Бехрузи  Забехулло Саидхоча

Имрузнюз

Ришвахори падидаи номатлубест, ки аз он ба унвони кирми дарахт ёд мекунанд, ки дар сурати безарар насохтани он дарахтро аз реша мехушконад. Дар чахони имруза низ бархе кишвархо ба махзи мушохидаи ин офат дар чомеаи худ ба шиддат бо он мубориза мебаранд. Намунаи барчастаи он кишвари Чини хамсояи дар ба девори мост, ки барои ришвахори мучозоти сангине дар конунгузории хеш дар назар гирифтааст. Аз ахбор хам шунидаед, ки чигуна бархе макомоти баландпояи Чини коммунисти ба чурми ришвахори «мансурвор» ба сари дор мераванд. Албатта ришвахори як падидаи навбаромад ва ношинос нест, балки аз замони шаклгирии чомахои инсони дар колабхои гуногун по ба пои индустрияи фахшо ,эхсоси кудратталаби ва шухратхохии башар идомаи хаёт доштааст. Аммо дар чахони муосир бо анбошти пулу сармоя ришвахори ба як тахдид табдил шудааст, ки дар сурати пешгири нашудани он хатари чидди ба кудрати сиёсии хоким ва амнияти ичтимои хохад дошт. Ангезаи аслии муборизаи бархе давлатхо алайхи ришвахори дар бисёр маврид чанбаи сиёси дорад то хадафи ичтимои. Дар мачмуъ бо хар ангезае агар бо ин падида мубориза сурат бигирад, паёмади мусбате барои ичтимои он кишвар хохад дошт, яъне хадди акал «Аз пайи шоли кирмак хам об хохад хурд».

Баргардем ба асли матлаб, ки падидаи ришвахори дар кишвари мо чигуна ривоч пайдо кардааст? Дар холе ки дар омузахои дини фарханги ва ахлокии мо ин падида хамеша мавриди накухиш карор доштааст. Чашм доштан ба моли дигарон ва ё аз худ кардани сармояи дигарон дар адабиёти мо низ падидаи номакбул ва нописанд арзёби шуда, ки офати он ба хамаи чомеа сироят мекунад. Ба кавли шайх Саъди гасби амволи дороён ва ё танг кардани фаъолияти туччору сармоягузорон ба маънии ба тангдастиву факр кашонидани мардуми кишвар будааст:

Шаханшах, ки бозоргонро бихаст,

Дари хайр бар шахру лашкар бибаст.

Писандидакорони човидном,

Татовул накарданд бар моли ом.

Яке аз далелхои ривочи ин офат дар чомахои башари сар задании чангу низохо ва фурупошии низомхои сиёси дар гушаву канори чахон аст, ки бар асари ин хаводис гуруххои хосе ба сармояи бодоварда даст пайдо мекунанд. Фурупошии низоми Шурави низ хамин вазъиятро дар хамаи кишвархои пасошурави эчод кард ва хоким шудани низомхои чадиде, ки хануз ба суботи сиёсиву иктисоди нарасидаанд майли мардумро барои касби сармояи бедарди миён афзойиш дод.Даврони гузариш аз як системаи сиёсиву иктисоди ба системаи нави сиёсиву иктисоди табиатан ин офатхоро дар пай хохад дошт. Аммо дар бисёре аз чомеахо ба сабаби чидди нагирифтани ин офат ва заъфи мубориза бо ин падида ба мурури замон ришвахори ба як одат ва суннати маъмули пазируфта мешавад, ки бисёр таассуфбарангез аст.

Боз ба кавли Саъди:

Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

Чу пур шуд нашояд гирифтан ба пил.

Дар кишвари мо низ тибки маъмул ришвахори аз ду тарик сироят кардааст; яке ба воситаи ниходхои давлати, ки бар асари чанги дохили аз суботи лозим бархурдор набуданд ва ба дунболи он вуруди сармояи хоричи, ки конунхои кофи барои назорат ва мудирияти онхо хануз шакл нагирифта буд; дуввум ба воситаи бархе суннату одатхои ачдоди, ки ба мурури замон ба шакли воруна дар рафтору муносибати мардуми мо тачали пайдо кардаанд.

Барои мисол, хануз дар даврони Шурави мардуми мо аз гирифтани бакияи пули худ аз магозахои давлати хичолат мекашиданд ва дар хамин замина исрори хамватанони русзабонро мавриди мазаммат карор медоданд. Ин одат то хануз идома дорад ва хеч мусофире хам дар наклиёти мусофирбари шахри 40 дирам бакияи пули худро аз ронанда талаб намекунад, харчанд, ки дар бархе аз ин наклиёт шахрдори хатто хушдор додаст, ки бакияпулии худро аз ронанда талаб намоед.

Далелаш чист? Аз назари равони чунин холат нишон аз худкамбинии афрод дорад ва аз назари хукуки далолат бар надонистани хукукхои шахрвандии хеш.Дар хар ду маврид решаи аслии масъала ба беиттилоии ин гуна афрод аз хаку хукукхоии хеш бозмегардад. Аз суи дигар аксари мардуми мо аз хисоби захмати хеш зиндаги намекунанд ва хатман як ё ду нафар дар хар хонавода мухочири мехнати аст ва бакия бо пули хамин мухочирон рузгори худро сару сомон мебахшанд. Мусалламан чун барои дарёфти ин пулхо хеч захмате аз худ харч накардаанд ва аз ин ру  дар масрафи онхо низ хеч масъулияте аз худ нишон намедиханд. Бахши аъзами пули бо хуни чигар чамъовардаи мухочирони мехнати дар хорич аз кишвар ба воситаи хонавода ва хешу таборони онхо сарфи маросимхои намоишии бехуда ва туйхои пурхарочот,ришваву  фолбини, мушкилкушои ва садака барои расидан ба хадафхои онхо мешавад.Кор ба чое расидааст, ки ин рафторхои нохинчори ичтимои дар зехни мо ба унвони рафтори маъкулу писандида кабул шуда рафторхои аклонии дигарон ба назарамон зишту кабех менамояд.

Мисоли дигар, замоне дар Машхад зиндаги мекардем, хамсарам шохиди як бархурди маъмули шуда, ки барои у кобили кабул набуд. Хангоми харид дар як магоза хушдомане аз келинаш ба сабаби нарасидани пули майда (фарзан) як сомони дархост мекунад ва баъди майда кардани пулхои худ дар магозаи дигар як сомонии келинашро бармегардонад. Ин рафтори мантики ба назари хамсари точики ман мисли як ходисаи нохуш таъсири бад гузошта, ки онро ба ман хайратовар накл мекард. Ман дар посух гуфтам, ки муносибати он хушдоман бо келинаш аз назари шаръи ва аклони комилан дуруст буда ва вокеият низ бояд хамин гуна бошад. Баъдан барои он ки хамсари ман конеъ шавад, ман киссаи фаромуш шудани сузани хамсоя аз суи хазрати Фотима ва афсусу надомати вайро дар ин хусус ёдовар шудам то мавзуи эхсоси масъулият дар баробари якдигарро дарк кунад.

Аз  ин гуна мисолхо дар зиндагии рузмарраи мо фаровон рух медихад, ки мо бидуни таваччух аз пахлуи онхо мегузарем. Ботилро хак мепиндорем ва хакро ботил. Расму суннатхое, ки аслан ба омузахои дини ва ахлоки миллии мо хеч рабте надоранд вале дар тули солиён дароз бо сабабхои гуногун вориди рузгори мо шуда ва мо  низ бесабаб тобеи онхо шудаем.Чаро тобеи расму суннатхои нохинчор шудаем? Чаро ки дар на бораи омузахои динии маълумоти кофи дорем ва на дар бораи фарханги миллии хеш. Меъёри зиндагии мо бар асоси киёс аст на аклоният ва мушкили аслии чомеаи мо аз хамин чо шуруъ мешавад.Манбаи фаъолияти ичтимоии мо рафтори хамсоя аст на хикмату китоб. Харчи дигарон анчом диханд мо низ кушиш мекунам, ки дакикан хамон гунна рафтор кунем бидуни ин ки боре фикр карда бошем, ки оё рафтори дигарон бар чи меъёре шакл гирифтааст ва  оё ин гуна рафтор мутобики омузахои дини ва ё аклони хаст ё не? Дар холе ки Арасту он хакими юнони ва хамчунин хазрати Мавлон киёсро офати аклу хирад муаррифи кардаанд.

Аз киёсат ханда омад халкро

К-у чи пиндоштаст сохибдалкро.

Чумла олам з-ин сабаб гумрох шуд,

Кам кассе з-абдоли хак огох шуд.

 

Киёсу таклид яъне рафтори кур-курона ва пайравии беасос аз харакату рафторхои дигарон аст, ки дар натичаи беиттилоии мардум сар мезанад.

Мутаассифона худуди ду аср аст, ки акл дар чомаи мо таътил аст ва киёсу таклид бар тамоми аркони зиндагии мо хоким шудааст. Барои тагйири ин вазъ мо ниёз ба як инкилоби мадани тоза дорем, инкилобе, ки моро аз асорати таклид ва камдониши начот дихад. Танхо илм аст, ки моро вокегаро ва вокебин карда аз чунин вазъият рахо мекунад. Ришвахори низ чузъе аз хамин ахлоки нописанди мардуми мост, ки дар хуну пусти мо чори шуда солхои сол чомеаро озор медихад. Калиди халли ин мушкилот дар дасти худи мост ба шарте, ки иродаи гушодани кулферо дошта бошем. Давлат низ бояд механизми ислохи ин вазъро аз тарики эчоди шароити конуни ва таъсиси ниходхои масъул фарохам кунад. Лозимаи асосии ислохи падидахои нописанди ичтимои хам ин аст, ки ниходхои масъул ва дахлдори давлати ба таври яксон барои ичрои онхо кушиши кунанд ва боре хам мо низ монади чинихо хабари ба «сари дор» рафтани ягон макоми ришвахори худро дар баробари боздошти муаллимону пизишкони кишвар бишнавем.