Нигаронии ҲНИТ аз авзои сиёсии кишвар
Дар пайи интишори як санади маҳрамона аз чаласаи Хукумати Точикистон, хизби Наҳзати Исломй бо ҳадафи баррасии авзои сиёсии ин кишвар рузи 8-уми Март чаласаи изтирории раёсати олии ин хизбро баргузор кард. Ёдовар мешавем, рузи 2-уми Март нашрияи "Полярная звезда"- и Русия матлаберо таҳти унвони "Точикистон дар остонаи инқилоб" ба чоп расонд, ки дар он гуфта мешуд, ки Эмомалй Раҳмон-Раиси Ҷумҳури Точикистон ба сохторҳои қудратии ин кишвар дастур додааст то фаъолияти хизби Наҳзати Исломй ва афроди ширкаткунанда дар гирдиҳамоиҳои соли 1992-ро таҳти назорати шадид қарор диҳанд. Ин рузнома дар поёни ин матолиб ҳамчунин чузъиёти санади маҳрамонаи чаласаи Хукумати Точикистон дар бораи контроли масчидҳо ва кам кардани теъдоди онҳо, равишҳои фишору таъқиби аъзои хизби Наҳзати Исломй ва дигар неруҳои мухолифи давлати Душанберо низ фош кардааст. Чопи мақолаи мазкур бо пайнавишти чаласаи маҳрамонаи Хукумати Точикистон, ки гуиё дар моҳи ноябри соли 2010 бо раёсати Эмомалии Раҳмон баргузор шудааст, авзои сиёсии ин кишварро мултаҳиб кард. Мавзуи ин санади маҳрамона мавриди баҳсу баррасии густурдаи корбарони точик дар шабакаи ичтимоии Фейсбук қарор гирифт. Дар пайи интишори ин матлаб дар нашрия ва таксири он дар дар дигар сойтҳои интернетй, давлати Душанбе бо ҳадафи чилавгирй аз пахши густурдаи ин матлаб дар дохили кишвар, бархе сомонаҳо дар Точикистонро дар таърихи 3-уми Март масдуд кард
Дар ҳамин ҳол, Сергей Строкин-таҳлилгари машҳури рузномаи русии "Коммерсант", ки номи у ба унвони муаллифи ин мақола зикр шудааст, зимни мурочиа ба сафорати Точикистон дар Маскав, эълом кардааст, ки мақолаи "Точикистон дар остонаи инқилоб", ки дар рузномаи "Полярная звезда" мунташир шуда буд, ба эшон тааллуқ надорад. Ба гуфтаи оқои Строкин гуруҳҳо ва ё афроде бо нақзи ошкори қавонин ва одоби хабарнигорй, аз шуҳрати вай дар нашри ин матлаби чанчолй, суистифода кардаанд.Аммо он чи мучиби нигаронии аҳзоби сиёсй, бахусус ҳизби Наҳзати Исломй ва чомеаи мадании Точикистон шудааст, на исми ин таҳлилгари матраҳи рус, балки муҳтавои санади маҳрамонае буд, ки дар рузномаи "Полярная звезда" чоп шудааст. Баргузории чаласаи изтирории ҳизби Наҳзати исломии Точикистон ба дунболи чопи ин санад дар расонаҳои Русия, баёнгари вучуди афзойиши мавориди фишор ва таъқиби аъзои ҳизби Наҳзати исломй, дорад. Ҳамчунин чопи чандин матлаби интиқодй бо номҳои ғайривоқей дар рузномаҳои давлатй тайи як соли гузашта алайҳи аъзои ҳизби Наҳзати исломй ва бахусус Муҳиддин Кабирй- раҳбари ин ҳизб, тақвияткунандаи мавзуи боло мебошад
Аз ин ру, ҳизби Наҳзати Исломии Точикистон дар чаласаи изтирории хеш зимни баррасии авзои сиёсии кишвар бо судури баёнияе аз хатароти таҳдидкунандаи сулҳу ваҳдати миллй, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, фаъолияти аҳзоби сиёсй ва ниҳодҳои чомеаи маданй дар Точикистон, изҳори нигаронии амиқ кардааст.Дар ин баёния тасмимоти иштибоҳи давлати Душанбе ба унвони омили аслии таҳдидкунандаи ваҳдати миллй дар ин кишвар муаррифй шудааст. Дар ин баёния бо ишора ба талоши бархе ниҳодҳои давлатй дар эчоди руҳияи бадбинй ва душмантарошй байни қишрҳои мухталифи чомеа, ин гуна таҳаррукот ҳамчун амали хилофи Қонуни асосй, Созишномаи Сулҳ ва санади тафоҳуми миллй арзёбй шуда, ки мучиби тазъифи пояҳои давлатдории миллй ва аз байн рафтани эътимоди нируҳои сиёсй дар чомеа хоҳад шуд.Раёсати олии ҳизби Наҳзати Исломй дар баёнияи хеш аз мақомоати Точикистон дархост кардааст, ки дар ин марҳалаи ҳассос, ба масъулияти худ дар баробари миллат ва Созишномаи Сулҳу ва ризоияти миллй дар кишвар амал намуда, чиҳати рафъи қонуншиканиҳо, таъқибу фишор ва дигар амалҳои иғвобарангез алайҳи ҳизби Наҳзати Исломй ва чомеаи мадании кишвар, тадобири лозим бияндешад. Дар ин баёния омадааст, ки агар давлат муддай аст, ки дар мавриди таъқибу фишори аъзои ҳизби Наҳзати Исломии Точикистон санади хосе ба тасвиб нарасидааст, бояд ин иддаоро дар амал собит кунад вагарна воқеияти амр чизи дигар аст. Ҳизби Наҳзати Исломй мегуяд, ки тайи солҳои гузашта ин ҳизб барои хорич шудани кишвар аз вазъияи буҳронй борҳо ба давлати ин кишвар пешниҳоди оғози ислоҳоти решай дар сохтори ҳукуматро матраҳ кардааст, аммо дар муқобил давлат сиёсати фишор ва таъқибиро дар баробари аҳзоб ва чомеаи маданй шиддат додааст
Дар поёни баёния раёсати олии ҳизби Наҳзати исломии Точикистон аз раҳбарият, ниҳодҳо ва масъулони ҳизб дар манотиқи мухталифи кишвар тақозо шудааст, ки тамоми тадобири лозим дар чаҳорчуби қонунгузории кишвар барои дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои аъзои ҳизб ва тарафдорони ҳизб, бар асоси ормонҳои сулҳу ваҳдати миллй, андешида шавад.Ҳикматулло Сайфуллозода- Раиси маркази таҳлилии ҳизби Наҳзати Исломй ва сардабири нашрияи "Начот" дар ин бора мегуяд: Фишору таъқиби аъзои ҳизби Наҳзати исломй, сабти дақиқи асомии раҳбарони он ҳамроҳи макони зисташон, бо ҳар роҳу васила хорич кардани аъзои ҳизб аз суфуфи он ва нашри матолиби туҳматангез ва иғвогарона алайҳи ин ҳизб ва мақомоти он дар расонаҳои давлатй, намунаи иқдомотест, ки ахиран мақомоти давлатй тибқи барномаҳои тарҳрезишуда, ҳадафмандона пеш гирифтаанд.Ёдовар мешавем, ки Муҳиддин Кабирй-Раиси ҳизби Наҳзати Исломии Точикистон ҳануз дар аввалҳои моҳи декабр бо судури паёме ба аъзо ва чонибдорони ин ҳизб ба таври куллй, аз тарҳи тавтиаи бархе доираҳои дохиливу хоричй барои эчоди фитна ва тафриқаву хусумат дар чомеаи точик ва дар сафҳои ҳизби Наҳзати исломй, ҳушдор дода буд. Кабирй дар паёми хеш бо таъкид бар идомаи роҳи эътидол аз суи ҳизби Наҳзати исломй, аъзои ин ҳизбро аз тавтиаи ифротгароёни дунявй ва мутаассибони динй алайҳи фаъолиятҳои ҳизби Наҳзати Исломй, огоҳ карда буд
Бархе коршиносони точик мегуянд бо таваччуҳ ба фаъолияти чашмгири ҳизби Наҳзати Исломй дар маросими интихоботи порлумонии Точикистон дар Феврали 2010 ва афзойиши фаъолиятҳои таблиғотии ин ҳизб дар шабакаҳои интернетй ва дар остонаи интихоботи пешоруи раёсати чумҳурии Точикистон дар соли 2013, давлати Душанбе аз ҳоло иқдомотеро барои маҳор кардани фаъолиятҳои ин ҳизб ва тахриби чеҳраи мақомоти он ба хотири коҳиши маҳбубияти онон дар миёни чомеа, руи даст гирифтааст.Ба гуфтаи таҳлилгарони масоили сиёсии точик, ба коргирии ин гуна шеваҳо дар бархурд бо гуруҳҳои дигарандеш, мухолифи бандҳои Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллй дар Точикистон буда, сулҳу амният ва прусаи ваҳдати миллй дар ин кишварро, ки бар асоси созишномаи мазкур дар соли 1997 бо миёнчигарии кишварҳои ҳамсоя ва Русия ба даст омада буд ва аз тачрибиёти арзишманди сулҳи Точикистон ба шумор меравад, зери хатар қарор хоҳад дод
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.