Рахбари шахид устод Раббони чи гуна ба шаходат расид
Амруллохи Солех

Толибон ё бо ибтикори худ ё хам дар табони бо покистонихо ва "Ал-коида" рахбари муаззами чиход ва муковимати миллати Афгонистон устод Бурхонуддин Раббониро тавассути як хилагари интихори шахид сохтанд. Ман дар бораи пахнои шахсият ва абъоди дидгохи рахбари шахид намепечам. Миллати Афгонистон ин шахсияти матин ва мудаббирро мешиносанд, кишвархои минтака ва дунё низ уро мешиносанд
Рехта шудани хуни у барои мо чи дардноку сангин аст. Устод дар чамъи Абумуслимхо ва Масъудхо пайваст. Барои мо истодаги дар баробари таассубу тахаччур тозаги надорад. Карнхо аст, ки ба хотири дифо аз иззати хеш аз фархангу харими худ дар баробари душман истодаем ва ин машъал хатман машъалдороне хохад дошт. Ман ба унвони яке аз рахравони муковимати миллати Афгонистон бо дар назардошти тачрибаи маълумоти, ки дорам ба баррасии абъоди мухталифи чигунагии ин ходиса ва таъсироти набуди рахбари шахид дар авзои бухронии Афгонистон мепардозам
Аввал- чигуна душман ба рахбари шахид расид
Ман борхо ва ба такрор гуфта будам, ки окои Карзай аз хузури устод дар Шурои номниходи сулх истифодаи абзори намуда ва устоди бузургвор дастраси ба иттилооти тоза ва мутмаин надошт. Чузъиёти тамосхои Толибон ва касоне ки ба намояндаги аз онхо тамос мегирифтанд ба халакоте дар хукумат ва гумоштагони окои Карзай дар ин шурои номниход маълум буд вале устод бештари авкот дар як амали анчомшуда карор мегирифт.
Дидгохи устоди шахид ин буд, ки миллати Афгонистон бояд ба сулхи пойдор ва асоси даст ёбад, аммо дидгохи окои Карзай устувор ба муомилае ношафоф аст, ки дар он сирф метавон манофеи кучакро диду бас.. Дар як соли ахир ман чахор бор бо рахбари шахид мулокот доштам. Дар ин мулокотхо маълумотхоеро, ки доштам дар ихтиёрашон карор додам. Бо истинод ба ин маълумотхо окои Карзай мачбур шуд аз сафархои махфии макомоти Толибон, ки заминасозии он ба василаи Арк (Кохи раёсати Чумхури) сурат гирифта буд, ба рахбари шахид гузориш дихад. Ба хамин минвол, чандин нишаст ва
муомилоти кучаки дигар, ки дар Исломобод-Саъуди ва Дубай сурат гирифта буд низ бо дили нохоста ба рахбари шахид дар миён гузошта шуд. Барои охирин бор, ки хафтаи кабл ба хузурашон расидам боз хам яке аз мавзуоте, ки бо ишон дар миён гузошта шуд; адами дастрасии рахбари шахид ба маълумотхои тоза буд, ки Арк амдан намехост мавзуоти мазкурро бо ишон шарик созад.
Устод дар чавоб ба ман гуфт: "Хуб, хар мулохизае, ки вучуд дорад назди окои Карзай аст, ё маълумот надорад ва ё хам намехохад бо ман ин маълумотро шарик созад." Бинобар адами дастрасии ишон ба маълумот буд, ки ин фочеа асри сешанбе 20-сентябри соли чори ба вуку пайваста ва хуни рахбари чиход ва муковимати мардуми Афгонистон дар рохи иодаи сулх ва вахдати милли рехта шуд.
Дар баданаи Шурои олии ба истилох сулх афроде дар пустхои ичрои мансуб гардиданд, ки хафтавор чандин маротиба ба Арк гузориш медоданд ва шояд мохона як ё ду боре бо устод дидор медоштанд. Касоне ки бихоханд бо окои Карзай мулокот намоянд то расидан ба Арк чандин камарбанди амнияти бояд бигзаранд ва муосиртарин текнулужии амнияти хам дар ихтиёри Арк карор дорад, аммо дар мукобил хамин Арк барои рахбари шахид супориш карда буд, ки бо намояндаи Шурои Кувейта дидор дошта бошад.Хамчунин гуфта шуда буд агар намояндаи Толибон бозраси нашавад бехтар аст то эътомоди байни тарафайн эчод гардад.
Натичаи талош хои гайримуассир ва бехадафи Арк дар ростои ба истилох эътимодсози як натичааш хам хамин курбони шудани рахбари чиходу муковимат буд. Арк болои толибоне, ки ба истилох сулх карда ва дар Кобул маскангузин шудаанд эътимоди кур-курона дорад.
Ин маъош бигирхои Арк дар вокеъ хамон сутуни панчум хастанд, ки дар сояи сиёсатхои тазарруи окои Карзай на танхо барои душман чосуси менамоянд, балки дар терорхо ва амалиётхои тахриби чунончи ходисаи ахир нишон дод низ сахми асоси мегиранд. Вохидёр касе ки фарди интихорикунандаро дафтари мулокоти рахбари шахид рохнамои кард вай вазири мухочирини Аморати сиёхи Толибон буд ва акнун яке аз хамин маъош бигирхои Арк аст. Худованд Станикзай сохибро, ки дар ин ходиса чарохат бардошта сихат насиб намояд. У низ бо нияти поке, ки дорад курбонии хамин тавтиа гардид. Шаке нест, ки Вохидёр на танхо мавриди мучозот карор нахохад гирифт бал ба хотири эътимодсози барои табобат ба яке аз кишвархои тахмилкунандаи Шурои сулх низ эъзом хохад шуд то захмхои сатхиаш илтиём ёбад
Дуввум-чигуна бояд тахкикот сурат бигирад
Бо дар назардошти ин ки рахбари шахид Раиси чумхури собики Афгонистон буданд ва хамчунин ба хотири химояташон аз вазъияти феъли, ки яке аз авомили субот ба шумор мерафтанд тахкикот ва баррасии хамачонибаи ин казия бояд тахти назари хаяти мунсифа ва техникии Сомони Милали Муттахид сурат гирад-хамон гуна, ки катли Беназир Буту тахкикот шуд.
Лозим нест танхо мехвари тахкикот ин бошад, ки кихо омилини ин чинояти бузурганд ! Миллати Афгонистон душманони худро, ки Толибон ва Покистон аст мешиносанд; тахкикот бояд тамоми абъоди казияро барраси намояд. Шева ва равиши тамос бо толибон ва ё аз тарафи Толибон бо давлат чигуна буд
Механизме, ки ин тамосхо ба рахбари шахид гузориш дода мешуд чи буда ? Аносир ва маъмурияте, ки дар ин бахш масруф буданд кихо буданд ва тавассути ки мукаррар шуда буданд ва савобикашон чист ? Аз назари идори силсиламаротиб чи гуна буда, мудохилаи Раиси давлат дар ин ниход чи андоза буда, то хол чи микдор гузоришхои ин ниход ба окои Карзай рафта буд ва саранчом чи теъдод итилоот хукумати Афгонистон ба ин ниход фиристода аст ? Тамоми манобеъи ошкори нихон дар ин бахшхо бояд ба барраси гирифта шавад.
Агар тахкикот бо хамин густурдаги сурат нагирад барномаи тахти унвони музокира бо Толибон тавассути давлате, ки кисматхое аз он сутуни панчуми душман шуда бошад на танхо, ки мунчар ба сулх нахохад шуд балки кишварро ба партгох наздиктар хохад кард.
Котили рахбари шахид маълум аст, мо аз котили худ гила надорем, суол ин аст, низоме, ки хунбахои мост бо мост ё бо душмани мо. Агар бо мост бояд ваъдаи тахкикоти густурдаро бидихад ва тааххуд ба интикомгири намуда ва омилини онро ба пои адолат кашонида ва гофилинро ба чазои аъмолашон бирасонад; агар бо душман аст бояд мо сафи худро чудо созем ва сарнавишти худро худ ракам занем
Сухани охир
Хокимияти кунуни, ки мехвар ва асоси тафаккураш созиш ба кимати арзиш хо шакл гирифта ва фокиди дидгохи бузург аст дар вокеъ эътилофе аст миёни тамоми одамхои ба истилох бонуфуз ва гуруххои кучаке, ки манофеи худро дар хамин чавви хоким мебинанд ва дар сурати омадани ислохоти бунёди ба фано мраванд ва решакан мешаванд. Касоне хам иддао доранд, ки ба намояндаги аз муковимати миллии дируз дар ин низом карор доранд. Хузури физикиашон гайри кобили инкор аст, аммо инхо шарикони низом на балки маъмурини ичроии низоманд ва дар сайкалдихии тафаккури низом ва овардани тагйир ва ислохот кадом салохияти машхуд надоранд.
Хатто онхо тавонои ва чуръати талаффузи номи толибро бо авсофи он надоранд. Авсофи толиб яъне вахшат, акибмондаги ва муздури ба покистони. Толибон хохони тасаллути мутлака бар кулли Афгонистон ё хадди акал бар бахше аз Афгонистонанд.
онхо чомеа ва низоми касратгароро намехоханд ва бо он низом аз реша мухолифанд, зеро решадор шудани низоми мардуми дар Афгонистон аз диди покистонихо тахдид алаихи манофеи амнияти ва миллии Покистон аст. Дар мукобил тафаккури муковимати милли мехохад то Афгонистон бо тамоми зебоихо ва танаввуи сохториаш боки бимонад. Байни ин ду тарзи дид тафовут замину осмон аст.
Арк бояд байни ин ду дидгох якеро интихоб намояд. Аммо ин ки Арк ин корро мекунад ё на бахси чудогонаест. Пайими ман ба мардуми Афгонистон ва тамоми адолатхохону озодандешон ин аст, ки дар хадафи бузург яке шавем-хадафи бузург овардани тагйироти бунёди дар вазъият аст. Хадафи бузург шикасти стратегияи душмани аслии мо аст. Толиб паёме чуз туфангу сар буридан ва инфичор надорад. Хам ба Толиб на бигуем ва хам ба сутуни панчуми Толиб
Аз фурсатхои андаке, ки боки монда аст истифодаи аксарро бибарем. Агар таваккуъ ин бошад, ки баданаи хоким истикомат ва дидгох эчод намояд дер шудааст. Инхо бузургтарин дагдагаашон бакои худашон аст. Тавоноии харакат ва гардиш миёни мардумро аз даст додаанд, то он хад, ки маросими бузургёдбуд аз шухадои озодиро дар толорхои бурчи Арк доир менамоянд ва сугу андухи азизонашонро аз хароси чонхои худ дар танхои тахаммул мекунанд.
Баргирифта аз рузномаи "Паёми мучохид", чопи Кобул
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.