Маҳдудияти вуруд ба бархе сойтҳо дар Тоҷикистон
Дар Точикистон дастрасй ба бархе аз сойтҳои интернетй ғайримумкин шудааст. Корбарони интернетии точик мегуянд аз таърихи 2-уми март дастрасии онон ба шабакаи ичтимоии "Фейсбук", "Полярная звезда", " "Сентразия", "TJKnews" ва сойти "Махала" ғайримумкин шудааст. Масъулони точик дар ин бора изхороти мутаноқиз пахш карданд. Бег Зуҳуров-мудири хадамоти мухобиротии ҳукумати Точикистон зимни радди масдуд кардани бархе сойтҳо дар Точикистон, иллати адами дастрасии корбарони интернетй ба бархе сойтҳоро мушкили фаннй арзёбй карда буд, на дастури ин ниҳод барои масдуд кардани сойтҳои мазкур. Зимнан, ин масъули ҳукумати Точикистон дар мусоҳибааш бо бархе расонаҳо аз матраҳ шудани бархе мавзуоти беасос дар Фейсбук изҳори норизоятй карда буд. Ба гуфтаи ин мақоми точик ахиран бархе сойтҳо дар саҳифаҳои худ иқдом ба нашри матолиби бепояву асос дар бораи фаъолияти мақомоти давлати Душанбе мекунанд, ки боиси хадшадор шудани чеҳраи онон мешавад. Ба гуфтаи Бек Зуҳуров бархе афроду гуруҳҳо бо пахши матолиби дуруғ қасди ихтилоф афканй дар ҷомеа ва ноором кардани вазъият дар кишварро доранд
Ин дар ҳолест, ки рузи 6-уми март Анчумани ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти интернетй бо ирсоли номае унвонии Хадамоти мухобироти Точикистон хостори лағви дастури баста шудани ин сомонаҳо шудаанд. Аз матни номаи Анчумани мазкур бармеояд, ки бастани бархе сомонаҳои интернетй дар Точикистон дар ибтидо бо иблоғияи шифоҳй ва баъдан бо дастури хаттии Хадамоти мухобиротии Точикистон сурат гирифтааст.Анчумани ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти интернетй дар мурочиатномаи хеш бастани бархе торнамоҳо дар ин кишварро "Бархурди ғайриҳирфай ва беасос" арзёбй карда, таъкид кардааст, ки ин иқдоми Хадамоти мухобиротии давлати Точикистон зимни латма ворид кардан ба обруи давлат дар сатҳи байналмиллалй ҳамчунин амнияти иттилоотии кишварро низ таҳти хатар қарор хоҳад дод.Ин мурочиатнома зимни беасар хондани иқдоми масъулони Хадамоти мухобиротии давлати Душанбе дар амри дастрасии корбарон ба бархе пойгоҳҳои иттилорасонй, ин равишро мучиби афзойиши эътибори ин сомонаҳо дар назди афкори умуми ҷомеа донистаанд
Асомуддин Атоев- мудири академияи шабакаҳои технологи ва иттилоотиву иртиботй дар Точикистон мегуяд: Масдуд кардани сомонаҳои интернетй хилофи қавонини Точикистон аст ва аз суи дигар ин равиш мучиби бештар шудани маҳбубияти ин сомонаҳо дар чомеа мешавад.Ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти интернетй ва бисёре аз коршиносони точик иллати бастани бархе сомонаҳо дар ин кишварро нашри чанд матлаби интиқодй ва пайнавишти як чаласаи махфии ҳукумати Точикистон дар сомонаҳои мазкур арзёбй мекунанд. Ёдовар мешавем, ки рузи 1-уми Март нашрияи "Полярная Звезда" (Ситораи қутбй")-и Русия матлаберо таҳти унвони "Точикистон дар остонаи инқилоб" ба чоп расонд, ки дар он гуфта шуда буд, ки Эмомали Раҳмон-Раиси Чумҳури Точикистон ба сохторҳои қудратии ин кишвар дастур додааст то фаъолияти ҲНИТ ва афроди ширкаткунанда дар гирдиҳамоиҳои сол ҳои 1992-ро таҳти назорати шадид қарор диҳанд. Қобили зикр аст, ки ахиран фаъолияти рушанфикрони точик дар саросари чаҳон аз тариқи шабакаҳои ичтимой бахусус Фейсбук афзойиш ёфта ва ин шабака ба минбари озоди табодули андеша ва баҳсу мунозираи ошкор дар бораи авзои сиёсё ва ичтимоии Точикистон табдил шудааст. Рушанфикрони ва чавонони точик дар шабакаи Фейсбук гуруҳҳои мухталиф ва ҳатто зидди давлати ташкил дода дар мавриди авзои дохилии кишварашон бидуни парда табодули назар мекунанд
Аз ин ру, бархе коршиносони точик ҳадс мезананд, ки ба эҳтимоли зиёд, давлати Душанбе бо ҳадафи маҳдуд кардани фаъолияти ин гуруҳҳо иқдом ба масдуд кардани баъзе сомонаҳо кардааст.
Аммо суоли асли ин чост, ки оё давлати Душанбе аз тариқи бастани сомонаҳо дар дохили кишвар метавонад ҳаракати дигарандеширо маҳор кунад ва оё ин равиш асоси қонунй дорад ё хайр ? Дар ин замина, назари коршиносони точик мутафовит аст ва аксарият, шеваи бархурди давлат бо шабакаҳои ичтимоии фаъол дар интернетро барои чилавгирй аз нуфузи андешаҳои чадид ғайри муассир талақй мекунанд. Бисёре аз корбарон низ ин иқдоми Хадамоти мухобиротии давлати Точикистонрро нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандии хеш дар дастраси ба иттилоот медонанд ва муътақиданд, ки онҳо маҳз аз тариқи шабакаҳои интернетй дар бораи авзои сиёсй ва ичтимоии кишвар иттилои воқей касб мекунанд .Дар ҳамин ҳол, сиёсатшинос Саймуддин Дустов бо ишора ба ҳудуди 40-ҳазор корбари точик дар шабакаи ичтимоии Фейсбук ва ташкили гуруҳҳои умдатан тафреҳй ва фаъолияти яку ду гуруҳи пароканда ва номувафақи зидди давлатй дар ин шабака, бастани Фейсбукро як навъ кутоҳандешй аз суи бархе масъулони давлати Душанбе медонад. Оқои Дустов дар гуфтугу бо сомонаи "Точнюз" афзудааст: Бастани сомонаи Фейсбук бо пешниҳоди ҳар кадом аз ниҳодҳои давлат, баёнгари кутоҳандешии масъулони ҳамон ниҳод буда, боиси коҳиши ҳайсияти давлати Душанбе ва обруи шахси Раиси Чумҳури Точикистон дар арсаи байналмиллалй хоҳад шуд. Раиси маркази таҳлилии "Индем" муътақид аст, ки мақомоти точик таҳти таъсири илқооти расонаҳои русй мабнй бар судури "Инқилобҳои рангй" аз тариқи шабакаҳои ичтимоии интернетй қарор гирифта, даст ба чунин иқдоме задаанд
Зафар Абдуллоев-мудири маркази таҳлилии "Континент" иллати бастани ин сомонаҳоро афзойиши фаъолиятҳои сиёсии бархе гуруҳҳои мухолифи давлати Душанбе аз тариқи шабакаҳои ичтимой дар интернет медонад. Ба гуфтаи у яке аз далелҳои вокуниши давлат метавонад басечи аъзои ҳизби Наҳзати Исломии Точикистон ва матраҳ шудани масоил ва мушкилоти ичтимоиву сиёсии кишвар аз тариқи ин шабакаҳо, бошад.Зарринаи Эргаш-хабарнигори мустақили тоҷик низ иқдоми давлат дар бастани бархе сомонаҳоро нишон аз заъфи ҳукумат дар ҳалли масоил ва мушкилоти ичтимоии чомеа, қаламдод кардааст.Гуфтанист, бастани бархе сомонаҳои интернетй дар Точикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст рузи 11-уми Март дар ин кишвар бо ҳузури Эмомалии Раҳмон-Раиси Чумҳури Точикистон аз 100-солагии таъсиси аввалин рузномаи точикй дар Бухоро мавсум ба "Бухорои шариф" таҷлил ба амал ояд

Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.