Абулкосими Хаким гуяд: андух-бемории чон аст хамчунон, ки дард-бемории тан ва шоди -гизои чон аст хамчунон, ки таъому шароб-гизои тан

Андар ин умре, ки беш аз барк нест

Гар бигирйи в-ар биханди фарк нест

 

Анвои шоди

 

Чумлаи шодихо се аст

яке шодии харом аст

яке шодии макрух

яке шодии вочиб 

Он чи харом аст ба маъсият(гунох) шод будан аст ва он ин аст, ки кавлаху таъоло: "Ло тафраху инналлоха ло ухиббул фарихин" яъне он кадар магрур ва шодмон мабош, ки худо харгиз мардуми пургуруру нишотро дуст намедорад ( Сураи Касас, ояи 76), "Иннаху лафарихун фахур" яъне хамоно инсон саргарми шодмони ва мафохират аст. ( Сураи Худ, ояи 10)

-Ва он чи макрух аст, ба дунё шод будан аст ва ин аст, ки гуфт кавлаху таъоло:"Фариху билхаётид-дунё" яъне (ин мардуми кофар) ба зиндагони ва матоъи дунё дилшоданд (Сураи Раъд, ояи 26) ё худ: вало тафраху бимо атокум-харгиз ба он чи ба шумо расад дилшод нашавед. (Сураи Хадид, ояи 23)

Ва он чи вочиб аст, шоди аст ба Хак ва он ин аст, ки гуфт:Фабашширу бибайъикумул-лази биайъитум- ай ахли имон шумо худ дар ин миомила башорат дихед, ки ин муомила бо Худо ба хакикат саъодат ва фирузии бузурге аст ( Сураи Тавба, ояи 111

-Аммо шодии харом, бадон дил мирад ва появу асос барканад ва дуст-душман кунад.

-Аммо шодии макрух, аз он обруй кохад ва фитна афзояд ва умр товон ояд

-Ва аммо шодии вочиб се аст

Шодии мусалмоне аст, ки банд баргирифт ва дар гушод ва бор дод

-Шодии миннат аст, ки аз итоб озод кард ва аз шубхат рахо кард ва ба хакикат шод кард

-Дусте аст, ки мардро унс дод бе халк ва тавонгари дод бе ганч ва иззат дод бесипох

 

Манбаъ: Насихат-ул-мулук