Украина-ин кишвари зебо, ба полигони бархўрди манофеи
Fарб ва Русия табдил шудааст

Бењрўзи Забењулло Саидхоља

ИмрўзNews

 

Мављи дуввуми нооромї ва эътирозњои хиёбонї Украинаро фаро гирифтааст. Тайи ду рўзи охир шоњиди задухўрди шадиди мухолифон бо неруњои пулис дар майдонњои шањри Киев њастем. Дар натиљаи ин даргирињо беш аз 100 нафар захмї шудаанд.

Ин аввалин задухўрди хашини мухолифон ва неруњои давлатї дар соли нави 2014 мебошад. Пулиси Украина захмї шудан 100 неруи худро дар ин даргирињо тайид кард. Аз ин миён 61 нафари онњо дар бемористон бистарї гардидаанд. Ин манбаъ таъкид кардааст, ки дар ин набард ба љуз аз силоњњои оташфишон, дигар аз њамаи васоили хушунатзо истифода шудааст.

Гуруњњои мухолиф тайи ду рўзи гузашта чандин автобус ва мошинњои боркаши пулисро дар хиёбонњои шањри Киев ба оташ кашидаанд.

Даргирињо рўзи душанбе, 20 январ низ дар хиёбони Грушевскии Киев њамчунон идома доштанд. Бино ба гузориши хабаргузорињо, њар ду тараф бо якдигар бо хушунати бештар даргир мешаванд ва мухолифон ин бор бисёр ифротгароёна амал мекунанд.

Виталий Кличко, яке аз рањбарони неруњои мухолифи Украина даргирињои рўзи якшанбе дар Киевро иѓво номид, аммо љамъияти «Правий сектор» масъулияти ин беназмињоро бар дўш гирифтааст.

Даргирињои хунин замоне ављ гирифтанд, ки пулиси Украина монеи вуруди тазоњургарон ба дохили парламент ё худ Радаи олии ин кишвар шуданд. Тасвиби чанд ќарор дар парламенти Украина, аз љумла, дар бораи дахлнопазирии депутатњо, ба љавобгарї кашидани афрод дар сурати тахриби ёдгорињо ва њайкали сарбозони шўравї ва љорї кардани љарима барои инкори љиноятњои фашизм хашми мухолифони ин кишварро барангехтааст. Рањбарони мухолифи давлати Украина тасмимоти ахири парламенти ин кишварро бархилофи меъёрњои демократї, озодии баён ва њуќуќи башар арзёбї карда мўътаќиданд, ки ќарорњои ахири парламент алайњи неруњои мухолиф равона шудаанд.

Дар њамин њол, Франк-Вольтер Штайнмайер, вазири корњои хориљаи Олмон, таъкид кардааст, ки авзои буњронии Украина рўзи 31 январ дар конфронси амниятии Мюнхен мавриди бањсу баррасї ќарор мегирад.

Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориљии Иттињоди Аврупо низ дар ин робита гуфтааст, ки «мо авзои Украинаро бо диќќат зери назар дорем».

Эштон њамчунин аз иќдоми Янукович дар даъвати рањбарони мухолиф барои гуфтугў ва њалли мусолиматомези буњрони Украина истиќбол кардааст. Вазирони корњои хориљаи Дания, Лањистон ва Британия низ давлати Украинаро масъули хушунатњои ахир дар ин кишвар муррифї кардаанд. Ба гуфтаи ин дипломатњои аврупої, ќарорњои ахири тасвибшуда дар парламенти Украина хилофи меъёрњои љомеаи демократї буда, монеъи њамгароии ин кишвар бо Иттињоди Аврупо њастанд. Вазири корњои хориљаи Британия низ зимни мањкум кардани хушунатњои душанбешаби шањри Киев афзудааст, ки эљоди мањдудият барои фаъолияти неруњои мухолиф яке аз иштибоњоти љиддии давлати Украина мебошад.

Дар вокуниш ба њаводиси ахири Украина Вадим Колесниченко, депутат аз њизби њокими «Минтаќањо» таъкид кардааст, ки њаводиси Евромайдон на аз сўи рањбарони мухолиф, балки тавассути хадамоти махсуси хориљї њидоят мешавад.

Ба гуфтаи вай, беш аз як моњ аст, ки президент Янукович барои њалли буњрони кишвар ба рањбарони мухолиф пешнињоди музокира ва гуфтугў додааст. Бо иддаои Киев, мушкил ин љост, ки раванди њаводиси Украинаро хадамоти махсуси кишварњои хориљї идора мекунанд, на рањбарони мухолиф.

Колесниченко мегўяд, тибќи маълумоти вай, танњо дар моњи декабри соли 2013 беш аз 300 «коргардон»-и љанги шањрвандї аз њудуди ин кишвар ихрољ шудаанд ва њанўз беш аз 100 нафар коршиноси хориљии дигар тањти пўшиши хабарнигор дар ин кишвар фаъолият доранд. Вай афзудааст, илова бар ин, беш аз 1700 љангљўи хориљї дар њоли омўзиши мардум барои беназмињои густурда дар дохили Украина њастанд.

Колесниченко бо тааљљуб таъкид кардааст, ки њар замоне ки давлат бо мухолифон бархўрд кунад, билофосила, сиёсатмадорони аврупої ва амрикої изњорот пахш карда, аз мо мехоњанд, ки ба дархости тазоњургарон посухи мусбат дињем. Колесниченко муътаќид аст, ки дар ин миён масъала њамгарої бо Иттињоди Аврупо нест, балки онњо тарњи хосе барои аз байн бурдани Украина доранд ва мехоњанд кишвари моро монанди Югославия ба як нуќтаи доѓи даргирї табдил кунанд.

Гуфтанист, нооромињо дар Украина аз 21 ноябри соли 2013 дар пайи худдории давлати Киев аз имзои пайвастани ин кишвар ба иттињоди тиљории Аврупо шурўъ шуд. Баъд аз он дар шаби 29 ва 30 ноябр неруњои зудамали «Беркут» тазоњургарон дар майдони Истиќлоли Киев маъруф ба «Евромайдон»-ро ба шиддат саркўб карданд. Ба думболи он, эътирозот ба мухолифати сиёсї дар Украина табдил ёфт.

Аз сўи дигар, дар таърихи 17 январ президент Виктор Янукович тамоми ќарорњои ахири тасвибшуда дар парламенти ин кишварро, ки мухолифон ва кишварњои ѓарбї аз онњо ба унвони мањдудияти озодии баён, њуќуќи башар ва марги демократия ёд карданд, имзо кард.

Мављи дуввуми эътирозот дар Украина бо бањонаи имзои њамин ќарорњо рўзи якшанбе 19 январ, оѓоз шуд ва њамчунон идома дорад.

Поёни њаводиси Украинаро њеч кас даќиќ пешбинї намекунад, аммо мушаххас аст, ки яке аз иллатњои сар задани ин њаводис бархўрди манофеъи ќудратњои бузург дар ќаламрави ин кишвар аст. Дар воќеъ, љанги манофеъ Украинаро ба полигони бархўрди ин кишварњо табдил карда, наќши мардуми Украина дар ин миён чизе љуз иљрои сенарияи омодашуда барои ин кишвар нест.

Бузургтарин хатаре, ки Украинаро дар њоли њозир тањдид мекунад, эљоди дудастагї дар миёни мардуми ин кишвар аст. Мардуми њаммарз бо Русия гароиши русї доранд ва мардуми манотиќи њамсояи Аврупо майли пайвастан ба Иттиходи Аврупоро дар сар мепарваронанд. Чунин вазъ хатари таљзияи Украинаро дар пай хоњад дошт.

Мардуми Украина њам, ки бо мушкилоти зиёди иќтисодї ва маишатї рў дар рў њастанд ва аз ду тараф тањрик мешаванд, дар ин њаводис фурсати фикр кардан ба ин масоилро надоранд ва њар кї талош мекунад, ки аз ин ќапќон сањми худро бардорад.