Ичбори шудани донистани забони точикй барои намояндагони Мачолис дар Точикистон
Мачлиси намояндагони Точикистон рузи чаҳоршанбе 13-уми июн бо тасвиби қонуне, донистани забони точикиро барои тамоми масъулони давлатй аз чумла намояндагони Мачлиси ин кишвар ичборй кард.
Додихудо Саймуддинов- раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Точикистон ҳангоми ташреҳи ин мавзӯъ гуфт: аз ин ба баъд бар асоси қонуни чадид, донистани забони точикй барои кулияи номзадҳои мачолиси Намояндагон ва Миллй ва ҳамчунин аъзои шӯроҳои шаҳрй, вилоятй ва ноҳияҳо ҳатмй мешавад. Оқои Саймуддинов афзӯд: ҳар фарде, ки намояндаи мардум дар порлумон ва шӯроҳои шаҳру вилоят мешавад, бояд мусаллат ба забони точикий бошад ва ҳангоми суханронй бо забони меъёри адабй сӯҳбат кунад, на лаҳчаҳои маҳалй.
Додхудо Саймуддинов таъкид кард: тамоми асноди афроди довталаб барои ширкат дар интихоботи мачолис ва шӯроҳои ёдшуда низ бояд ба ин забон ироа шаванд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Точикистон афзӯд: ин тағйирот баъд аз ислоҳоти суратгирифта дар дигар базшҳои забони точикй дар соли 2009, сурат мегирад.
Донистани забони давлатй барои намояндагони мардум дар ҳоле ҳатмй мешавад, ки аз қабули нахустин қонуни забони точикий бист сол сипарй мешавад. Абдулфаттоҳ Воҳидов- хабарнигори точик дар мавриди иллати роич шудани лаҳчаҳои маҳалй дар миёни сиёсатмадорони ин кишвар мегӯяд: Дар он замон забони аҳли сиёсат ва масъулон дар кишвар русй буд ва пас аз тасвиби қонуни забон дар соли 1989 ин тоифа ба гуйиш ва лаҳчаҳои маҳалии хеш рӯ оварданд ва онро минбарй карданд. Ба гуфтаи вай бо гузашти бист сол ин талоши забондонии масъулон ба як одат табдил шуд ва ба забони меъёр латма ворид кард.
Аммо Додхудо Саймуддинов мӯътақид аст, ки зарба ба забони меъёри форсии точикй, пас инқилоби болшевикии Октябр ворид шуд, зеро дар ҳамон замон пояи забони адабй бар асоси лаҳчаи маҳали хосе бунён ниҳода шуд. Ба гуфтаи вай ҳаргиз лаҳчаи маҳалй наметавонад чойгузини забони меъёри точикй-форсй бошад.
Ҳадятуллоҳи Сафар-чомеашиноси точик бошад иллати тасаллути лаҳча бар забони меъёрро бархоста аз ангезаи мудирони ин кишвар медонад. Ба гуфтаи вай дар Точикистон мудирони радаи боло аз ҳар маҳале тайин мешуданд лаҳча дар забони гуфтугӯи чомеа роич мешавад ва мардум низ аз он пайравй мекунанд. Оқои Сафаров афзӯд дар замони Шуравй раҳбарони ин кишвар ҳамеша бо забони маҳалии хеш сӯҳбат мекарданд ва аз ин рӯ, гуйиши маҳалии раҳбарони кишвар бар забони меъёр тасаллут пайдо мекард.
Дар ин миён, бархе соҳибназарон вуруди бархе вожаҳои ноб аз лаҳча ба забони меъёрро кори баде намедонанд, аммо мухолифи меъёр қарор додани лаҳчаи минтақаи хосе барои забони адабй ҳастанд.
Аввалин бор, аз нимаи дуввуми даҳаи ҳаштоди мелодй, ки раванди озодй ва бозслзй дар Иттиҳоди Чамоҳири Шуравии собиқ оғоз ва шитоб ёфт, ду тан аз рушанфикрони точик бо номи Зафар Нозим ва Мазҳабшо Муҳаббатшоев таъсиси бунёди забонро пешниҳод карданд то бо ёрии Мачлиси Олии Точикистон дар баҳмани 1989 ба тадвини қонуни забон бипардозад.
Ин кумита пешнависи қонуни забони точикиро тадвин кард ва барои баҳсу нақди ҳамагон дар матбуот ба чоп расонд.
Бо вучуди мухолифатҳо дар рӯзи 22 июли 1989 дубора забони давлатй дар Мачлиси Олии Точикистон ба тасвиб расид ва тибқи он "Забони форсии точикй" расмият ёфт ва бар асоси моддаи 26-и он бозгашт ба алифбои ниёкон(форсй) ва фарогирии ин хат аз сӯи донишомӯзон илзомй шуд.
Ҳамчунин муқаррар шуд ин қонун то поёни соли 1996 комилан ичро ва форсии точикий дар тамоми ниҳодҳои давлатй ва ғайридавлатй ба тадрич чойгузини забони русй шавад, аммо ин амр то кунун таҳаққуқ наёфтааст.
Аммо мухолифат бо забони форсй бо ҳамин ба поёни нарасид. Коммунистҳои муғриз баъд аз пирузии чабҳаи халқ, ки чонибдори эҳёи Шуравй буданд дубора алайҳи забони форсй иқдом карданд. Ба навиштаи академик Муҳаммадчон Шакурии Бухорой:"20 июли соли 1992 дар ичлосия Шӯрои Олии Чумҳурии Точикистон лоиҳаи қонуни асосй баррасй шуд. Яке аз бандҳои қонуни асосй ин буд: забони давлатии Чумҳурии Точикистон забони точикий-форсй мебошад. Шӯҳрат Султонов намояндаи як вилояти бузурги кишвар пешниҳод кард, ки аз банди қонуни асосй калимаи форсй ҳазф шавад. Султонов барои ин пешниҳоди худ чунин далел овард, ки мо точикем на иронй ва забони мо точикий аст на форсй. Вай, ки ба забони русй суханронй мекард, гуфт: ман фахр мекунам, ки точик ҳастам ва мо миллат ва забони худро бояд мояи ифтихор бидонем. Бо таассӯфи комил порлумони вақти Точикистон бо дасисаҳои коммунистҳо ва душманони забони форсй, он рӯз тасмим гирифт, ки вожаи форсй аз таркиби номи забони миллии точикон ҳазф шавад."
Гуфтани аст, дар замони султаи Иттиҳоди Чамоҳири Шуравии собиқ бар он кишвар, ба забонҳои даҳҳо қавм аз чумла форсии точикй бо қидмате беш аз як ҳазор сол ва осори фаровони адабй ва илмй, осебҳои зиёде ворид шуд.
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.