Саъди ва сиёсат
Адабиёт панохгохи зехни хаста ва рухи барошуфтаи башар аст. Рухи одамиён дар корзори рузгори сахтгир парешон мешавад ва сохибдилон барои таквияти дубораи руху равони хеш ба сояи адабиёт панох мебаранд то бо мутолиаи осори адаби рухи худро парвариш диханд ва барои идомаи зиндагии маънои тоза дарёбанд. Рисолати адабиёт ва ахли адаб низ хамин аст, ки битавонанд барои чомеаи хеш паёмовари хубихо бошанд ва аз ин тарик мардумро ба зиндаги дилгарм намоянд. Аз ин ру, аз хамон огоз то кунун адабиёт накши ичтимои дошта ва дорад. Адабиёт мисли як сикка ду ру дорад; яке ба осмон ва яке ба замин. Яъне адабиёт нуктае аст, ки замину осмонро ба хам пайванд мезанад. Намоди ду буъдии инсон аст. Умр ё мондагории осори адаби ба мизони посухгуии онхо ба ниёзхои ичтимои ва рухиву маънавии башар бастаги дорад. Вакте ки чомеаи башари дар соли 2007 800-солагии хазрати Мавлоноро тачлил кард ин бадон маъност, ки осор ва афкори он орифи вораста хануз посухгуи дардхо ва масоилу мушкилоти чомеаи имрузи башари аст. Хамчунон, бо нигохе ба осори гаронбахои дигар шоирони клоссики форсу точик метавонем таъсири афкор ва андешахои онхоро дар замони муосир дарк кунем. Мусалламан адабиёти гузаштаи мо холи аз андешахои сиёси ва ичтимоии замони хеш нест. Харчанд ки равиши пардохтан ба ин масоил дар мукоиса бо адабиёти муосир фарк мекунад, аммо дар мероси адабии гузаштагон ба мазмунхои ичтимои таваччухи зиёде шудааст. Барои мисол дар ин макола дидгохи сиёси-ичтимоии Саъди- он шоири хирадманд ва ширингуфтор мавриди барраси карор мегирад. Бо мутолиаи осори Саъди рушан мешавад, ки вай дар ду асари мондагори хеш; " Гулистон" ва " Бустон" назариёти сиёси ва ичтимоии хешро матрах мекунад. Саъди дар ин осор худро ба унвони як муслехи ичтимои муаррифи мекунад ва дар ин макоми воло лаёкату шоистагии худро ба хуби ба намойиш гузоштааст
Дар осори Саъди хамаи чанбахои зиндаги аз диди тарбияти инъикос меёбад. У дар макоми як муаллими ахлок тамоми умурро ба мухотаби хеш омузиш медихад. Шоир дар ин бора дар огози " Бустон" мегуяд
Чу ин кохи давлат бипардохтам
Бар у дах дари тарбият сохтам
Харчанд ки истилохоти сиёси бо таваччух ба фаркияти сохтори низоми сиёсии хоким дар даврони Саъди бо низомхои сиёсии муосир тафовут дорад аммо аз назари мухтаво андешахои Саъди барои истифода дар системахои сиёсии чадид низ кобили истифода аст. Чунонки хамагон медонанд байти машхури шайх Саъди " Бани одам аъзои як пайкаранд, ки дар офариниш зи як гавхаранд" равоки Созмони Миллали Муттахидро зиннат додааст. Хамчунин бо мутолиаи осори ин пири хирад метавон абёти муносиб барои дигар зермачмуахо ва камисиюнхои Созмону Миллал ба даст овард. Барои мисол, дар "Бустон" абёти бисёр муносиб дар мавзуи истирдоди мухочирон ва риояти хукуки панохандагон вучуд дорад, ки метавонад зеби сардари Камисиюни умури панохандагони Созмони Миллали муттахид бошад. Он абёт чунин аст
Гарибе, ки пурфитна бошад сараш
Маёзору берун кун аз кишвараш
Бузургон мусофир ба чон парваранд
Ки номи накуи ба олам баранд
Табах гардад он мамлакат анкариб
К-аз у хотирозурда ояд гариб
Яъне Саъди мегуяд, ки гарибону мухочирони гайриконуни, ки хатто хилофкор бошанд набояд мавриди озору азият дар дигар кишвархо карор бигиранд, балки дар сурати мушохидаи хилоф ба кишвархои худ бозгардонда шаванд
Саъди дар саросари осори хеш зулмро накухиш ва адлу додро ситойиш кардааст. Вай муътакид аст, ки хар хукумате дар натичаи зулми хокимон фуру мепошад. Шоир дар " Гулистон" дар ин бора чунин мефармояд
Накунад чаврпеша султони
Ки наояд зи гург чупони
Подшохе, ки тархи зулм фиканд
Пойдевори мулки хеш биканд
Саъди низ мисли назарияпардозони низоми демукротик, хукуматдоронро хидматгузорони мардум медонад, на ин ки мардум хидматгори инхо бошанд
Подшах посбони дарвеш аст
Гарчи неъмат ба иззи давлати уст
Гусфанд аз барои чупон нест
Балки чупон барои хидмати уст
Сабаби таваччухи зиёди Саъди ба мавзуи зулм ин аст, ки дар хар кишваре, ки хокимон бар мардум ситам раво доранд, осойишу баракат аз байн меравад ва дар вахдату якдилии мардум, ки шарти бакои хар кишваре аст, халал ворид мегардад. Дар натичаи зулм мардум ноумед ва парешон мешаванд ва заминаи фитнаву ошуб барои фитнагарон фарохам мегардад. Аз ин ру шоир дар " Бустон"-и хеш дар ин бора мефармояд
Шунидам, ки дар вакти назъи равон
Ба Хурмуз чунин гуфт Нушервон
Ки хотир нигахдори дарвеш бош
На дар банди осойиши хеш бош
Бирав поси дарвеши мухточ дор
Ки шох аз раъият бувад точдор
Раъият чу беханду султон дарахт
Дарахт, эй писар бошад аз бех сахт
Макун то тавони дили халк реш
В-агар мекуни, мекани бехи хеш
Фарохи дар он марзу кишвар махох
Ки дилтанг бини раъият зи шох
Дигар кишвар обод бинад ба хоб
Ки дорад дили ахли кишвар хароб
Мавзуи баъди, ки пас аз махкумияти зулму ситам ва ситойиши адлу дод Саъди ба он таваччух кардааст, эхтиром ба бозаргонону туччор ва риояти хукуки онхо аст. Шоир ин гурухро мояи баракат ва фаровонии молу сарват дар кишвар медонад. Ба кавли Саъди танг кардани майдони фаъолияти туччор ба маънии ба тангдастиву факр кашондани мардуми кишвар аст. Аз ин ру, шоир ба хокимон хушдор медихад, ки хукуки ин гурухро зоеъ накунанд балки барои сахлу осон кардани фаъолияти бозаргонон чораандеши намоянд
Шаханшах, ки бозоргонро бихаст
Дари хайр бар шахру кишвар бибаст
Писандидакорони човидном
Татовул накарданд бар моли ом
Бар офок агар сар ба сар подшост
Чу мол аз тавонгар ситонад гадост
Дар идомаи ин бахс Саъди мефармояд, ки дар кишваре, ки амният ва адолати конун вучуд надошта бошад хеч бозаргон ва сармоядори хоричи дар он чо сармоягузори намекунад балки сармоядорони дохили низ аз он кишвар фирор хоханд кард
Кай он чо дигар хушмандон раванд
Чу овозаи расми бад бишнаванд
Шуниданд бозоргонон хабар
Ки зулм аст дар буми он бехунар
Буриданд аз он чо хариду фуруш
Зироат наёмад, раъият бисухт
Ситези фалак беху бораш биканд
Суми асби душман диёраш биканд
Саъди муътакид аст, ки дар мамлакате, ки амният ва адлу дод хоким бошад, сайёхон ва гардишгарони зиёде ба он чо сафар мекунанд, ки манбаи даромади хангуфти бисёре аз кишвархои муосир низ махсуб мешавад. Албатта дар замони муосир сохти таъсисоти мучаххаз барои чалби сайёхон монанди; рох, мехмонхона, марказхои тафрехи ва бехдошти ва гайра.. низ лозим аст
Гарибошно бошу сайёхдуст
Ки сайёх чаллоби номи накуст
Саъди низ монанди имрузиён бар ин бовар буд, ки бояд умури давлатдори ба афроди мутахассис вогузор шавад, зеро риояти ин амр боиси рушду тараккии кишвархо хохад буд
Худотарсро бар раъият гумор
Ки меъмори мулк асту пархезгор
ё худ
Надихад хушманди рушанрой
Ба фурумоя корхои хатир
Бурёбоф агарчи бофандаст
Набарандаш ба коргохи харир
Яъне касоне, ки бурё ва харир мебофанд хар ду бофанда хастанд, аммо бофтани харир назокату зарофати хоси худро дорад, ки бояд ба афроди боистеъдод вогузор шавад
Шоир дар идомаи матрах кардани андешахои хеш дар бораи давлатдори ба умури моливу пули низ таваччух карда пешниходоте низ ироа кардааст. Саъди тавсия мекунад, ки умури молии мамлакат бояд ба дасти афроди амонатдор ва поквичдон супурда шавад ва хамчунин барои назорат бар фаъолияти онхо нозир тайин гардад
Чу мушриф ду даст аз амонат бидошт
Бибояд бар у нозире баргумошт
В-ар у низ дарсохт бо хотираш
Зи мушриф амал баркану нозираш
Яъне, агар нозир хам бо масъули моли дар горати амволи давлат хамдаст шавад, дар он сурат хар ду бояд аз кор барканор шаванд
Саъди яке аз шартхои хукумати одил ва мардумиро дар ин нукта медонад, ки масъулони он хукумат аз худо битарсанд ва тобеи амри конун бошанд, на мутеи касе, ки ононро бар курсии масъулият нишондааст
Амин бояд аз довар андешнок
На аз рафъи девону зачри халок
Худотарс бояд амонатгузор
Амин к-аз ту тарсад аминаш мадор
Дар байти дуввум Саъди ба нуктаи мухиме ишора мекунад, ки агар масъул аз забардасти худ биму харос дошта бошад, дар ичрои вазоифи аслии худ, ки расидаги ба мушкилоти мардум аст сахлангори намуда, пайваста барои чалби ризоияти забардастон талош хохад кард
Дар идома шоир барои пешгири аз густариши фасоди идори ва моли ба давлатмардон тавсия мекунад, ки харгиз ду хешованд ё дусти наздикро дар як ниходи давлати ба кор нагиранд, зеро равобити хешованди боис мешавад, ки онхо хатохо ва хилофи якдигарро рупуш намоянд
ду хамчинси деринаи хамкалам
Набояд фиристод якчо ба хам
Чи дони, ки хамдаст гарданду ёр
Яке дузд бошад, яке пардадор
Шоир хамчунин иллати сар задан ва густариши фасоди моли дар як мамлакатро даст доштани масъулон дар ин кори зишт медонад
Агар зи боги раъият малик хурад себе
Бароваранд гуломони у дарахт аз бех
Ба ним байза, ки султон ситам раво дорад
Зананд лашкариёнаш хазор мург ба сих
дар идома Саъди ба мавзуи расидаги ба ахволи Лашкар ва лашкариён мепардозад, ки яке аз аркони мухими бакои давлат ва кишвар махсуб мешавад. Шоир таъмини амнияти дохили ва берунии мамлакатро бастаги ба осудагии хотири лашкариён ва расидаги ба мушкилоти онхоро амри вочиб медонад
Сипохе, ки хушдил набошад зи шох
Надорад худуди вилоят нигох
Маро хам зи сад гуна озу хавост
Валекин хазина на танхо марост
Хазоин пур аз бахри лашкар бувад
На аз бахри озину зевар бувад
Шоир ба масоили казоват дар додгоххо низ , ки меъёри тайинкунандаи мизони адлу зулм дар як кишвар махсуб мешаванд таваччух намудааст. Саъди казоватхои мугризона ва саликаи дар додгоххоро барои суботу оромиши давлатхо хатарнок медонад ва муътакид аст, ки идомаи ин раванд боиси сар задани фитнаву ошуб мегардад
Гунах кард дар Балх охангаре
Ба шустар задан гардани мисгаре
Шоири зирак дар ин миён аз холи нафакахурон низ гофил намонда, расидаги ба холи онхоро аз вазифахои давлат медонад. Саъди тавсия мекунад, ки ба афроде, ки солхо барои давлат хидмат кардаанд нафака тайин шавад, то дар айёми пири хору залил набошанд
Надимони худро бияфзой кадр
Ки харгиз наёяд зи парварда гадр
Чу хидматгузорет гардад кахун
Хаки солиёнаш фаромуш макун
Ба хамин тартиб, Саъди дар "Бустон" у "Гулистон" андешахо ва назариёти сиёсии хешро дар мавриди шеваи хукумат кардан ба рушани баён кардааст. У бо зираки ва хадафмандона " Бустон"-ро ба Атобаки Занги хадя мекунад. Дар он рузгор интишорот ва имконоти кунунии чоп вучуд надошт, ки аз ин тарик Саъди битавонад андешахои худро густариш дихад. Бинобарин у " Бустон"-ро мустаким ба дасти давлатмардони замони хеш такдим мекунад то ки аз он дар умури идора ва рахбарии чомеа бакор бигиранд. Аз тавсифоти баъдии шоир дар бораи Атобаки Занги ба назар мерасад, ки шох аз тавсияхои Саъди дар идораи умури давлат истифодахои зиёде намудааст, зеро Саъди аз равиши хукуматдории у рози ба назар мерасад. Дар осори Саъди мавзуоти ичтимои ба таври фарогир матрах шудаанд ва шоир ба масоиле монанди тарбияти фарзанд, сахову чавонмарди, зарурати омузиши илм, хакикати ибодат, риояи адлу дод, истиклол дар казовати додгохи, эътидол дар сиёсат, иллати нопойдории давлатхо, харосат аз амонати мардум ва гайра.. пардохтааст, ки хама аз заруриёти бакои вучудии давлат ва тараккии кишвархо махсуб мешаванд
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.