наметавонад миёни фаъолиятхои нодурусти кишвархои Англия,Франсия,Амрико ва дигар истеъморгарон тафовути чандоне коил шавад;чаро ки хама онхо аз як реша ва обишхур нашъат мегиранд.Ба унвони мисол,наслкушии мазкур аз хинду чинихоро бояд 60% махсули кумакхои молии Амрико донист; ё хамлаи сахту саркубе,ки голандихо алайхи киёми мардуми соли 1945 дар Индонезя анчом доданд ва ба катли оми беш аз 150 хазор нафар анчомид,ин куштор тахти химояти Амрико буд ва кумакхои молии фаровоне ба ин чиноят кард ва низ пуштибонии тачхизот ва химояти новгони дарёии Англия барои чо ба чоихои лозим бахра мебурд.Хангоме,ки голандихо дар соли 1949 шикаст хурданд,тачовузоти истеъморгаронаи Голандия боис шуда буд,ки ин сарзамини ғани ва сарватманд ба кишваре вобаста табдил шавад;хол он ки дар тули солхои байни ду чанги чахони аз соли1914 то сoли 1945 Индонезия таъминкунандаи 10 ило15% тавлиди нохолиси дохилии Голандия махсуб мешуд
Саввумин нуктаи мухим,хамохангии манофеи иктисодии ширкатхои бузурги фаромилияти аст,ки умури молии байналмиллали ва кишвархои ғарбиро идора мекунанд.Дар мавриди Амрико бо котеият метавон гуфт,ки аз замони чанги чахонии дуввум,раиси чумхуре бар сари кор наёмадааст,ки худ аз куштори инсонхои бегунох дар нуктае аз дунё судхои калони моли набурда бошад ва аз тарики куштори инсонхо ба ширкатхои марбут ба худ суд нарасонда бошад. Ба унвони мисол, Буши падар, ки миллионери нефти махсуб мешуд аз кудрати Раёсати Чумхури барои рохандозии чанги халичи Форс истифода кард ки ба тазмини амнияти моли ва нефтии Амрико дар минтака кумак намуд.
Барое,ки ба суолоти худ бозгардем,бехтар аст бо ин нукта оғоз кунем,ки хама хушунатхое, ки алайхи ислом ва мусалмонон сурат мегирад тахти ин сафсата матрах мешавад, ки ин чиноятро аз руи некхохи ва барои озоди ва демократия анчом медиханд.Занон ва мардоне,ки мавзуи ин макола хастанд дар бегунох чилва додани ин чиноёт шарик ва хамкор хастанд.Ин афрод накше дугона доранд
Якум, ағлаб барои хамалот ва тачовузоти Ғарб тавчехоти ахлоки ва сиёси
фарохам мекунанд
.
Дуввум, авомили фаъол дар фарханг ва ичтимо хастанд то чомеахои исломиро аз дарун нобуд созанд
Чунин инсонхое,ки ба дин,мардум,фарханг ва сарзамини модарии худ хиёнат мекунанд дар хама чои чахони ислом хузур доранд.Чунин афродеро метавон дар Донишгоххо,расонахои мактуб ва электрони,ниходхои фарханги ва хатто масчидхо ёфт.Яке аз норохаткунандатарин ва ғайри кобили инкортарин вокеияти замони мо ин аст,ки ин афрод ба лихози теъдод кам нестанд ва дастраси ва нуфузи онхо низ бар хама арсахо ва сатххои фарханг ва суннати исломи идома дорад ва аз ин ру хама сутухи фарханг ва суннати ислом акнун тахти хамла карор дорад.Улгуи амали ин афрод хамонанди роххои иртиботи ва фаъолияти онхо комилан чанд буъди аст.Ин афрод конфронсхои илми баргузор мекунанд;телевизион ва родию доранд;имперотурихои рузномаиро идора мекунанд;дар интернет фаъол хастанд ва китобхое менависанд,ки аз суи ниходхо ва созмонхои нимамахфи тарвич мегарданд. Аз тарики ин фаъолиятхо онхо пушише барои тероризми васеи байналмиллалии Ғарб ичод мекунанд ,ки хадaфи аслии он дигаргунсозии асосии чахони ислом аст
Муваффакияти ин занон ва мардон акнун дар тамоми чахони ислом кобили мушохида аст.Аз Судон гирифта то Малайзия ва аз калби чахони араб гирифта то даштхои Осиёи Маркази;кули чахони ислом дар холи тачрибаи як тахаввул ва тағйири номакбули даруни аст.Тахаввуле,ки аз як су бо технология ва аз суи дигар бо идеологияи секулори ғарби химоят мегардад.Накши ин занону мардон ин аст,ки барои ин тахаввул,ки чахони ислом ва асолати онро пора-пора кардааст,тавчехе идеологи пешниход кунанд.Дар як нигохи коркарди, ин амр дар хакикат амрикоисозии чомеахои исломи аз дарун аст
Сатхитарин ва ошкортарин даста аз ин занону мардонро метавон дар расонахои давлати ва расмии тахти химояти давлатхои вобаста ба Амрико ва Ғарб дид.Онхо аз телевизион,ки мухимтарин манбаъ ва омили тағйир дар чахони ислом шудааст,истифода мекунанд ва равишхои зиндаги ва рафторхо ва хатто шеваи либос пушидани худро,ки ахлокхои суннати ва равишхои бумиро аз миён мебарад,ривоч медиханд.Дар сатхи фарханги низ онхо баргузории конфронсхои байналмилали дар хама мавзуоти мухталиф дар чахони исломро бар ухда доранд.Дар ин конфронсхо мутафаккироне аз чахони ислом ва мутафаккироне аз Ғарб дар канори хам чамъ мешаванд то афкори умумиро дар бахшхои мухталиф мутобики назари Амрико ва ба нафъи он шакл диханд ва албатта ин амр тахти пушиш ва зохири фаъолияти академики ва илми сурат мегирад.Дар холи хозир,нусхахои чунин конфронсхое комилан ботачриба шудааст ва ба як зохир ва пушиши академик ва илми низ барои он даст ёфтаанд ва маъмулан барои он ки мухтавои он конфронсро ба расонахо бикашонанд аз як шахсияти сиёси ва ё як вазири давлат низ даъват мешавад.Дар ин конфронсхо аз афроде даъват мешавад,ки бо шароити кулии ин конфронсхои занчираи дар чахони ислом хамхони дошта бошанд ва дар айни хол ба иллати тахассус ва таъсиргузории шахсияти бар мухотабон муассир бошанд
Ба таври катъ ин як чанги фикри ва идеологи аст ва касоне ки ахамияти ин даргириро дарк кардаанд медонанд,ки ин чанг аст ,ки тағйирот таърихи ояндаро тайин мекунад.Ба хамин далел аст,ки Иёлати Муттахида милиюнхо доллар сарфи барномахое мекунад,ки вачха ва чилваи Амрикоро дар чахон бехбуд бахшад.Кондализа Райс,ки илова бар вазорати хоричаи Амрико яке аз мутафаккирони навмухофизакор махсуб мешавад дар яке аз суханронихои худ дар муасиссаи Сулхи амрикои эълом кард,ки аз назари давлати Амрико дастрасии чахони ва таъсиргузори бар чахон як увлавият ва зарурат аст ва давлат дар холи пешрафт дар ин замина мебошад,ки аз чумла корхои сурат гирифта дар ин замина,афзойиши расонахои чамъи дар Ховари Миёна ва барномахое барои ривочи омузиш ва ислохоти демократи аст
у афзуд:"Хадафхои аслии мо дар ин чанги фикри ва идеологи аз миён бурдани чехраи манфи ва харобшудае аст,ки аз Амрико ва фарханги он шинохта шудааст ва низ таквияти касоне ки ба фикри мудерниза кардан,ривочи бетафовути , созиш ва технократия дар чахони ислом хастанд." Ва дакикан хамин амр аст,ки модернистхои мусалмонро чалб ва чазб мекунад ва онхо дар хидмати хадафхои Амрико ба ин амр чомаи амал мепушонанд. К.Райс меафзояд: " Пирузии мо дар замони чанги сард хангоме рух дод,ки фахмидем миёни арзишхо ва амнияти амрикои наметавон чудои ичод кард ва шояд битавон гуфт,ки накши арзишхои амрикои ва демократи дар пирузии чанги сард ба андозаи кудрати низоми ва иктисоди будааст:агар нагуем,ки бештар будааст.”
Албатта ин амр факат суханони як навмухофизакори халалдоркунандаи ойин ва суннат нест.Комиссиюне,ки барои баррасии хаводиси 11 сентябри 2001 аз суи Амрико ичод шуд низ бар ин чанги акоид ва идеология таъкид кард.Ин комиссиюн хохони бозсози ва созмондихии дубораи фаолияти чосуси ва зидди тероризми Амрико шуд вале дар айни хол хохони як фаъолияти тахочуми ва дипломати низ буда ва меафзояд:"Агар Иёлати Муттахида худ вориди сахнаи чахони ислом нашавад ва чехраи хешро ошкор насозад, ифротиюни исломгаро ин корро анчом хоханд дод." Аз чумла фаъолиятхое,ки давлати Амрико дар ин замина ва барои амали кардани ин дастур оғоз кардааст,барномаи чадиде аст,ки ин бор ба чои донишчуён ба чазби донишомузони мусалмон аз чахони ислом ва араб барои тахсил дар Ғарб даст задааст то афроди дар даврони сини ибтидоитаре бо арзишхо ва зиндагии ғарби ва амрикои ошно шаванд.Дар ин росто барномаи чазби ру ба афзоиш оғоз шудааст, ки дар соли 2003, 170 донишомуз ва дар соли 2004, 340 нафар ва дар соли 2005,1000 донишомузро чазб намудааст.
Дар барномаи дигар бо хамин хадаф,бахши давлати дар Амрико бо 100миллион доллар тавони моли таъсис шудааст,ки тахти пушиши Вазорати хоричаи Амрико ба таъсис ва таквияти созмонхои ғайри давлати(НПО) дар чахони ислом даст бизанад.Хадафи аслии ин бахш таъсиси созмонхои ғайри давлатии занон ва чавонон аст то аз ин тарик тичоратро ба ислохоти сиёсии мавриди назари Амрико муртабит созад.Илова бар ин аз соли 2001 очонси тавсиаи байналмилалии Амрико бар ичоди шуғл ва омузиш дар чахони ислом мутамаркиз шудааст ва илова бар инхо Амрико родиюхо ва телевозионхое барои чазби афкори умумии мусалмонон таъсис кардааст, ки аз чумлаи онхо метавон ба радиои “Фардо” ба забони форси ва шабакаи телевизионии "Ал-хурра" ба забони араби ишора кард
Икдомоти суратгирифта барои тарвичи демократияи ғарби ки ба таври чидди аз ичлоси сарони гурухи-8 ва НАТО дар соли 2004 оғоз шуд,яке аз талошхои ошкори Амрико барои ичоди тағйирот дар чахони ислом аст.Чунин икдомоте боиси ба хидмат гирифтани теъдоди зиёде аз мусалмонон дар кишвархои мухталифи исломи шудааст, ки акнун дар холи ичрои хостахои Амрико барои тағйири кишвари худ хастанд
Конфронсе дар Кололомпур дар августи соли 2004 баргузор шуд,ки ман аз шиддати муваффакиятомез будани ин талошхо хайратзада шудам.Ин конфронс бо номи "Ислом ва мусалмонон дар карни бисту якум;Тасаввурхо ва вокеиятхо" ташкил шуда буд:ин конфронс дар хакикат намоишномае бо хадафхои гуфташуда буд.Ин ичлос бо ширкати нахуствазири Малайзия оғоз шуд ва дар он чамъи касире аз мусалмонони мудернизашуда ва тарафдори модернизм гирди хам омада буданд,ки дар миёни онхо донишгохиёни ғайримусалмон,ки бархе аз онхо аз авомили машхури Ғарб барои тағйир дар чахони ислом хастанд низ вучуд доштанд.Нахуствазири Малайзия дар нутки ифтитохияи худ хохони тағйири хамаи фатвохои гузашта шуд ва эълом кард,ки"Мо мусирона эълом мекунем,ки бояд исломро бо шароити мудерн созгор кард".Аксари суханронони мусалмон аз касоне буданд,ки аз ислом ва чавомеи исломи интикод мекунанд ва хамон сухани хамешагии худро такрор мекунанд,ки"Мо бояд сарзаниш кардани дигаронро ба хотири бадбахтии худ канор бигзорем,мушкили асли дар дохили худи мост." Ин хамон боз шудан ва гушодагии назаре хаст,ки Амрико ба шиддат хохони он аст
Чунин мутафаккирони мусалмоне(!) маъшукахои Амрико махсуб мешаванд;чаро ки Амрико хохони он аст,ки мо хатто хамлахои низоми ва бомбаборонхои вахшиёнаи уро хам ба иллати мушкилот ва иштибохоти худамон бидонем ва хеч чизи бадеро ба у нисбат надихем.
Албатта нигохи интикодомез нисбат ба худ ва тахлили вазъияти мавчуд бар ин асос,хеч ишколе надорад ва дар хакикат чунин нигохе асосан зарури аст.Аммо мушкил ин мутафаккирони мунтакид аз худ ин аст,ки аз ин интикодхо ва баёни кутохихои мо суистифода мекунанд то ворид кардани фархангу идеология ва сабки зиндагии ғарбиро тавчех кунанд.
Ин афрод рох халхои нокоромад ва нодурусти ғарбиро барои мо зарури чилва медиханд ва бо тахлилхо ва тасаввуроти ғарбии худ аз рахбароне химоят мекунанд,ки чайбхои онхоро пур аз доллар мекунанд. Нуктаи шигифтовари конфронси Кололомпур дар ин буд,ки ин суханронони хирфаи чунон барномарези карда буданд,ки хеч интикоде ба Амрико дар тули се рузи баргузории ин конфронс сурат нагирад.Хар гох касе ба интикод аз Амрико мепардохт яке аз ин ба зохир мутафаккирон бармехост ва бо баёноте асарбахш сухбатхои уро хунсо мекард ва ин чумларо такрор мекард,ки : "Бародарон мо набояд дигаронро ба хотири иштибохоти худамон сарзаниш кунем,чаро мо доимо иштибохоти худро ба дигарон нисбат медихем?" Ин изхорот хатто вакте яке аз суханронон чиноёт ва икдомоти вахшиёнаи Амрикоро зикр кард такрор шуд.
Кололомпур танхо чое нест,ки дар он чунин конфронсхое баргузор мешавад.Ин гуна маросим дар дигар кишвархои исломи низ баргузор мешавад.Мутафаккирони мусалмоне аз ин даст дар хама расонахои кишвархои исломи дар чихати тахакуки хадафхои Амрико ва тарвичи арзишхои Амрико дар миён мусалмонон талош мекунанд. Бархе аз онон ин корро бо чунон содадили анчом медиханд,ки тасаввур мекунанд аз ин тарик ба уммати исломи хидмат мекунанд. Бархе дигар ба иштибох будани кори худ таваччух доранд аммо хиёнати худро бо далелхое тавчех мекунанд.Хар чанд,ки амали хамаи онхо бо касоне ки мехоханд ислом ва муслиминро аз байн бибаранд дар як масир карор дорад.
Дар макоми мукоиса хатто бархе аз мусалмонони мутаахид низ ба асари икдомоти худ бар чахони ислом таваччух надоранд.Бисёре аз икдомоти мусалмонони мутаахид ба гунае аст, ки гуё адами таъсирпазирии оммаи мусалмонон аз икдомоти гуфташуда тазмин шуда аст ва ё гуи ки чанги тамомаёри акоид ва идеалогияхо ки ба таври ошкор аз суи Ғарб алайхи ислом баён шудааст дар сайёраи дигар дар чараён аст. Хатто мутафаккирони мусалмоне,ки дар хидмати Ғарб нестанд низ аз дарки мизони таъсири ин икдомоти чахони ки бо хадафи аз миён бурдани имони онон ва шеваи зиндаги ва ахлоку арзишхои ахлокиашон танзим шудааст нотавон будаанд. Хатто як созмони исломи низ дар чахон наметавон ёфт,ки рисолати худро мубориза бо ин икдомоти дахшатовар,ки ба суръат дар холи аз миён бурдани арзишхои чахони ислом аст карор дода бошад. Дар холе ки Амрико тамоми вакт дар холи кор аст, бештари муъминон дар хоб ба сар мебаранд.
Ин дарк зарури аст, ки чавонони мусалмон дар баробари ин хамлаи душман бимашуда ва эмин нестанд ва омузиши мудерн ва секулор, интернет, телевизион, пайрави аз моделхои ғарби,нахваи фикр ва ахлоку эхсосоти чавонони моро тағйир додааст, ангезаи андаке барои пайрави ва ёдгирии омузишхои дини боки мондааст. Барои он ки битавонем посухе дархур ба чанги тамомаёри Ғарб дар хиттаи дин ва идеология бидихем ниёзманди тағйири руйкардхо хастем.Хеч чизе тазминшуда нест.Тахриби низоми ахлоки ва арзишии ислом саранчом ба тахриби комили тамаддуни исломи мунчар мешавад.Дар холи хозир нишонахое аз осебдидаги дар хама чои чахони ислом кобили мушохида аст ва агар талоши низомманд,барномарезишуда ва хамоханг барои мукобила бо ин раванд сурат нагирад дер хохад шуд.
Манба":Муслим-медиа.ком"
Баргардон ва виройиши Бехрузи Забехулло
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.