Турбати Чом
Худои бузургро сипосгузорем, ки баъд аз 5-соли икомат дар Машхади мукаддас хамрохи хонаводахои чамъе аз мардони рушанфикри Осиёи Миёна ба шахри Турбати Чом сафар кунем. Ин сафар рузи чумъа дар таърихи 22 июли 2011 баробар бо 31 тири 1390-и хичрии шамси ба 20 шаъбони 1432-и хичрии камари иттифок афтод. Хадафи аслии ин сафар маънави зиёрати оромгохи орифи бузурги Хуросон, кутби маънавияту ирфон, жандпили ишку имон, шайх-ул-ислом Ахмади Чом буд, ки ба лутфи яздон дар остонаи мохи шарифи рамазон сурат гирифт. Дар ин сафар мардони огохе монанди Хайруддини Косими аз Панчакент, Абдуллои Зухур аз Хатлон, Чанобили Музаффарзода аз Самарканд, доктори таърих Абдулвохид Юлдошев ва шоир Масъуд Мирзо аз водии Сух ва нависандаи ин хотирот Бехрузи Забехулло Сайидхоча аз Дарвоз хамроху хамсафари хам будем
. Турбати Чом маркази шахристони Турбати Чом ва яке аз шахрхои кухани Хуросони бузург аст. Номи кунунии шахр аз турбати шайх Ахмади Чом гирифта шудааст ,аммо дар тули таърих ин шахр бо номи Бузчон, Бузгон, Бучкон, Бужгон,Зом, Сом ва Чом низ шинохта мешудааст. Аквоми мухталифе дар Турбати Чом зиндаги мекунанд, ки форсхо, туркманхо, балучхо ва арабхо аз мухимтарини онхо хастанд. Ибни Батута мегуяд: " Маъруфтарин авлиёи он шахр валии зохид Шахобуддин Ахмади Чоми аст. Ахмади Чоми ончунон шухрат дошт, ки дар поёни саддаи хаштум амир Темур кабри вайро зиёрат намуд
Кобили зикр аст, ки мазори жандапилро Насируддин Мухаммади Хумоюн подшохи Хиндустон( Падари Акбаршох ва писари Бобур) низ дар рузи шанбе 14 шаволи санаи 951 хичрии камари зиёрат намуда рубоии зерро дар пора санге гаронбахо хакоки карда ба расми ёдбуд такдими мутаваллиёни оромгохи шайх-ул-ислом Ахмади Чом кардааст. Рубоии Мухаммади Хумоюн чунин аст:
Эй рахмати ту узрпазири хама кас
Зохир ба чаноби ту замири хама кас
Даргоху дари ту киблагохи хама кас
Лутфат ба карашма дастгири хама кас
Шахри Турбати Чом дар фосилаи 163 км-рии Машхад ва дар наздикии марзи Афгонистон чойгир шудааст. Дар масири Машхад-Турбати Чом шахрхои Фураймон, Насробод ва Мехмоншахр карор доранд. Табиати он дашти буда дар тули ин масир хеч рудхонае ба чашм намерасад. Мо точикхо аз набуди об дар ин даштхои васеъ ва камбуди замину зиёдии оби рудхона дар кишварамон афсус мехурдем.Аммо иродаи Худованд ба хости мову шумо бастаги надорад. Оби ошомидани ва заминхои кишоварзии ин шахристон аз оби чоху канот таъмин мешавад. Дар бораи Чом Хамдуллохи Муставфи дар карни хаштум мегуяд:" Богистони бисёр ва мева бешумор дорад ва оби шахру вилоят мачмуъ аз канотхо(Канавот) аст ва аз мазори акобири Турбат жандапил Ахмади Чом он чост ва дар он чо иморате ва гунбаде оли Хоча Алоуддини Мухаммад сохта ва дигар мазороти мутабаррика бисёр аст
Туро чун ман хама олам гулом аст
Маро ишки ту дар олам тамом аст
Хама шохону хубони чахонро
Кади ту донаву зулфи ту дом аст
Шароби васли ту хурдан халол аст
Даме бе ёди ту будан харом аст
На дар масчид гузорандам, ки ринди
На дар майхона к-ин хаммори хом аст
Рахи майхонаву масчид кадом аст
Ки хар ду бо мани мискин харом аст
На масчид хохаму майхона, эй ёр
Ки масчид донаву майхона дом аст
Чу Ахмад аз дилу аз чон ба хар су
Хамеша бар рахи мардон гулом аст
* * *
Пушид танам чомаи бадномиро
Нушид лабам чуръаи нокомиро
Зулфу рухи мушкини ту овард бурун
Аз тавба хазор Ахмади Чомиро
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.