Дидгохи андешамандони чахон дар бораи Мавлоно
Кунгураи баиналмиллалии бузургдошти 800-умин солгарди Мавлоно
Чалолуддини Балхи рузхои 28 октябр то 1-уми ноябр дар шахрхои Техрон
ваТабрези Ирон баргузор шуд.
Дар ин кунгура беш аз 300 мавлонопажух аз 30 кишвари чахон аз чумла
Русия,Фаронса, Олмон, Амрико, Канада, Япония, Хитой, Юнон,Миср, Хиндустон,Точикистон, Сурия ва дигар мамолики олам
ширкат карданд.
Бузургтарин хайат барои ин кунгура (худуди 50 нафар) аз Точикистон
омада буданд,ки шомили донишмандон,шоирон ва хунармандони точик
буданд.
Дуктур Махмуди Ахмадинажод-Раиси Чумхурии Исломии Ирон дар маросими
ифтитохи ин хамойиш вокеъ дар солуни Ичлоси сарони кишвархои исломи
дарТехрон гуфт:Мавлоно мутаалик ба кавм,миллият,нажод ва мазхаби хосе
нест,зеро у ба камолоти инсони расида буд.Дуктур Ахмадинажод рози
човидонагии хазрати Мавлоноро ишку мухаббат ба худои мутаъол ва такяи
у ба забони пуррамзу рози Порси арзеби кард.
Дуктур Хадоди Одил -Раиси Мачлиси шурои исломии Ирон ва раиси олияи
кунгураи баиналмиллалии Мавлоно низ дар ин хамойиш гуфт:Мавлоно
парвардаи хикмат,ирфон ва маъорифи исломи буд ва мавлонопажухон дар хар кучое
бояд ба хакикати паёми Мавлоно ва гавхари аслии андешаи у ки хамон
маорифи Куръони аст,таваччух намоянд.
Раиси Мачлиси шурои исломии Ирон хамчунин зимни нигарони аз бархе
таъбиру тафсир ва бардоштхои воруна аз Мавлоно дар чахон таъкид кард,
хеч мавлоношиносе бидуни донистани забони порси наметавонад андешахои он
орифи ворастаро дарк кунад.
Дуктур Хадоди Одил афзуд:Мавлоно ба башарияти имруз паёме дорад ва
паёми Мавлоно ин аст,ки ин чахон чоне дорад ва мо бояд чони чахонро
бишносем.
Профессор Човид Икбол фарзанди аллома Мухаммад Икбол низ дар ин кунгура
таъкид кард:Андешахои Мавлоно дар чахони пурошуб ва фитнахези имруз
барои тахкими эътикод,ахлок ва хамгаройии кавму миллият ва мазохиби
гуногун бехтарин рохнамо ва дастуруламал махсуб мешаванд.
Хонум Онобел Киллар -устоди донишгохи Кембричи Амрико ки Маснавии
Маънавиро тадрис мекунад гуфт:Мавлоно дигар мутааллик ба аквоми
форсизабон нест, балки у мутааллик ба тамоми башарият аст.Вай афзуд:Мавлави яке аз
махбубтарин шуаро дар Амрикост. Агарчи дах сол пеш камтар касе бо номи
Ӯ ошнойи дошт,акнун дар саросари донишгоххои АМРИКО дарсхое барои
шинохти осораш ташкил шудааст. Ба гуфтаи вай он чиимизони махбубияти
уро бештар ошкор месозад танзими оханг бар руи ашъори Мавлави аз суи
гурухе аз хонандагон ва ситорахои синамои Амрикост.
Ба гуфтаи бисере аз манобеъ зарфи дах соли гузашта тарчумаи осор ва
ашъори Мавлави беш аз хар шоири дигар дар Амрико ба фуруш расида аст .
дар чустучуи интернети бо навиштани номи у беш аз 800-хазор натича ба даст
меояд.
Дуктур Окиро Мотсумуту-донишманди япони хам, дар ин хамойиш ки дар
бораи "Фалсафаи забони Мавлоно" суханрони мекард афзуд:Мавлоно яке аз
бузургтарин хунармандони арсаи сухан дар чахон аст.Мосумуту мегуяд аз
назари Мавлоно сухан наметавонад тамоми хакикатро баён кунад,аммо метавонад
инсонро ба хакикат рохнамойи кунад.
Профессор Нодир Одилов-Мавлоношиноси точик ,ки худуди 50-сол пеш барои
аввалин бор дар Шуравии собик рисолаи илмии худро дар бораи андешахои
фалсафии Мавлоно дифоъ кардааст,муътакид аст,ки хазрати Мавлоно аз
бунёнгузорони тархи сулхи чахони аст.Ба гуфтаи вай тархи тафохуми
байни мазхабии Мавлоно ба маънии сарфи назар кардан ва ё кутохи дар ичрои
шариати илохи нест,балки хазрати Мавлоно идеяи хамзистии миллиятхо ва
мазхабхои мухталифи чахонро аз матни Куръон ва таълимоти Илохи
истихроч кардааст.
Профессор Симон Сургенфри низ гуфт: Аз назари Мавлоно шинохт ва
маърифати худо мухимтарин рох ва аслитарин мехвари вахдати башари
аст,зеро агар таваччух зохир шавад бисёре аз ихтилофоти кавми,нажоди ва мазхаби
ангезаи сиёси ва ичтимои доранд,ки тавассути сохибони зару зур ва
дунёталабон дар миени чомеахои башари бо хадафи хифзи манофеи нафсони
ва дунявии онон таррохи шудаанд,аммо Мавлави мегуяд;
Маснавии мо дукони вахдат аст,
Ғайри вохид хар чи бини он бут аст.
Дар ин хамойиш мавлонопажухон назари бархе муддаиёнро,ки Хазрати
Мавлоноро ба аклситези муттахам мекунанд котеъона рад карда таъкид
намуданд,ки Мавлоно дар осори худ беш аз 300 байт дар ситойиши акл
сурудааст.Донишманди ирони Саиди Рахимиен бо баррасии назарияи аксоми
акл дар осори Мавлоно дидгохи ин орифи ворастаро дар бораи акл бо далоили муътамад
собит кард.Магар мешавад бузургвореро,ки фамуда:
Хотами мулки Сулаймон аст илм,
Чумла олам сурату чон аст илм.
Ба аклситези муттахам кард?
Ба хамин тартиб хамойиши асли дар Техрон дар хафт бахши тахассуси аз
кабили
Бахши хикмат ва фалсафа
Бахши ирфон ва дин,
Бахши Мавлави чахони муосир,
Бахши тафохуми байни мазхаби ва фарханги,
Бахши хунар ва зебои,
Бахши достонпардози ва
Бахши забон ва адабиет
баргузор шуд.
Дар ин нишастхои тахассуси 140 устод ва пажухишгар аз кишвархои
мухталиф суханрони ва худуди 200 мавлоношиноси дигар дар мизхои
мудаввар ибрози назар карданд.
Гуфтанист мачмуи маколоти ин кунгураи байналмиллали дар шакли як мачмуа
мунташир хохад шуд.Хамчунин маколоти пешхамойишхое,ки то кунун дар
Ирон баргузор шуда буданд дар шаш чилд дар дасти чоп аст ,ки дар
рузхои наздик дар ихтиёри алокамандон карор хохад гирифт.
Хиндуву Кипчоку Румиву Хабаш,
Чумла якранганд андар гури хваш.
То бидони к-он хама рангу нигор,
Чумла рупушасту макру мустаъор.
Ранги боки сибғатуллох асту бас,
Ғайри он барбаста дон хамчун чарас.
Дар вокеъ хамойиши байналмиллалии Мавлоно дар Ирон мисдоки ин
гуфтахои хазрати Мавлоно буд,зеро намояндагони кавму нажод ва адёну
мазохиби мухталиф дар сарзамини гуфтугуи тамаддунхо даври хам омада буданд то
аз хони пурнеъмати ин андешаманди тавоно коми чон ширин кунанд.
Дар ин кунгура амрикоиву урупои ва осиёиву африкои аам аз мусалмону
масехи ва бутпарасту яхуди ошикона даври мехвари андехшахои Мавлоно
мечархиданд,ки баёнгари ниёзи шадиди инсони мудерни имруз ба назариёти
башарии хазрати Мавлоно буд.
Ба хамин тартиб дар хамойиши байналмиллалии Мавлоно дар Техрон таъкид
шуд,ки дар замони рушди босуръати чахонишави ки забону фарханг ва
кавму миллиятхои кучакро тахдид мекунад ва касд дорад як фарханги худсохти
мошиниро чойгузини онхо намояд барои хифзи танаввуи фарханги дар чахон
бояд аз осор ва андешахои башарии хазрати Мавлоно кор гирифта шавад.
Мунбасит будему як чавхар хама,
Бесару бепо будем он сар хама.
Як гухар будем хамчун офтоб,
Бе гирах будему софи хамчу об.
Чун ба сурат омад он нури сара,
Шуд адад чун сояхои кунгура.
Кунгура вайрон кунед бо манчаник,
То равад фарк аз миёни ин фарик.
Бехрузи Забехулло-Техрон.
1 Ноябри 2007
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.