Тафсири сиёси
Дархости Карзай аз Арабистон барои химоят аз музокиротии сулхи Афгонистон
Ахиран раиси чумхури Афгонистон хостори химояти Арабистони Сауди аз гуфтугухои сулх барои кохиши даргирихо дар кишвараш шудааст.Хомид Карзай зимнан бархе гузорищхо дар бораи гуфтугуи махрамонаи давлат бо гурухи Толибонро такзиб кардааст. Карзай бо ишора ба тамоси Кобул бо макомоти Риёз барои кумак ба бозгашти Толибон ба фароянди сулх гуфтааст аз ду сол пеш барои подшохи Арабистон паём фиристодаем ва аз ишон хохиш кардаем барои таъмини амният ва баркарории оштии милли дар Афгонистон кумакхои худро дарег накунад.
Раиси чумхури Афгонистон гуфтааст дар ин замина низ сафархои зиёде ба Арабистон, Покистон ва бархе кишвархои минтака анчом шудааст, аммо натичаи кобили таваччухе ба даст наёмадааст.
Вай хамчунин аз мухолифони давлат хусусан гурухи Толибон хостааст зимни даст кашидан аз хушунатхо ба зиндагии мусолиматомез руй оваранд.
Аммо нуктаи кобили тааммул ва чолиб ин аст, ки бо вучуди хазорон сарбози амрикои ва НАТО дар Афгонистон, ки рисолаташон таъмини амният дар ин кишвар эълом шудааст, чаро Хомид Карзай дасти ниёз ба Арабистони Сауди дароз мекунад?
Дуввум, агар нерухои амрикои ва НАТО кодир ба таъмини амният дар Афгонистон нестанд пас хузури онхо дар ин кишвари чангзада чи маъни дорад?
Севвум, оё нокомии нерухои амрикои ва НАТО дар мубориза бо тероризм бахусус гурухи Ал-Коида ва Толибон нишони заъф ва нотавонии онон аст ё чизи дигар?
Аммо бо таваччух ба тавони билоивази моли ва низомии НАТО дар чахон, фарзияи нотавонии ин созмони низоми дар баробари Ал-Коида ва Толибон чандон бовар кардани нест. Аз суи дигар махз Амрико ва бархе хампаймонони вай дар гузашта ин гуруххои ифротиро барои мукобила бо артиши Шурави дар манотики кабиланишини Покистон ташкил ва тачхиз карда буданд ва хануз хам аз тамоми пойгоххо ва марказхои фаъолияти онхо дар минтака ба хуби огоханд.
Пас натичаи мантики чунин мешавад, ки хадафи асли ва пушти пардаи Амрико ва НАТО дар Афгонистон ва дигар кишвархои ишголшуда мубориза алайхи тероризм ва гурухои ифроти набуда, балки хузури дарозмуддати дар ин гуна кишвархо ба хотири таъмини манофеи милли худ мебошад. Ин кудратхо бо бахонаи мубориза бо тероризм ва ифротгарои ба кишвархои чахони сеюм худсарона ворид шуда бо ба сари кудрат овардани давлатхои дастнишонда хамзамон барои ичоди фишор, конунхои бухронро низ ба вучуд меоваранд то бадин васила идомаи хузури худро дар ин кишвархо конуни чилва диханд. Дар асл бошад хоми ва пуштибони тамоми гуруххои ифроти дар кишвархои исломи хамин Амрико ба бархе кишвархои Урупои хастанд.
Хадафи мухимтар ва асосии онхо аз ба коргирии сиёсати дугона дар кишвархои исломи мукобила бо чунбиши бедории исломи ва тафаккури созандаи мусалмонон баъд аз 500 соли гафлат ва парокандаги мебошад. Кишвархои абаркудрат ва истеъморгари чахон бо нигарони аз раванди бедории исломи ва таваччухи дастачамъии мусалмонон ба сиёсат ва фановарии чадид, бо пуштибони аз гуруххои ифроти ва дахшатафкан дар сарзаминхои исломи касд доранд ислом ва мусалмононро дар назди чахониён бадном ва бо ичод фитнаву бадбини раванди бедории исломиро ба инхироф бикашанд. Збигнев Бзежинский назарияпардози машхури амрикои низ ахиран зимни эътирофи ин нукта гуфтааст дар карни 21-ум гаройиши тудахои мардум ба сиёсат идораи умури чахонро мушкилтар хохад кард.
Аз ин ру, хузури херухои бегона дар Афгонистон на ба нафъи давлати Кобул аст, на ба нафъи гуруххои ифротгаро ва на ба нафъи мардуми ин кишвар, балки ин нерухо ба дунболи таъмини манофеи худ дар ин кишвар мустакар шудаанд ва аз ин бештар низ икдом нахоханд кард.
Аз суи дигар идомаи хузури онон дар Афгонистон дар оянда боиси шаклгирии конунхои чадиди бухрон дар кишвархои хамсоя ва куллан минтакаи Осиёи Маркази ва чанубу шарки Осиё низ хохад шуд.
Дар чунин шароите барои мубориза бо тероризм ва дигар падидахои номатлуб иттихози сиёсати мустакил аз суи кишвархои минтака ва хамкориву хамохангии онхо дар колаби хамкорихои дучониба ва созмонхои минтакаи муссиртар ва муфидтар ба назар мерасад.
Бинобарин, дархости Карзай барои мушорикати чиддии Арабистон дар музокироти сулх бо Толибон нишон медихад, ки Кобул ба дунболи истифода аз чойгохи кишвархои сохибнуфуз дар миёни Толибон барои бозгашти ин гурух ба фароянди сиёси аст.
Арабистон дар канори Покистон ва Аморати Муттахидаи Араб дар охирхои дахаи 90-и мелоди химоятхои зиёде аз гурухи Толибон анчом додаанд. Ин се кишвар танхо кишвархое буданд, ки хукумати Толибон дар Афгонистонро ба расмият шинохтанд.
Гуфта мешавад, рахбарони гурухи Толибон низ барои бозгашт ба фароянди сулх шартхоеро тайин кардаанд. Мухимтарини онхо барканории теъдоде аз вазирони давлати Карзай ва хамчунин хуручи нерухои хоричи аз Афгонистон аст.
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.