Ахадият
Худои бузургро сипосгузорам, ки тавфик ато намуд то ба таври мухтасар дар мавриди рисолаи "Ахадият"-и донишманди жарфбин, вориси уламои пешин, худошиноси вокеъбин ва пажухишгарин дин Мухиддин ибни Араби маъруф ба "Шайхи акбар", нуктае чанд ба силки тахрир дароварам то ошикони толибони рохи хакро муфид бошад.
Мавзуи аслии ин рисолаи шайхи кабир шарху тафсири макоми "ахадият" ва "вахдоният"-и Худованд аст.
Ибни Араби мефармояд, ки зоти ахадияти худованд кобили шинохт барои хеч кас нест , зеро" хеч гох пардаи иззат аз руи он бардошта намешавад ва дар ин маъво касе гайр аз он чизи дигареро мушохида нахохад кард." Аз ин ру, шайх ба муъминон тавсия мекунад, ки танхо дар вахдонияти худованд тахкику тафаххус кунанд, зеро тахкик дар макоми ахадият бенатича аст ва мухакикро ба гумрохи мекашонад. "Ахад ба зоти Хак нисбат дода шуда вале вохид ба зоти мукаддасаш нисбат дода нашудааст" Ба фармудаи ибни Араби хамаи махлукот аам аз хайвонот, чамодот, шаётин ва фариштагон дар макоми вахдоният муштарак хастанд, бинобарин "вучуди худоии вай дар вучуди кулияи офаридагонаш сараён дорад." Пас мо худоро танхо аз руи сифот ва оёту нишонахояш метавонем бишносем.
Ибни Араби дар идома мефармояд хасти ва хаёти тамоми оафридахои ба шарофати вахдонияти худованд коим ва побарчо хастанд ва агар рухи вохид дар вучуди махлукот сараён намедошт, хеч чизе ба худии худ хаст намешуд. Пас вучуди вокеии хамон вохид аст ва агар вохид набошад имкон надорад, ки вахдонияти индаллох собит гардад. Хамаи мавчудот ба вахдонияти худованд ориф ва доно хастанд ва хама тасбехгуи зоти мукаддасаш мебошанд. Аз ин ру, хар ки ба нахве худоро парастиш мекунад ва ситойиши онхо ба зоти ахадият бозмегардад. Шайхи акбар дар ин бора мегуяд: " Хатто набояд фикр кард, ки мушрик хам мутассариф ба ягонагии Худованд намебошад, балки у онро аз зовияе дур баён медорад ва ба хотири хамин дури бадбахт гардида, вале чун муъмин аз зовияе наздик бадон эътироф дорад бо такарруб ба Хак хушбахт шудааст."
Ибни Араби дар идома барои рушан шудани мавзуъ аъдод (ракамхоро) мисол мезанад ва мегуяд дар аъдод диккат кунед то ин сирр барои шумо ошкор шавад. Яъне асли адад хамон вохид (як) аст ва ду аз ду вохид, се аз се вохид чахор аз чахор вохид хамин тур то бенихоят ташкил шудаанд. Агар мо як ё хамон вохидро аз хар ададе бигирем, дигар он адад боки намемонад, вале вохид хамеша побарчост. Аъдод хар кадар, ки бисёр бошанд аз такассури вохид ташкил мешаванд вале бо хазфи вохид хувияти онхо аз байн меравад ва дар охир он чи мемонад хамон вохид аст. Яъне " Хамон гуна, ки вохид ададро ба вучуд меоварад, бо нестиаш адад низ завол меёбад ва хамин тур дар хамаи ашё хамон вахдонияти Хак аст, ки бо вучуди он ба вучуд омадем ва агар вохид набуд мо хам набудем ва аз адами мо, нести ва адами хак лозим намеояд, хамон гуна, ки аз адами адади панч адами адади вохид лозим намеояд
Худо барои худаш офарида дунёро
На бахри хеч, ки пар-пар кунанд гулхоро
Ва бод омаду печид гирди мачнунбед
Ба хар карона пароканд буи Лайлоро
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.