Мухаммад бини Чаббори Суфи фармудааст: Худо сарчашмаи хамаи истидлолхост; на ин ки барои у бояд истидлол овард. У хакки мутлак ва бурхони хар чизе аст. Ин кутохбини аст, ки мо бихохем барои у далелтароши кунем; хамонгуна, ки бихохем барои исботи нур мутавассил ба руз шавем ва хол он ки руз, фаръи вучуди нур аст; ва дар хакикат нур хузураш мухточ ба исбот надорад ва худ бурхонсоз аст; яъне нафси нур бар худаш далолат дорад. Нур аст, ки парда аз чехраи ашё бармедорад ва онхоро ошкор мегардонад. Пас, ашё дигар муттаки ба нуранд; на ин ки нур дар зухури худ муттаки ба вучуди онхо бошад. Нур рушангар ва бурхони вучудии хар чизе аст; на ин ки онхо барои исботи хур бурхон ба шумор оянд 

   Агар аз дили худ дар бораи Худо бипурсем харойина Худо моро аз хар гуна чадал ва бурхоне бениёз мекунад; зеро хузураш хамвора дар дил машхуд аст

   Уст танхо сахраи устуворе, ки дар туфони ошуфтагихо панохгохи мост ва он гох ки хар чизе дар холи гарк шудан аст ба уст, ки мо муташаббис мешавем ва дар домани уст, ки худро меандозем ва дар огуши уст, ки дилхои мо таскин меёбад

   Чи бисёр аст бурхон, ки рушангари вучуди Худост; агар толиби онхо бошем

   Чи андоза бениёз аз он хама бурхонем; агар танхо ба фитрати пок ва содаи худ бозгашт кунем ва эхсосоти амики худро милок карор дихем. Зудо, ки дар дидоре баркосо хохи дид, ки хеч чиз чуз у хакикат надорад ва дар хакикат нест, ки мавчуди вокеи аст ва хар он чи мебинем чуз тачаллиёт ва афъоли у нест ва зоти бечуни уст, ки дар нихонгохи гайб хамвора мастур аст ва боз хамуст, ки пайваста дар ин чову дар он чо ва дар хар чо, ки ту боши хузури мутлак ва мустамари худро ба гунаи "лозамон" ва "ломакон" он чо, ки варои чову вакт аст менамоёнад ва аз жарфои хасти худро мешиносонад ва агар зиндагонии мо вочиди маъное аст аз баракати уст ва агар хасти хикмате дорад аз он аст, ки у вучуд дорад. Мо дуст дорем; чаро ки у хаст.

   Оре, хузури у аз паси хичобхои хайвони, алорагми гилзатхои зулмонии онхо, боз азамати осмонии худро нишон медихад. Уст, ки доиман "вучуд" дорад ва гурезгохе чуз ба суи у нест

Саъдии бузургвор хам дар ин маъни мефармояд:

Рахи акл чуз печ дар печ нест
Бари орифон чуз Худо хеч нест
Тавон гуфтан ин бо хакоикшинос
Вале хурда гиранд ахли киёс
Ки "пас осмону замин чистанд
Бани одаму дому дад кистанд?"
Писандида пурсидаи хушманд
Бигуям гар ояд чавобат писанд
На хомуну дарёву куху фалак
Париву одамизоду деву малак
Хама хар чи хастанд аз он камтаранд
Ки бо хастияш номи хасти баранд
Азим аст пеши ту дарё ба мавч
Баланд аст хуршеди тобон ба авч
Вале ахли сурат кучо пай баранд
Ки арбоби маъни ба мулке даранд
Ки гар офтоб аст, як зарра нест
В-агар хафт дарёст, як катра нест
Чу султони иззат алам даркашад
Чахон сар ба чайби адам даркашад