Донишмандон ишки мачозиро пояи ишки хакики медонанд. Манзур ин аст, ки хар вучуде мустаъиди пазириши ишк нест ва вучуде, ки ишкро напазирад мутахаввил намешавад ва он чи дигаргун нашавад ба камол намерасад. Аз чихат аст, ки сохибдилон ишки мачозиро мукаддимаи ишки хакики донистаанд, зеро ишк чи мачози бошад чи хакики, окибат ба хакикат мерасад

Ошики гар з-ин сару гар з-он сар аст
Окибат моро бадон сар рахбар аст

Шунидам, ки пирони тарикат афродеро ба шогирди мепазируфтаанд, ки каблан ошик шуда бошанд. Зеро гавхариён дунболи хар санге намераванд, сангеро чустучу мекунанд, ки дар дохилаш гавхар дошта бошад. Пас он сангро месоянд ва ба кавли имрузиён руи он кор мекунанд ва аз дили он гавхари гаронбахо ба даст меоранд. Бузурге дар ин бораи ишки мачози хуш гуфта

Гози ба дасти пури худ шамшери чубин медихад
То у бадон исто шавад шамшер гирад дар газо
Ишке, ки бар инсон бувад шамшери чубин он бувад
Он ишк бо рахмон бувад чун охир ояд ибтило.
Ишки Зулайхо солхо бар Юсуф омад ибтидо
Шуд ишки у ишки худо, мекард бар Юсуф кафо

Мисоли рушани соддае дар байти охир омадааст, мабни бар ин ки Зулайхо ибтидо гирифтори ишки мачози ба хазрати Юсуф шуд ва баъди он хама мочароххои печида ва расвоиу бадноми билохира ба ишки хакики табдил шуд. Он замон буд, ки Зулайхо дигаргун шуд ва аз хазрати Юсуф бениёз гардид

Иллати ошик зи иллатхо чудост
Ишк устурлоби асрори худост

Маънии байт ин аст, ки хамчунон ки каму беш ва каживу ростии кору борро тавассути тарозу муаян мекунанд " асрори илохи ва тачаллиёти чамоливу чалоли ва осори раду кабул, лутфу кахр ва нозу ниёз, ки миёни мухибу махбуб мебошад, ба тарозуи ишк пайдо шавад

Чун ишк ба дил расид дил дард кунад
Дарди дили мард мардро мард кунад
Дар оташи ишки худ бисузад чандон-к
Дузах зи барои дигарон сард кунад

Умедворам, ки ин нукоти зариф мавриди истифодаи сохибдилон карор бигирад ва моро хангоми дуои хайр фаромуш накунанд