Мавлави Тахори:"Точикон дар ояндаи Афгонистон накши мухиме хоханд дошт"
Саифуддини Тахори маъруф ба мавлави Тахори аз аъзои аршади Чамъияти Исломии Афгонистон ва яке аз ёрону хамсафони наздики устоди шахид Раббони дар тули 50-соли муборизоти ишон барои озоди ва якпочагии Афгонистон аст. Дар ин мусохиба чанбахои гуногуни зиндагии устод Раббони ва бахусус нигохи он шахиди бузургвор ба казоёи Точикистон ва далоили талошхои пайгиронаи вай барои истикрори сулх ва оштии милли дар Точикистон мавриди барраси карор гирифтаанд.
Мавлави Тахори барои ширкат дар конфронси байналмиллалии "Химоят аз интифозаи Фаластин" ба Техрон сафар карда буд ва ин мусохиба хангоми бозгашт дар шахри Машхад анчом шуд.
Суол: Мавлави сохиб дар ибтидо лутфан дар бораи шахсияти устод Раббони, вижагихои илмиву ахлоки ва сиёсии ишон, нигохи у ба авзои сиёсиву ичтимоии минтака, ояндаи Афгонистон ва чойгохи Афгонистон дар низоми байналмиллал, дар бораи муборизоташ алайхи истикбори беруни ва истибдоди дохили, мучохидатхои ишон ба унвони як рушанфикри дини дар рохи сарфарозии муслимин ва гайра сухбат бифармоед.
Тахори: Б.р.р. Шаходати устод Раббони як зоеаи бузург буд ва миллати мо хануз азодор аст. Устод Раббони чанд вижагии хос дошт. Аввалин вижагии ишон ин буд, ки хам олими дини буд ва хам олими сиёси. Исломро дар чавкоти сиёсат мехост дар чомеаи Афгонистон пиёда кунад. Дуввум, устод Раббони сиёсатмадоре буд, ки дар баробари душманаш гузашт дошт. Хар ки дар баробари у бад мекард устод дар мукобил гузашт мекард. Бисёр одамонеро дидам, ки пас аз анчоми амалхои хусуматомез алайху устод, баъдан пушаймон шуда аз ишон узр мехостанд. Зуд казоват намекард ва тасмими ачулона намегирифт. Бо як тадаббури хосе, ки ислом барош дарс дода буд аз таърихи ислом ва паёмбари гиромии он огохи дошт. Устод Раббони бо накше, ки ислом дар зиндагии инсон таъйин карда буд ба у амали бисёр хубе дошт. Вижагии саввуми он шахид ахлоки карима буд. У дар миёни рахбарони дохил ва хатто минтака боахлоктарин ва муаддабтарин сиёсатмадор буд. Ахлоки исломиро муроот мекард ва ба суннати паёмбар пойбанд буд . Дар миёни рахбарони чиходии Афгонистон устод Раббони аз назари такво намуна буд. Ман аз соли 1353(1973) инчониб хамрохи устоди шахид будам ба мушохида кардам ,ки устод дар хафта ду руз рузхои душанбе ва панчшанбе руза медошт. Дам ба руза буд ва намози шабаш казо набуд, шабзиндадор буд.
Дар даврони муковимат тамоми рахбарон Афгонистонро сар доданд, аммо устод дар канори миллат карор гирифт ва аз номуси миллати Афгонистон дифо кард. Ин хеле чолиб буд ,ки баъди тасарруфи Кобул ба дасти Толибон дар Бадахшон хидмати устод рафтам ва аз у хостам ,ки кишварро тарк ва дар берун паноханда шавад .Устод Раббони посухи зебое доданд. Гуфт: " Мавлави сохиб агар ман кишварро рахо кунам миллатро ба дасти ки биспорам. Бояд хуни мо бо ин миллат якчо бирезад.Дар рузхое, ки ман бо ин миллат будам ин миллат аз ман химоят кард ва холо ки ин мусибат ба сари миллати мо омадааст рахо кардани онон нишонаи чавонмарди нест. Ман дар канори ин миллат мемонам ва то замоне, ки чон дорам аз хукуки ин миллат дифо мекунам. Устод Раббони рахбари нахзате ( манзур Чамъияти исломи аст)буд, ки дар Афгонистон низоми истибдодии Зохиршох хоким буд . Дар хамон шароити бисёр хафакон ва низоми диктотури, устод Раббони як нахзати исломиро дар Афгонистон поягузори кард.Насли чавонро ба бедори даъват намуд. Агар насли чавони Афгонистон имруз бедор аст хама мамнуни захамоти устод Раббонист. Устод Раббони хаёти хешро вакфи миллат кард. Инкилоби Афгонистон дар баробари низоми импературии Шурави ба пирузи расид ва низоми морксисти дар Афгонистон шикаст хурд. Хукумат ба дасти мучохиддин афтод ва устод Раббони Раиси Чумхур шуданд, аммо тавтиаи байналмиллал ва кишвархое, ки намехостанд як низоми исломи дар Афгонистон ба сари кудрат биёяд, толибонро ба миён оварданд то тавассути онхо хам ба хукумати мучохиддин ва хам ба худи ислом зарба бизананд. Бо ин васф, устод Раббони аз муборизаи худ даст накашид ва муборизаро барои тахаккуки хукуку озодихои миллати Афгонистон хамчунон идома дод
Суол: Дар Афгонистон аксари танзимхо бар асос тааллукоти кавми шакл гирифтаанд аммо нигохи устод ба аквоми дигар чигуна буд, ки инчунин мавриди ихтироми тамоми кавму кабоил карор дошт
Яке аз вижагихои боризи устод хамин буд, ки танзими у ба як кавму як нажоду як забон иртибот надошт. Устод Раббони як чомешиноси бисёр кави буд ва чомеаи Афгонистонро бисёр хуб мешинохт аз ин ру, намояндагони тамоми аквоми Афгонистон, чи пашту, чи хазора, чи узбак ва чи пашшаи дар танзими устод даври хам омада сахим буданд ва барои як хадафи вохид мубориза мекарданд. Шумо агар дар рузи чанозаи устод Раббони мебудед мефахмидед, ки устод Раббони дар аквоми дигар чи кадар муассир буд. Ин кадар афроде, ки аз Кандахору Хилманд аз танзими Чамъият омада буданд ва ашк мерехтанд, хатто бадахшонихои хамвилоятиш ин кадар маъюс набуданд. Хамин буд, ки устод Раббони дар чомеаи Афгонистон як нахзатеро поягузори кард, ки тамоми аквоми кишвар бо забону мазхаби мухталиф дар мехвари устод чамъ шуда буданд.
Устод Раббони мехост, ки дар Афгонистон як вахдати миллиро ба миён биёра як хукумати фарогир, ки дар он тамоми акшор сахм дошта бошанд ва бартарии устод Раббони низ аз дигар рахбарон дар хамин чихат буд. Рахбарони дигар факат як кишри кавми худро дар як самт рахбари мекарданд, аммо харакати устод фарогир буд. Ин кадаре, ки устод Раббони ба мардуми Нуристон алока дошт ва химоят мекард ё ин кадаре, ки устод дар Кунару Кандахору Хилманду Фарох нуфуз дошт дар Бадахшон надошт. Чаро ки ахдофи Устод баланд буд. У Афгонистонро муттахид ва якпорча мехост. Ин хам як вижагии хос ва мумтози устод Раббони аз дигар рахбарони сиёси дар Афгонистон буд.
Устод Раббони ва Точикистон
Суол: Хамон тавр, ки медонед билофосила баъд аз фурупошии Шурави ва касби истиклоли Точикистон низоххои дохили низ ба вучуд омад. Дар хамин замон буд, ки хукумати навпои мучохиддин низ дар Кобул тоза ба кудрат расида буд. Даргирихои дохили аз як су ва огози чанги дохили дар Точикистон аз суи дигар бузургтарин ва мушкилтарин чолише буданд, ки пешоруи хукумати устод дар Кобул карор гирифт. Хол ба унвони яке аз наздикони устод бифармоед, ки назари у дар бораи чигунагии халли бухрони Точикистон чи гуна буд ва чи барномае барои хамкори бо кишвархои мусалмоннишин Осиёи Маркази дошт ? Чаро устод аз ибтидои шуруи бухрон дар Точикистон бар зарурати сулх ва вахдати милли таъкид дошт
Тахори; Равобити ман бо рахбарони нахзати исломии Точикистон аз хамон ибтидо самимонаву хуб буд. Рузе соати 12-и шаб секретари (мунши) устод Раббони маро хост ва гуфт устод бо шумо кор дорад. То ман расидам соат 1-и шаб шуда буд ва устод тоза аз кор фориг шуда нони шаб мехурд. Медонистам , ки кадом масъалаи сиёсии мухиме дар миён аст, ки устод дар ин нимашаб маро фаро хондааст. Устод аз вазъияти мухочирини точик ва иттиходи мухолифин пурсон кард. Гуфтам: "Устод дар миёни бузургони нахзати Точикистон як ихтилофи назар аст. Устод бо андухи фаровон сар бардошту гуфт:"Мавлави сохиб, мо низ шуморо барои хамин фаро хондаем. Мо бояд коре кунем, ки миёни бародарони точики мо як сулх ба миён биёяд.Сулх дар миёни хукумати Точикистон бо мучохиддину мухочирин. Мо бояд коре кунем, ки и бародарони мо сарбаландона ба хонахояшон баргарданд. Иллаташ хам ин аст, ки ман хамеша дар ин кишвар Раиси Чумхур нестам. Ман мардуми точика мисли мардуми яке аз вилоятхои самти шимол медонам. Агар як точик дар чое кушта мешавад ман ранч мебарам. Набояд Точикистон хароб шавад. Коре кунем, ки як сулхе байни хукумати феъли ва мучохиддин ба миён биёяд, то дигар точик ин кадар зарба нахурад.Агар худое накарда ман набошам мардуми Точикистон зери дасту по мемонанд." Аз ин сабаб ман хамеша ин нуктаро таъкид мекунам, ки бузургтарин кореро, ки устод Раббони дар зиндагии сиёсиаш анчом дод, хамин сулхи Точикистон буд. Бузургтарин дастоварди у талош барои ичоди вахдати милли дар Точикистон ва начоти оворагони точик аз зиллату бадбахти буд . Мардуми точик бояд солхои сол мамнуни ин эхсони устод бошанд.Устод Раббони ба хайси як падари мехрубон ба мардуми точик дар Афгонистон хидмат кард. Устод Раббони хеч гох нагузошт, ки як точик дар Афгонистон зери по шавад. Агар як нон пайдо мекард уро ду таксим карда як таксимашро ба мухочирини точик ва таксими дигарашро ба мардуми Афгонистон медод. Аз ин сабаб устод Раббони накши бисёр созанда дар казоёи мардуми точик бози кард ва алхамдулиллохи вал-минна имруз мардуми Точикистон низ барои шаходати устод ашк резонданд. Иллаташ инаст, ки устод Раббони ходими мардуми Точикистон буд ба худашро як точикистони медонист. Хамеша мегуфт :" Ман як точикистони хастам !"
Дуввум, нигохи устод Раббони ба кишвархои пасошуравии ва мусалмоннишини Осиёи Маркази ин буд, ки хамон фархангу тамаддуне, ки марказияташ Балху Бухоро буд дубора эхё шавад ва мусалмонони ин минтака бори дигар ба домони тамаддуни исломи баргарданд. Ба мардуми Осиёи миёна алокаи дерина яъне алокаи таърихи ва мазхаби дошт . Аз ин ру, талош дошт, ки мусалмонони ин минтака як бори дигар мачду азамати худро пайдо кунанд ва тамаддуну гузаштаи худро боз ёбанд.
Суол: Лутфан, дар бораи мушкилот ва монеахои пешоруи устод дар чихати таргиби тарафхои точикистони ба сулх сухбат бифармоед, зеро то чое ман медонам дар он замон талошхои сулхдустонаи устод барои бархе шахсиятхо ва махофили сиёсии Точикистон чандон хушоянд набуд
Арз шавад, ки устоди мудаббир аз казоёи Афгонистон ва мушкилоте, ки кудратхои бузург дар он чо ичод карда буданд тачрибаи зиёд касб карда буд, аммо рахбарони сиёсии Точикистон, ки тоза аз зери сайтараи шурави рахо шуда буданд бо умки ин бозихои сиёси ошно набуданд. Дуруст аст, ки бархе рахбарони мухолифини точик дар ибтидо аз ин икдоми устод норохат буданд. Аммо устод медонист, ки агар сервисхои амниятиву итилоотии хоричи дар миёни онхо нуфуз кунанд, казияи Точикистон шабехи Афгонистон печидатар мешуд ва ин кишвари чавонро хатари нобуди тахдид мекард. Бинобарин, сарфи назар аз тамоюли рахбарони точик устод Раббони бо онон нишастхои гунонун баргузор намуд ва онхоро барои пазируфтани сулх каноат дод. Устод ба рахбарони точик, ки аз Омударё рад шуда буданд мегуфт, ки шумо дар хамин зинда будани ман сулх кунед, агар ман набошам зарба мехуред. Намунаи ошкори он Харакати исломии Узбакистон аст. Ин Харакат курбони шуд, камараш шикаст. Чаро
Чунки зери бори хукумати ISI (ой ес ой)- и Покистон рафтанд ва ISI низ аз вучуди онхо истифодаи сиёси кард. Хатто хамин узбакхоро, ки Устод Раббони ва шахид Ахмадшох ба онхо кумак мекарданд, ISI алайхи мо дар чанг ба кор гирифт. Имруз Харакати исломии Узбакистон зарбаи сангине хурда. Имруз тамоми марзхо барои онон баста аст. Аммо аз баракати талоши устод Раббони ва омир Масъуди шахид Нахзат дар худи Точикистон хамчунон зинда аст ва фаъолият мекунад. Бо ин тадбири устод насли чавони Точикистон кушта нашуд, номуси Точикистон беиззат нашуд ва точикон обрумандона ба хонаву кошонаи хеш баргаштанд. Рахбарони нахзати исломии Точикистон баъдхо мефахманд, ки устод Раббони чи хидмате барои Точикистон карда. Таърих хам баъдан дар бораи хадамоти устоди шахид казоват хохад кард. Имруз нигох мекунем, хам Точикистон якпорча аст, хам мусалмонон фаъолияти ичтимоиву сиёси доранд ва хам миллати точик дар дохили Точикистон як хукумати вохид доранд. Ин ба хайри миллати точик буд.
Рахбарони мухолифини точик як теъдодашон миёнарав буд, баъзешон зери нуфузи ISI Покистон карор гирифта буданд ва бархе дигар низ хохони сахм дар хукумати феълии Точикистон буданд. Устод Раббони як соли дароз барои мутакоид кардани хамаи онхо ба сулх талош кард. Агар устод ин корро намекард иттиходи мухолифин ба гуруххои мухталиф тачзия мешуд ва аз хам мепошид. Мо бар асоси тачрибаи харакатхои сиёсии Афгонистон аз парокандагии нахзати Точикистон чилавгири кардем.
Суол: Чолиб аст, чаро тачрибаи сулхи Точикистон холо дар халли казияи Афгонистон амали намешавад
Миёни Точикистону Афгонистон як фарки ачибест. Точикистон аз нигохи сохтори кавми такрибан якзабон аст. Аз нигохи фарханг низ яксон аст. аз нигохи салика хам ба хам наздиканд. Ташкилоти ичтимоии Точикистон низ якдаст аст. Ин хеле имтиёзи бузургест. Аммо Афгонистон як кишвари дорои забонхои мухталиф, нажоди мухталиф,фарханги мухталиф ва дорои бофти ичтимоии мухталиф аст. Аз суи дигар хамсояи мо хамсояи номатлуб аст ва нагузошт, ки мо вахдат дошта бошем.Ой Ес Ой-и Покистон аз зухури инкилоби мо, ки мудохила мекард то имруз. Дар миёни рахбарону ахзоби мо ихтилоф эчод кард ва аз ин тарик нагузошт, ки вахдати милли дар Афгонистон шакл бигирад. Устод Раббони барои ташкили як давлати фарогир ва кудратманд дар Афгонистон талоши зиёд кард, аммо масоили кавми, нажоди, сахмхохи ва носиюнолисм миллати Афгонистонро табох кард. Ба хотири тахаккуки хамин ормон буд, ки устод Раббони кудратро ба Карзай тахвил дод ва то охир дар дохили Афгонистон зиндаги кард, зеро у танхо раиси чумхуре буд, ки аз химояти мардуми бархурдор буд. Устод ба хотири тахаккуки хамон ормони баланд раёсати Шурои Сулхро ба душ гирифт ва саранчом дар хамин рох курбонии Сулх шуд.
Суол: Ба шуниди ман бисёре аз рахбарону шахсиятхои бонуфузи точик дар Афгонистон аз чумла шахси шумо мухолифи тасмими устод барои пазириш раёсати Шурои Олии Сулх будед. Далел ва посухи устод дар баробари ин харакат чи буд
Он замон ман хорич аз Афгонистон будам ва ин хабарро аз тарики расонахо шунидам. Пас аз се мох, ки дохили Афгонистон рафтам устод маро хост ва даъват кард, ки шумо низ ба Шурои Олии Сулх биёед. Ман дар посух гуфтам, ки устод ман бо ин давлат аз хамон аввал мухолиф будам ва холо хам мухолифаш хастам ва шомили Шурои сулх намешавам. Ман муътакидам, ки ин шуро натича намедихад ва шуморо курбонии сулх мекунанд. Устод Раббони посухи хубе дод. Ишон фармуданд: "Мавлави сохиб агар ман дар миён наёам ва Афгонистона аз ин вазъият начот надихам, кишвар чандпорча мешавад. Афгонистон бори дигар ба ошубу бадбахтии чадид кашида мешавад. Миллати мо дигар токати ин хама ранчу сахтиро надорад. Си сол ин миллат ранч кашид бояд ин миллатро аз ин холати бухрони начот бидихем.Дуввум мо точикон дар тули таърих барои сарафрозии Афгонистон мубориза кардаем ва дар ин мактаи замони, ки бозихои байналмиллалии чадид атрофи Афгонистон огоз шудааст ва муодилоти кудрат дар холи тагйир аст, мо набояд худро канор бикашем. Мо точикхо бояд накши мехварии худро дар казоёи Афгонистон хамчунон хифз кунем то нерухои байналмиллали дарк кунанд, ки бидуни дарназардошти манофеи мо хеч хукумате дар Афгонистон пойдор нахохад буд. "
Дар вокеъ Устод Раббони дар шароити бисёр баде ба аксари вилоёт сафар кард ва мавзуи сулхро бо гуруххо ва аквоми мухталиф дар миён гузошт ва тархи хуберо истифода кард ва тавфикоту пешрафтхои чашмгире низ дар ин рох ба даст овард. Аммо чун ин сулх ба нафъи бархе кудратхо ва кишвархои минтака аз чумла Покистон набуд Ой Ес Ой-и Покистон тавассути муздуронаш Устод Раббониро ба шаходат расонид.
Ба хамин тартиб, устод Раббони Афгонистони якпорча мехост, устод Раббони Афгонистони муттахид мехост , устод Раббони Афгонистони сарбаланд мехост, устод Раббони Афгонистони озод мехост
Ин буд назар, биниш, басират ва чахонбинии устод Раббони ба казоёи Афгонистон.
Суол: Ба унвони суоли охир чойгохи точикон дар Афгонистонро чигуна арзёби мекунед
Дар Афгонистон як даврае буд, ки давраи сиёх буд. Даврони хукуматхои диктотурии гузашта. Ун даврахо фотихаш хонда шуд. Холи фасли чадиде дар Афгонистон омадааст.Ба назари ман хеч кавме дар Афгонистон дигар наметавонад ба танхои низом бисозад. Хеч кавме кодир нест, ки низоми таккавмиро дар Афгонистон ба кудрат биёрад.То хамаи аквом аз низом химоят накунанд, ун низом пойдор намемонад.Яке аз аквоми мухиме, ки дар Афгонистон таърих дорад, фарханг дорад, шахид дорад ва Афгонистонро аз бухрон начот дода ва дар давраи муковимат аз Афгонистон сарбаландона дифо кардааст, точикон хастанд. Инро таърих хам шаходат медихад, дунё хам шаходат медихад ва муаррихин хам менависанд. Хамаи аквоми Афгонистон аз ин сарзамин дифо кардаанд, аммо дар давраи муковимат ягона кавме, ки муковимати чонона кард ва Афгонистона аз ишголи артиши сурхи Шурави ва чанголи Ой Ес Ой-и Покистон начот дод хамин точикон буданд. Имруз бидуни мо дар Афгонистон хеч низоме наметавонад хукумат кунад.Аз ин ру, мо дар ояндаи сиёсии Афгонистон накши мухим дорем. Дуруст аст, ки устод Раббони рафта аммо устод дар Афгонистон хазорон шогирду пайрав дорад. Дар Афгонистон миллати мо бедор аст ва таъриху фарханг дорад.Насли чавони мо дорои донишу фархангу калам аст. Бинобарин мо дар сохтори ояндаи Афгонистон накши мухиме хохем дошт.
Бехрузи Забехулло, Машхад, 20/10/2011
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.