Андешаҳои башарии ҳазрати Мавлоно

Яке аз пурмочаротарин ва роичтарин бахсхое,ки аз огози таърих то кунун дар миёни башарият мутадовил будааст,масъалаи чабр ва ихтиёр аст.Бо вучуди ин хама бахсхое,ки дар миёни адён,мазохиб,мактабхо ва гуруххои гуногун перомуни масъалаи чабру ихтиёр мегузарад хануз хам бозори ин мавзуъ гарм аст ва дари ин гуна бахсхо хамчунон боз мебошад.Мегуянд аз миёни андешамандони бостон шояд нахустин касе,ки ба таври муназзам ва муфассал бад-ин бахс пардохтааст Арасту бошад.Хамчунон ин бахс ба таври муфассал дар миёни мактабхо ва чараёнхои мухталифи исломи низ матрах

шуда китобхо ва рисолахои фаровоне дар ин боб навишта шудааст. Гурухе муътакиданд нахустин касе ки мазхаби чабр овард Чахм бини Сафвон(Соли катлаш 128 хичри) буд.Вале дар дигар манобеъ чабрро ба Абулхасани Ашъари(Солхои 260-330) нисбат медиханд

        Хонандаи борикбин метавонад ин суолро матрах кунад,ки аслан бахси чабру ихтиёр ва мавзуи аслии он чист

      Ба таври бисёр содда, пайравони мактаби чабрия муътакиданд,ки инсон  мавчудест ки хеч гуна ихтиёр надорад.Сарнавишти инсон аз кабл тайин шудааст ва одамон дар зиндаги хар амал,рафтор ва афъоле,ки аз худ нишон медиханд бар асоси хамон барномаест,ки худо  кабл аз офариниш барояшон дар назар гирифтааст.Ин амалхо шомили афъоли неку бад,хубу зишт, мизони ризку рузи,хушбахти ва бадбахти,дорои ва нодори,донои ва нодони,заъф ва нотавони ва.. гайра мебошад

 Ин рубоии мансуб ба Хайёмро метавон ба унвони шиори мактаби чабргарои мисол зад.

 

                            Ё раб ту гилам сириштаи ман чи кунам

                             Пашму касабам ту риштаи ман чи кунам

                            Хар неку баде ки ояд аз ман ба вучуд

                            Ту бар сари ман навиштаи ман чи кунам 

 

    Пайравони мактаби ихтиёр бошад баръкси асхоби чабр муътакиданд,ки инсон мавчудест озод,мухтор,масъул,сохибихтиёр ва посухгуи паёмади амалхо ва афъоли худ

 Холо фикр накунед,ки бо ин ду таърифи содда аз чабр ва ихтиёр масъала тамом шудааст ,баракс мочарои ин ду гурух махз аз хамин чо огоз мешавад,чи гуна?

       Тибки ин ду таърифи  номбурда тарафдорони хизби ихтиёр ахли чабрро ба сахим донистани Худо дар анчоми аъмол ва афъоли зишт муттахам мекунанд ва чабргарохо низ ахли ихтиёрро ба чурми инкори казо ва кадари илохи ва анбоз ё шарик карор додани башар бо Худованд махкум менамоянд.

     Дар вокеъ аз ин ду нигариш ду суоли кубанда дар зехни инсон шакл мегирад

    Яке ин ки агар тамоми аъмол ва афъоли башар пеш аз таваллуд тавассути Худованд аз кабл таррохи шуда бошад ва агар инсон дар анчоми аъмоли худ дар дунё мухтор нест,пас фардо рузи киёмат чигуна мавриди бозхост карор мегирад.Охир гунохоне,ки инсон содир кардааст бо хости худи у набуда балки казо ва кадари илохи сарнавишти инсонро чунин ракам задааст.

Пас бар асоси ин гуна бардошт  машруияти рузи чазо ва аз хама мухимтар масъалаи адли илохи зери суол карор мегирад.

     Аз суи дигар агар ба назарияи ахли ихтиёр ,ки инсонро як мавчуди озод ва мухтори мутлак медонанд бовар кунем пас масъалаи казову кадари илохи ё хамон такдир ,ки чузъи имони муъминон махсуб мешавад чи хохад шуд?Таклифи худро бо хадисе,ки мегуяд:"Ман лам ярза биказои фалятлуб раббан сивои","Хар ки ба казоям ризо надихад бояд Худое чуз ман бичуяд" чи гуна рушан кунем

   Холо дарк кардед,ки бо чи суолоти дандоншикан ва сахте ру ба ру шудем ва чи гуна ба бунбаст расидем.Мисли гарибе,ки дар биёбоне рох гум мекунад ва хайрон мемонад,ки ба кадом самт харакат кунад то ба ободи бирасад.

 Чолиб ин аст,ки бидонем орифону хакимони раббони бахусус хазрати Мавлоно бо ин масоили печида ва мубхам чи гуна бархурд кардаанд.Ин орифи вораста ахли чабр буд ё ихтиёр? Посухи хазрати Мавлоно ба ин мавзуот чи гуна аст?

Он бузургворро бархе чабргаро ва баъзе ахли ихтиёр гуфтаанд ва гурухе низ мегуянд,ки дар байнобайни ин ду манзил карор гирифтааст.

     Тавре дар маколоти кабли таъкид доштем равиш,бардошт мактаб ва нигариши хазрати Мавлоно ба масоили мавчуд ба кулли фарк дорад.Чунончи дар мавзуи аздод ё зидхо ёдовар шудем ба назари хазрати Мавлоно сабаби инхирофи башар зохирбинии уст.Ихтилофу бахсу чадалу чангу хунрезии башар низ аз хамин нохия сар мезанад.Он чи дар зохир мо онхоро зидди якдигар медонем монанди рузу шаб ,сиёху сафед,баланду паст,неку бад,талху ширин,гарму сард,хушку тар ва гайра.. бар асоси назарияи хазрати Мавлоно дар ботин айни якдигаранд ва дар сулхи комил ба сар мебаранд

 

                            Зиндагони оштии зидхост

                            Марг он к-андар миёншон чанг хост.

 

   Балки ин аздод ба маънии алифбои шинохти олами хасти  мебошанд.Башар аз тарики хамин падидахои зохиран ба хам зид дар бораи коинот маърифат хосил мекунад.

     Шумо агар диккат кунед мо дар илми физика чараёни "мусбат" ва "манфи " дорем ,ки зохиран ба хам зид хастанд,аммо вакте ки ин ду чараёни муттазодро бо хам васл мекунем нур ва рушнои тавлид мешавад.

       Хамчунин агар дар хикмати рузу шаб ва дигар падидахои зохиран ба хам зид тафаккур кунед бароятон рушан ва ошкор мешавад,ки ин падидахо на мухолифи хам балки мукаммили якдигаранд.

      Тибки хамин назария масъалаи казову кадар ва чабру ихтиёр дар мактаби хазрати Мавлоно кобили фахм аст ва чандон печида ва мураккаб нест.

     Казо иборат аст аз хатмият ва катъияти ичрои иродаи илохи дар хасти. Казо ду мартаба дорад.Яке мартабаи илми азали ё инояти азали ,ки мабдаи фаязони мавчудот аст.Ва дигар мартабаи феъли илохи,ки мучиби зухури мавчудот дар олам аст. Ва мурод аз кадар хамоно зарфиятхо ва хусусиёти зотии мумкинот(мавчудот) аст.Ба назари Мавлоно ризо ба казои илохи додан мартабаи рахидан аз банди маният ва худбини аст ва казои илохи ба маънии нафйи ирода,ихтиёр ва истиклоли инсон нест.Тафовут танхо ин чост,ки имконот ва тавоноихои  инсон ва дигар мавчудот дар мукоиса ба имконот ва зарфиятхои Худованд махдуд аст.Башар мавчуде дорои акл,ихтиёр,ирода,химмат ва нутк аст,аммо ин фазилатхо хусусиёти зотии у нестанд,балки неъматхое хастанд,ки худованд барои у иноят кардааст.

 

   Мавлоно дар боби казову кадар ва тавфик миёни ду хадиси ба зохир мутаариз

тахкики дакик кардааст.Хадисе мегуяд:"Арризо бил-куфри куфр","Рози шудан ба куфр куфр аст"ва хадиси "Хар ки ба казоям ризо надихад бояд худое чуз ман бичуяд.".Вай дар ин бора посух додаст,ки куфр макзи (амали анчомёфта,ичрошуда)

аст на казо ва мо бояд ба казо рози бошем на ба макзи.Яъне куфр аз он чихат,ки куфр аст мавриди ризои мо нест,вале аз он хайс,ки дар илми худост мавриди ризои мост,зеро казо мартабае аз илми Худост.Бинобарин хар феъле ки одами анчом медихад ё хар ходисае,ки рух медихад хорич аз доираи казову кадар нест ва аммо дар доираи казову кадар амал кардан низ мухолифи ихтиёри одами нест,зеро хар кас дар хиттаи казову кадар кудрати интихоб дорад.Пас ба акидаи Мавлоно эътикод ба казову кадар ба маънии инкори ихтиёри инсон нест хамчунон ки чабрихо мепиндоштанд:

 

                       Чабр бошад парру боли комилон,

                      . Чабр хам зиндону банди кохилон

                       Бол бозонро суи султон барад,

                       Бол зогонро ба гуристон барад.

    

              Дар байти аввал манзур аз чабр хамон казову кадар аст.Мавлоно мегуяд агар одами дар афъоли хеш мачбур мебуд пас вучуди ахволи гуногун аз кабили хашму кин,мехру пушаймони,аклу ирода,шодиву андух ва ... дар у мафхуме надошт.Аз ин ру вучуди ахволи мухталиф дар одами далел бар ин аст,ки у дар афъоли худ масъул ва мухтор аст.

  Ихтиёре хаст моро бегумон 

     Хирсро мункир натони шуд аён

Сангро харгиз нагуяд кас :биё!

Аз кулухе кас кучо чуяд вафо

Кас нагуяд сангро: дер омади?

Ё,ки чубо!ту чаро бар ман зади?

Чун хамехойи ту дандон бо аду?

Чун хамебини гуноху чурми у?

Он ки дуздад моли ту гуи:бигир

Дасту пояшро бибур созаш асир.

В-ар биёяд селу рахти ту барад

Хеч бо сел оварад кине хирад

В-ар биёмад боду дасторат рабуд

Кай туро бо бод дил хашме намуд?

Хашм дар ту шуд баёни ихтиёр

То нагуи чабриёна иътизор.

 

 Одами дар корхо гох дучори тардид ва дудилаги мешавад.Бо худ мегуяд ин корро бикунам бехтар аст ё он корро?Мавлоно мегуяд одами хеч гох дар умури номумкин ва дастнаёфтани ба тардиду шак гирифтор намеояд,балки дудилаги маъмулан дар мавриде рух медихад,ки одами худро дар анчоми он тавоно мебинад.

 

Ин ки фардо ин кунам ё он кунам,

Ин далели ихтиёр аст ай санам!

Дар тараддуд мондаем андар ду кор,

Ин тараддуд кай бувад бе ихтиёр?

 

Хазрати Мавлоно дар идомаи бахси худ меафзояд агар башар дар аъмоли худ мачбур ва беирода буд пас чаро Худованд уро ба аъмоли нек фаро мехонад ва аз аъмоли бад бархазар медорад?Ё чаро ба бадкорон ваъдаи дузах медихад ва ба некон ваъдаи бихишт?

 

Чумла Куръон амру нахй асту ваъид,

Амр кардан санги мармарро ки дид?

Хеч доно,хеч окил ин кунад

Бо кулуху санг хашму кин кунад?

Акл кай хукме кунад бар чубу санг?

Акл кай чанге занад бар накш,чанг?

Холике,ки ахтару гардун кунад,

Амру нахйи чохилона чун кунад?

Эхтимоли ачз аз Хак ронди,

Чохилу ганчу сахифаш хонди,

Амр очизро кабех асту замим,

Хашм баттар,хосса аз рабби рахим.

 

Боз хазрати Мавлоно дар адами танокузи машияти илохи бо ихтиёри инсон мегуяд ин ки Худованд фаъоли мо яшо аст аз ин руст,ки ту дар ризои у бикуши на он ки даст руи даст бигзори ва хеч талоше накуни.Яке аз тахкикоти Мавлоно дар боби нисбати инсон бо ихтиёри Худованд ин аст,ки хамчунон,ки вучуди оризии(гайри асли) мумкин-ул-вучуд ба вочиб-ул-вучуд мепайвандад, ихтиёроти гайри аслии инсон низ ба ихтиёроти зотии вочиб-ул-вучуд мунтахи мегардад.

 

Кавли банда айша шоаллоху кон,

Бахри он набвад,ки танбал кун дар он.

Балки тахриз аст бар ихлосу чид,

Ки дар он хидмат фузун шав мустаъид.

Бар казо кам нех бахона,ай чавон!

Чурми худро чун нихи бар дигарон?

Ихтиёрот ихтиёраш хаст кард,

Ихтиёраш чун саворе зери гард.

Ихтиёраш ихтиёри мо кунад,

Амр шуд бар ихтиёри мустанад.

 

Ба назари хазрати Мавлоно эътикод ба чабр чашм фурубастан аз вокеият аст.Чойи дигар чабриёнро суфастои мехонад ва мегуяд инхо гурухе хастанд,ки дудро мебинанд ва оташро не,рушноиро мебинанд ва шамъро инкор мекунанд ва билохира таъкид менамояд,ки машраби чабр аз кадариюн расвотар аст.

 

Дар хирад чабр аз кадар расвотар аст,

З-он ки чабри хисси худро мункар аст.

Мункари хис нест он марди кадар,

Феъли Хак хисси набошад,ай писар!

 

  Ин орифи вораста дар поёни ин бахси чолиб ба ин натича мерасад,ки танхо ишк ба мучодилаи чабру ихтиёр поён медихад.Хазрати Мавлоно мегуяд ихтиёре ,ки одами дорад ихтиёре нимбанд ва нисби аст.Чун хамеша одами худро бар дурохахои тардид ва дудилаги мебинад ва ин холате ранчовар аст. Аз ин ру Мавлоно аз даргохи Худованд мехохад,ки Худованди Маннон уро чунон дар дарёи ишк ва масти гарк созад,ки яксара мачзуби Хак гардад ва ихтиёри нисбии худро дар ихтиёри Хак халок созад.

 

К-ай Худованди кариму бурдбор,

Дех амонам з-ин ду шохай ихтиёр.

Чазби якроха сирот-ул-мустаким,

Бех зи дуроха тараддуд,ай карим.

З-ин ду рах гарчи хама максад туи,

Лек худ чон кандан омад ин дуи.

З-ин ду рах гарчи ба чуз азми ту нест,

Лек харгиз разм чун базми ту нест.

Ишк буррад бахсро,ай чону бас,

К-у зи гуфтугу шавад фарёдрас.

Лаб бибандад сахт у аз хайру шар,

То бибояд аз дахон уфтад гухар.

 

 Хуб, муштокони хазрати Мавлоно аз ин бахс натичагири мекунем.Чунончи дар огози макола ишора шуд бархе Мавлоноро тарафдори чабр,бархе чонибдори ихтиёр ва иддае пайрави чабр ва ихтиёри мутлак донистаанд,аммо мо хамчунин фикр намекунем.Марзи тафаккур ба хамин ду нигариш махдуд намешавад.Хазрати Мавлоно тибки консепсияи урафо ва хакимони раббони,ки оламро сояи Хак медонанд муътакид аст,ки эътикод ба казову кадари илохи ба маънии нафйи озоди,ихтиёр ва иродаи инсон нест ва мутакобилан эътикод ба ихтиёр ва озодии инсон мухолифи казо ва кадари илохи нест,балки масоили аз ин даст силсилаи як занчир хастанд,ки бо кудрат ва машияти Аллох(ч) идора мешаванд,ки назми хасти ва набзи хасти хама дар хиттаи ирода ва кудрати бозуи тавонои он яккаву