Андешаҳои башарии ҳазрати Мавлоно

Инсон ва инсоншиноси аз мавзухои мехварии осори хазрати Мавлоно аст.Тамоми мавзухои дигаре,ки дар осори он орифи бузургвор матрах ва барраси шудаанд,бегумон бо мавзуи инсон иртибот доранд ва ба хотири гушодани мохияти аслии ин хадафи нихойии офариниш будааст.Ба иборати дигар таъкиди хазрати Мавлоно ин аст,ки"Максуд зи чумла офариниш моем" ва тамоми неру ва тавони маънавии худро барои исботи хамин фарзия(Теорема) сарф кардааст.Дар вокеъ паёми хазрати Мавлоно ба башарият ин аст,ки ин чахон чоне дорад ва мо бояд чони ин чахонро,ки хамон инсон аст,бишносем

 

             Ди шайх бо чароғ хамегашт гирди шахр,

             К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

 

  Ин бузургмард башари ноогохро ба кирми пилла ташбех мекунад,ки аз хирс он кадар даври худ тор метанад,ки саранчом худ асири доми хеш мешавад.

Ба назари Мавлоно хеч илме шарифтар аз илми худшиноси нест,аммо мутаассифона ин инсон,ки хар гирехеро мегушояд ва хар муеро мешикофад хештани хешро фаромуш кардааст.У дар китоби "Фийхи мо фийхи" дар ин замина мегуяд;"Акнун хамчунин уламои ахли замон дар улум муй мешикофанд ва чизхои дигарро,ки ба ишон тааллук надорад ба ғоят донистаанд ва ишонро бар он ихотаи кулли гашта ва он чи мухим аст ва ба у наздиктар аз хама он аст,худии уст ва худии худро намедонад.Хама чизро ба хилла ва хурмат хукм мекунад,ки ин чоиз аст ва он чоиз нест ва ин халол аст ва ё он харом аст,худро намедонад,ки халол аст ё харом,чоиз аст ё ночоиз,пок аст ё нопок аст"

   Мавлоно ,муътакид аст,ки башар як гирахи асли дорад,ки агар онро бигшояд ба некбахти мерасад ва он гирахи хештани хеш аст.

 

                  Бахри он пайғамбар инро шарх сохт,

                  Хар ки худ бишнохт яздонро шинохт.

 

     Вале одами тамоми умри гаронбахои худро дар гушудани гиреххое ба хадар медихад,ки аз гушоиши он чизе оидаш намешавад ва чавхари хакики ва малакутиаш шукуфо намегардад.Дар Точикистони мо ин хадис хеле забонзада ва роич аст.Хамаи гуруххо дар бахсу мунозирахо аз он истифода мекунанд.

Аммо суоли соддаи мо ин аст,ки манзур аз худро бишнос то Худои худро бишноси" дар асл чист?Яъне мо чиро дар хештани хеш бишносем,ки Худошинос,растагор ва озода бошем? Миллатамонро? Зодгохамонро? Кишварамонро?Ному насабамонро? Аъзои баданамонро,чиро

Дар як калом,худшиноси-шинохти хуввияти хеш аст,аммо хуввияти аслии инсон чи хаст? Чисм аст, Рух аст, андеша аст, нутк аст, калб аст,чи хаст?

    Тавре дар боло гуфтем,урафо ва хакимони раббони хадаф аз офариниши олам ва кулияи мавчудотро вучуди мубораки хазрати одам медонанд.Онхо барои тайиди ин назари худ ба хадиси "Кунту канзан махфиян...",ки аз хазрати Довуд(а) ба ёдгор мондааст ишора мекунанд

  Маънии хадис ин аст,ки Худованд фармуда:"Ман ганче нихони будам,дуст доштам шинохта шавам ва офаридам халкро.

Урафо мегуянд Худованд вакте вучуди инсонро аз гил офарид сипас дар ин колбад аз рухи худ дамид.(Ва нафахту фийхи мир-рухи) ва уро бо омузиши тамоми асмо ва сифоти хеш бар хамаи махлукот бартари дод.Мавзуъ ва мо0ияти асосии "Маснавии Маънави" хам талоши хамин рухи зиндони дар колбади инсон барои бозгашт ба ватани аслии хеш мебошад.

 

Бишнав аз най чун хикоят мекунад,

Аз чудоихо шикоят мекунад.

К-аз найистон то маро бибридаанд,

Аз нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хохам шарха-шарха аз фирок,

То бигуям шархи дарди иштиёк.

 

Яъне аз диди Мавлоно одами дорои макоми улви буда ва чой дар малакути аъло дорад ва бар асари дилбастаги ба таалукоти дуняви ва сар ниходан ба хохишхои нафсони,ки хостгохи тамоми олудагихо,зиштихо ва фуруафтодаги аз макоми инсони гирифтор омада ва аз асли хеш чудо мондааст.

            Мавлави низ дар Маснави маншаи аслии рух ва хубути он ба дунёи модда ва низ бозгашти дубора ба манзилгахи хакикиро матрах мекунад.Онхо,ки аз ин чудои синаи шарха-шарха доранд ва орзуи пайвастан ба асл ва мабдаи кулро дар сар мепарваронанд ногузир аз тазкия ва тахзиби нафс ва пархез аз хавасхои нафс хастанд то сабукбол ва сабукбор рохи водии дустро пеш гиранд.Урафо хастиро тачаллии Хак медонанд,ки бо таназзул дар панч мартаба бад-ин сурат даромадааст.

 

   Маротиби таназзули хазрати Хак бад-ин тартиб аст

Аввал,олами итлок ё беранги.

Дуввум,олами мусаммо ё вохидият.

Саввум,олами арвох.

Чахорум,олами мисоли ё хиёл.

Панчум,олами ачсом.

 

Ибни Араби он хакими раббони мегуяд: "Дар вокеъ як тачалли беш нест аммо маротиби тааюн (пойин омадан) аз мабдаи тачалли фарк мекунад.Ва нисбати тааюн ба асли вучуд нисбати соя бо шахс аст.Соя мавчудият дорад,аммо на мавчудияти хакики,зеро ки вучуди соя аз худи у нест.Асли он шахс аст,аммо шахс аз соя ва соя аз шахс чудо намешавад. Ва ин ки сояро мебинем дар натичаи нур аст.Аз соя хамин кадар метавон фахмид,ки сохиби сояе хаст. Пас олами мавчудот сояи Хак аст.Хол,чохил сояро дар канори шахс як мавчуди хакики мепиндорад,аммо ориф медонад,ки соя вучуди мавхум аст ва хеч чуз сохиби соя нест.

       Дар вокеъ ин мавчудот чи дар маротиби олами боло,ки каламрави рухоният аст ва чи дар маротиби пойинтар,ки чисмоният дар онхо ғалаба мекунад ба лихози хуввияти Хак яке хастанд.Яъне хакикати Хак ба таври яксон дар хамаи он мавчудот сараён дорад.Пас худро бишнос,ки кисти ва хуввияти ту чист?Ва чи нисбате бо Хак дори?Ва ба чи эътибор ту хаки?

     Нисбати Хак ба сояи хосе аз хурду бузург ва софиву софитар монанди нисбати нур аст ба шишае,ки миёни нур ва бинанда хичоб мешавад.

   Нур ба ранги шиша дар меояд ва хол он ки нур дар вокеъ ранг надорад,вале ин тавр менамояд.

Бинобарин,касе ки ба хакикати Хак мутахаккик гашта сурати Хак дар у бештар аз дигарон зухур дорад.

     Ва маълум аст,ки мо махлукот бо якдигар ниёзмандем вале асмои мо хамон асмои илохи аст.Ниёзмандии мо низ бешак ба у бармегардад ва аъёни мо дар вокеъ чуз сояи Хак нест ва ғайри Хак нест,пас хуввияти мо на хуввияти мост,ки хамУст."(Накли маъни)

       Яъне,маъни ва мохияти худшиноси назди орифон ва хакимони раббони хамин аст,ки аз кавли Ибни Араби(р) ба таври  мухтасар ва нихоят фишурда дар боло зикр кардем.

       Бо ин мууаддимае,ки гуфта шуд ба назар мерасад,ки дарки маънии худшиноси ва инсони комил осонтар шуда бошад.Хазрати Мавлоно ғафлат ё нашнохтани худро,балои олами башари арзёби кардааст.

 

Гуфт бо дарвеш рузе як хасе,

.Ки туро ин чо намедонад касе

Гуфт у: гар менадонад омиям,

Хешро ман нек медонам киям.

Вой агар баръакс буди дарду реш,

У буди бинои ман,ман кури хеш.

 

Мавлоно муътакид аст худшиноси вакте хосил мешавад,ки одами аз хештани козибаш,ки хамон маният аст,бигзарад.Ин хештаншиноси танхо аз тарики тасфияи ботин хосил мешавад,зеро то замоне,ки одами мафтуни накшу нигорхои зохири худ аст,наметавонад хуввияти хакикии хешро бишносад.  Сипас меафзояд касе ки худро нашносад  бо нафси амморааш хуби мекунад ва бо дигарон душмани меварзад ва натичагири мекунад,ки чавхари тамоми донишхо худшиноси аст.

 

Чони чумла илмхо ин аст ин,

Ки бидони ман киям дар явми дин.

Он усули дин бидонисти ту,лек

Бингар андар асли худ гар хасти нек.

Аз усулайнат усули хеш бех,

Ки бидони асли худ,ай марди мех!

Аспи химмат суи ахтар тохти,

Одами масчудро нашнохти.

Охир одамзодаи,ай нохалаф!

Чанд пиндори ту пастиро шараф.

 

      Мавлоно акл ва рухро ду латифаи раббони медонад,ки дар чахони модди ва колбади унсури махбус шудаанд.Сипас,Мавлоно омезиши рух ва чисмро хикмати илохи ва аз шигифтихои беназири офариниш медонад,ки хеч кас аз чигунагии пайванди ин ду огох нест.Мавлоно мегуяд барои давом ва бакои чахон пайванди рух ва чисм лозим аст,зеро на рух бе чисм ба кор ояд ва чисм бе рух

 

Чисм аз чон рузафзун мешавад

Чун равад чон,чисм бин чун мешавад

Рух бо илмасту бо акл аст ёр

Рухро бо тозиву турки чи кор

 

     Хазрати Мавлоно мефармояд рух бо пойин омадан дар мархалахои мухталиф вориди колбади инсон шудааст.Сайри нузулии рух аз назари Мавлоно бад-ин шакл аст:Аз олами ғайб ё маъони ба олами чамод,аз олами чамод ба олами набот.аз олами набот ба олами хайвон ва аз олами хайвон вориди инсон шудааст.Дар сайри суудии худ рух дубора аз олами инсон ба олами малоик ва аз олами малоик ба ватани аслии хеш,ки хамон олами ғайб аст мепайвандад

 

Хамлаи дигар бимирам аз башар

То барорам аз малоик болу пар

Бори дигар аз малак курбон шавам

Он чи андар вахм н-ояд он шавам

 

       Хамон тавре ки дар оғози макола ишора кардем хакимон ва орифон муътакиданд,ки чахон ба хотири шарофати инсон офарида шудааст,яъне кабл аз он ки Худованд чахонро халк кунад,вучуди одамиро хадафи нихойии он карор додааст.Аз ин ру инсон агарчи ба зохир кучак аст ба ботин чахони бузург аст,ба ибораи дигар инсон мазхари кули чахон аст.

 

Дар фарохи арсаи он покчон,

Танг омад арсаи хафт осмон.

Гуфт пайғамбар ки Хак фармудааст,

Ман нагунчам дар хуми болову паст.

Дар замину осмону арш низ,

Ман нагунчам ин якин дон ,ай азиз.

Дар дили муъмин бигунчам,ай ачаб,

Гар маро чуйи ,дар он дилхо талаб.

 

    Хазрати Мавлоно дар "Фийхи мо фийхи" мефармояд:"Одами устурлоби Хак аст,аммо муначчиме бояд,ки устурлобро бидонад.Тарафуруш ё баккол агарчи устурлоб дорад аммо аз он чи фоида гирад ва ба он устурлоб чи донад ахволи афлокро ва даварони уро ва бурчхоро ва таъсироти онро ва инкилобро илло ғайра золик .Вучуди одами ки "Ва лакад каррамно бани одам.." устурлоби Хак аст.Чун уро Хак таъоло ба худ олим ва доно карда бошад аз устурлоби вучуди худ тачаллии Хак-ро ва чамоли бе чунро дам ба дам мебинад ва харгиз он чамол аз ин ойина холи набошад."

 

Одам устурлоби авсофи улуст

Васфи одам мазхари оёти уст

Хар чи дар вай менамояд акси уст

Хамчу акси мох андар оби чуст

 

           Хазрати Мавлоно бо таваччух ба мизони худшиноси одамиёнро ба таври кулли ба ду гурух таксим мекунад.Гурухе,ки дар махсусоти ин чахон фуру мондаанд ва рох ба дигар суи чахон набурдаанд ва гурухе,ки бо сайру сулук ба моварои амни чахон расидаанд.Гузашта аз ин,он орифи вораста мефармояд агарчи хамаи одамиён ба сурат шабехи якдигаранд аммо ба сират фарк мекунанд.Чун гавхари аслии одами сират аст барои зухури сиришти хар кас инсонхо дар бутаи озмойиш карор мегиранд.сипас хазрати Мавлоно одамиёнро аз хайси мартаба ба се гурух таксим мекунад:

.Инсони нокис

  Инсони мутаввасит.

Инсони комил

 

 Инсони нокис кист                       

       Хазрати Мавлоно дар таърифи инсони нокис дар "Фийхи мо фийхи" мегуяд:"...Ва як синфи дигар бахоиманд,ки ишон шахвати махзанд,акли зочир надоранд,бар ишон таклиф нест

Кисми дигар бо харон мулхак шуданд,

Хашми махзу шахвати мутлак шуданд.

Васфи Чибрили дар ишон буд,рафт,

Танг буд он хонаву он васф зафт.

 

                                Инсони мутаввасит кист                         

       Дар таърифи инсони мутаввасит хазрати Мавлоно мегуяд

           "Ва баъзе дар танозеъ мондаанд ва онхо он тоифаанд,ки ишонро дар андарун ранчеву дарде ва фиғоне падид меояд ва ба зиндагонии хеш рози нестанд.Инхо муъминонанд.Авлиё мунтазири ишонанд,ки муъминонро дар манзили худ расонанд ва чун худ  кунанд ва шаётин низ мунтазиранд,ки уро ба асфал-ус-софилин суи худ кашанд.Одаме мискин,ки мураккаб аст аз аклу шахват,нимаш фаришта ва нимаш хайвон,нимаш мор аст ва нимаш мохи.Мохияш суи об мекашонад ва мораш суи хок...Дар кашмакаш ва чанг аст.

 

Монд як кисми дигар андар чиход,

Ним хайвон ним хайи бо рашод.

Рузу шаб дар чангу андар кашмакаш,

Карда чолиш охираш бо аввалаш.

 

                              Инсони комил кист                                

      "...Ва баъзе малоикаанд,ки ишон акли махзанд.Тоат ва бандаги ва зикр ишонро табъ аст ва ғизост ва ба он хуриш ва хаёт аст.Чунонки мохи дар об,зиндагии у аз обаст ва  бистару болини у об аст.Он дар хаки у таклиф нест чун аз шахват мучаррад аст ва пок аст.Пас чи миннат агар у шахват наронад ё орзуи хаво ва нафс накунад?Чун аз инхо пок аст ва уро хеч мучохида нест ва агар тоат кунад онро ба хисоби тоат нагиранд чун табъаш он аст ва бе он натавон будан.Онон мутобиати акл чандон карданд,ки ба кулли малак гаштанд ва нури махз гаштанд.Ишон анбиё ва авлиёанд,ки аз хавфу ричо рахидаанд,ки ло хавфа алайхим ва ло хум яхзанун."(Сураи Юнус,ояи 62

 

Бода сармоя зи лутфи ту барад,

Лутфи об аз лутфи ту хасрат хурад.

Подшохи кун,бубахшаш,ай Рахим,

Ай карим ибнул-карим,ибнул-карим.

Хар шаробе бандаи ин каду хад,

Чумла мастонро бувад бар ту хасад.

Ай рухи чун зухраат шамсуз-зухо,

Ай гадои ранги ту гулгунахо.

Ай хама дарё! Чи хохи кард нам,

В-ай хама хасти! Чи мечуи адам,

Ай махи тобон чи хохи кард гард,

Ай ки мах дар пеши руят руйзард.

Точи каррамност бар фарки сарат,

Тавки аътайнока овези барат.

Чун худо андар наояд дар аён,

Ноиби Хакканд ин пайғамбарон!

 

         Ба дунболи таърифи  инсони комил,хазрати Мавлоно ба баррасии вижагихои он мепардозад.Инсони комил аз дидгохи Мавлоно дорои вижагихои фаровоне аст,ки матрах кардани онхо дар колаби ин макола намегунчад,бинобарин мо танхо бо зикри омории бархе аз  вижагихои инсони комил бахсро ба поён мебарем.

 

.Инсони комил халифаи Худо дар замин аст

.Инсони комил рушанбин аст

. Воситаи файз аст

Бар замир ва асрори мардум огох аст

 .Муштоки кашфи асрори лохут аст

.Корхояш бар асосиххикмат аст

.Начотдихандаи асирони олами махсусот аст

.Вахдатдихандаи башар аст

.Колбадаш дар табиат ва равонаш дар моварои табиат аст

.Инсони комил мизони Хак аст

 

Он диле к-аз осмонхо бартар аст,

Он дили абдол ё пайғамбар аст.

Пок гашта он зи гил софи шуда,

Дар фузуни омада вофи шуда.

Он ки бидхад бе умедие судхо,

Он Худой аст,он Худой аст,он Худо.

Ё валии хак ,ки хуи Хак гирифт,

Нур гашту тобиши мутлак гирифт.

 

Бешубха ,андешахои  инсоншиноси ва башарии хазрати Мавлоно назир надорад ва хеч инсоншиносе дар таърихи башар дар сатхи Мавлоно дар бораи хакикати гавхари вучудии инсон бад-ин гуна тахкики густурда ва комил анчом надодааст.Аз ин чост,ки бо гузашти 800-сол ,дар хар гушаи чахон,ки осори Мавлоно тарчума шавад мардуми он сарзамин дилбохта ва муштоки андешахои башарии он бузургвор хоханд шуд.

   Хулоса,хамон тавр ки дар маколахои гузашта ишора шуд ба акидаи чумхури мавлонопажухон "Маснавии маънави"-и хазрати Мавлоно тафсири ирфонии Куръони карим аст.Устод Бахоуддини Хуррамшохи аз андешамандони саршиноси Ирон дар мукаддимаи китоби "Куръон ва Маснави" менигорад:"Бо дидани жарфову густара ва фаровонии нуфузи оёт ва ибороти куръони дар зехн ва забони Мавлоно ва дар тору пуди абёти "Маснави чи дар русохт ва чи дар жарфсохти он ба ин натича расидем,ки агар "Маснави"ро аз тафсирхои ирфонии Куръони Карим ба шумор оварем,муболиға накардаем.Албатта бо ин тавзех,ки ин тафсир бо он ки бисёр фарогир аст,тафсир ба маънои фанни ва хирфаи нест,аммо шорехи бисёре аз хакоик ва дакоики Куръон аст ва дар таърихи 1200-солаи адаби порси хеч асари ирфонии дигаре бо он дарача аз пайвандхои пайдо ва пинхон бо Каломуллохи мачид,вучуд надорад.”

     Умедворам,ки ин хушахое,ки аз хар хирмане дар бораи андешахои башарии хазрати Мавлоно чамъовари кардам мавриди писанд ва истифодаи судманди муштокони он валии Худо карор гирифта бошад ва бандаи хакирро аз дуои хеш бенасиб нагардонанд