З-он суи Ому нарм-нарм буи баҳорон мерасад.....

  Солҳо пеш буд,ки ин мисраи шеворо ҷое хонда будам. Аз он замон то кунун ва мутмаинан то охири умр ҳар гоҳе ба ёди диёри азизу дустдоштании он суи Ому уфтам, эҳсоси хушу гуворои ҳосил аз ин ёди хуш,амсоли шамидани  буи баҳор ва накҳати гулҳои баҳорӣ бароям даст медиҳад.

     Ҳамин эҳсоси хубу хуш чанду қабл ба дунболи огаҳӣ аз нашри китоби "Зангулазанон гузашт борон "асари муштараки Муҷиби Меҳрдод ва Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ  дар Кобул бароям (на танҳо барои ман) такрор шуд. Дар он замон муддате буд,ки ба сабаби  шаҳодати ҷонсузи Устод Бурҳонуддин Раббонӣ хотири  ошуфтаву мушавваше доштем ва дар ҳамин росто бандаи ҳақир бо бемайлии ғайримаъмулӣ,таҳаввулоти рузи Афғонистонро пайгирӣ мекардам (ҳарчанд,ки зарурати корӣ тақозо дорад,ки ҳамарӯза дар ҷараёни ин таҳаввулот бошем) ...

   Ва инак дар ҳамон ҳолу ҳавои ғашбору сарду барфолуд буд,ки хабари интишори "Зангулазанон гузашт борон" чун суруши маънавӣ ба хилватгаҳи дустдорони адаби порсӣ  расид. Суруше,ки гуи дар ин  зимистони рокид  аз омад-омади баҳори руёву пуё  дарак медод...

   Бо қотеъият ва ҷасорат метавонам кори Беҳрӯз ва Муҷибро навиддиҳандаи баҳори тоза дар бустони адабиёти форсӣ- дарӣ-тоҷикӣ қаламдод кунам.Чун он ба унвони як иқдоми ибтикорӣ ва тоза рисолаташ дар ин аст,ки шохаҳои  буридаро дар бустонсарои дурри дарӣ дубора пайванд занад ва дар шоҳроҳи Эҳёи Аҷам гомҳои тоза бардорад.Ба як калом бояд гуфт;"Зангулазанон гузашт борон " зангулаи гузари борони ҷудоиро дубора  ба садо даровард ва аминем,ки  ин гузар бебозгашт аст.

    Азизони пажуҳишгари мо дар ин китоб адабдустони ошно бо хати ниёконамонро дар Эрон ва Афғонистон ва дигар гушаҳои ҷаҳон бо адабиёти навини Тоҷикистон ошно мекунанд. Ҳарчанд дар гузашта талошҳое дар ин росто анҷом пазируфта ,аммо ба мушаххасӣ ва ҷомеъияти кори Беҳрӯз ва Муҷиб набудааст.

     Акнун интизор ин аст,ки талоши ҳаммонанде барои ошно кардани мардуми тоҷик бо осори адабии ҳамрузгоронамон аз Эрон ва Афғонистон сурат гирад.Шояд бахше аз ин рисолати заруриро Беҳрӯз ва Муҷиб ба уҳда бигиранд.Мо барои пешрафташон   аз Холиқи  калому қалам дархости мадад дорем.

Бо эҳтиром: Ҳошим Холзодаи Некварз