Беҳрўзи Забеҳулло Саидхоҷа

ИмрӯзNews

 

Баҳсу ҷидолҳои динӣ ва ихтилофоти мазњабии имрўза дар сархати шабакаҳои иҷтимоӣ ва мањфилҳои хусусї миёни мардуми кишвари мо қарор дорад. Бо шунидану хондани ин баҳсњои тунду ғайриахлоқӣ ва гоҳо тавҳиномез гумон мекунї, ки дар ҷомеаи мо дигар мушкиле боқӣ намонда, ки акнун афроди миллат бо тамоми кувват иқдом ба ҳалли масоили мовароуттабиї задаанд. Ин баҳсҳо ҳамзамон дар ду ҷабха дар ҷараёнанд:

1.                     Баҳс байни пайравони динҳои гуногун

2.                     Баҳси мазҳабї миёни пайравони дини ислом

Ҷолиб аст, аксари афроде, ки дар чунин бањсњо «косаи доғтар аз ош» мешаванд на руҳонї ҳастанд ва на таълимоти систематикии динї дидаанд. Ҳар ки бо ҳамон иттилооти ҷузъї ва ками худ мехоҳад дигариро ба бединї ё бадмазҳабї гунаҳгор кунад. Ростї, оё боре фикр кардаед, ки сабаби гаройиши насли ҷавони мо ба ин гуна баҳсҳо, ки шояд дар салоҳияти онҳо набошад, дар чист?

Ин гаройиш оё маншаи дохилї ва ниёзи табииву руҳонии онҳо аст, ё касе ё гуруҳе онҳоро барои гарм кардани бозори худ ташвиқу ҳидоят мекунад?

Посухи мо ба саволи аввал ин аст, ки табиатан ҳар инсоне сарфи назар аз пайравии худ ба ину он дин аз назари маънавї ва руҳонї барои расидан ба оромиши қалбї омўзаҳои дини ниёзманд аст. Дар ин марҳала дастрас будани адабиёт ва муаллим барои таъмини ниёзҳои руҳонии ҷомеа бисёр муфиду бо аҳамият аст, зеро аз ин роҳ мо бовар мекунем, ки ҷавонони мо ба сарчашмаҳои боэътимод дастрасї пайдо мекунанд ва аз инҳирофи фикрии онҳо ба дигар гуруҳу ҷараёнњо ҷилавгирї мешавад. Дар сурати набудани чунин имконот эҳтимоли нуфузи гуруҳҳо ва љараёнҳои бегона дар зеҳни холии ҷавонони мо бештар мешавад ва онҳо ба роҳатї метавонанд бо пур кардани ин холигоҳ насли ҷавони моро ба ҳар самте, ки худ дўст доранд, ҳидоят кунанд.

Дар ин миён, мањфилҳои ба истилоҳ, динии бегона бо ҳадафи омўзиши динї афкори хоси худро дар зеҳни ҷавонони мо ҷо мекунанд ва инҳо низ нохудогоҳ дар ҷомаи мо ба мубаллиғони андешаҳои бегона дар қолаби дин табдил мешаванд. Ин вазъият метавонанд ба якпорчагии миллии мо зарба занад ва дар оянда амнияти иҷтимої ва сипас амнияти сиёсии як кишварро зери хатар бигзорад. Намунаи ошкори ин таҷриба зуҳури толибони Афғонистон дар Покистон аст. Гуруҳи Толибон бо ҳадафи хосе ба воситаи Хадамоти амниятии Покистон дар мадрасаҳои динии ин кишвар шакл гирифт ва тўли беш аз даҳ сол аст, ки Хадамоти амниятии Покистон аз тариќи гуруҳи Толибон манофеи сиёсї ва амниятии худро дар дохили Афғонистон ҳимоят мекунад.

Бисёре аз кишварҳо бо ҳадафи нуфуз дар кишварҳои дигар маҳз аз ҳамин дарича ворид мешаванд ва таҳти пўшиши омўзиши динї ё башардўстона ва бо ҳимоятҳои моливу иктисодӣ мардуми ниёзмандро ба самти худ ҷалб мекунанд ва дар як фурсати муносиб аз ҳамин гуруҳҳо барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсии худ истифода мекунанд. Намунаи он ҳимоятҳои саховатмандонаи бархе кишварҳои арабї, бахусус Арабистони Саудӣ, аз мусалмонони шўравии собиқ таҳти пўшиши дин ва ба дунболи он таблиғи андешањои салафигарї дар миёни ҷавонони Осиёи Миёна ва Ќафќоз аст, ки бо омўзаҳои мазњаби Ҳанафии мо комилан дар таззод аст. Натиҷааш низ ҳамин шуд, ки Бандар бинни Султон, раиси Дастгоҳи амниятии Арабистон, Русияро тањдид мекунад, ки дар сурати даст накашидан аз њимоятњои худ аз Сурияву Эрон, Риёз ба воситаи салафиҳои пайрави худ дар Осиёи Миёнаву Ќафќоз авзои Русияро ноором хоњад кард!

Ин аст натиҷаи кумакҳои динии кишварњои бегона ба ба мардуми ниёзманди мамлакати дигар.

Дар ҳоле ки ихтилофоти мазњабӣ ба сурати хашин ва имрўзии он ҳаргиз дар ҷомеаи Осиёи Миёна реша надошт ва бузургони ин мазњаб худуди 1000 сол пеш ин мушкилро бо ҳикмату дирояти хеш ҳал карда буданд. Ҳазрати Мавлоно аз бузургтарин мутаффакирону орифони мо аст, ки 800 сол пеш на танҳо мавзўъи ихтилофоти мазҳабӣ, балки ихтилофи байни динҳоро низ ҳаллу фасл кард. Ба назари ҳазрати Мавлоно, ҳақиқат якест ва чун ба ҳақиқати воҳид аз дидгоҳи гуногун нигариста шавад, садрангу гуногун менамояд. Мавлавӣ гавҳари динҳоро воҳид шумурда, ҳамаи онҳоро мунтањї ба ҳақќу ҳаќиќат донистааст. Ба ақидаи вай, душманиҳои мазҳабї ва таассубҳои вайронгаре, ки ба номи дин барангехта мешаванд, тамоман аз осори ҷањлу ғафлат аст:

Аз назаргоҳ аст, эй асли вуҷуд,

Ихтилофи кофару ғабру ҷуҳуд.

Бинобар ин, ҳазрати Мавлоно мегўяд, ҳоло, ки дидгоҳҳои гуногун боиси ба вуҷуд омадани таъбиру фаҳми мухталиф аз ҳақиқат мешавад, пас ин дидгоҳњо ва бардоштҳо холї  аз хато нест. Ҳар тафсире аз ҳақиқат бо нуқсу камол ва ҳаќќу ботил омехта мешавад, аз ин рў, ҳақиқат дар инњисори ҳеч кас ва ё гуруҳе нест!

Ин ҳақиқат дон, на њаќќанд ин ҳама,

Не ба куллї гумраҳонанд ин ҳама.

З-он ки бе ҳаќ ботиле н-ояд падид.

Қалбро аблаҳ ба бўи зар харид.

То набошад рост кай бошад дурўғ?

Он дурўғ аз рост мегирад фурўғ.

Пас магў ҷумла хиёласту зилол,

Бе ҳақиқат нест дар олам хиёл…

Профессор Эрмгард Пин дар ин замина мегўяд:

«Аз назари Мавлоно шинохту маърифати Худо осонтарин роҳ ва аслитарин меҳвари ваҳдати башарӣ аст, зеро агар таваҷҷуҳ зоҳир шавад аксари ихтилофоти қавмиву мазњабї ангезаи сиёсиву иљтимоӣ доранд, ки ба хотири ҳифзи манфиатҳои дунявӣ ва нафсонї аз сўи соҳибони зару зур ва дунёталабон дар ҷомаҳои башарӣ барангехта мешавад, аммо Мавлоно мегўяд:

Маснавии мо дўкони ваҳдат аст,

Ғайри воҳид он чи бини он бут аст».

Ба ҳамин тартиб, Мавлоно башариятро барои раҳої аз буҳрони шадиди маънавӣ, равонӣ ва эътиќодӣ ба ишќу муњаббат варзидан тавсия мекунад, зеро танҳо чизе ки инсонро дар сайри такомулии он тақвият мебахшад ва боис мешавад, то бар инсон сифатҳои разила ғолиб нагарданд, муҳаббат аст. Бар асари муҳаббат варзидан кина, бухл, ҳасад, кибр, адоват ва дигар хислатҳои разила аз вуҷуди инсон рафта-рафта берун мешаванд ва одам аз роҳи худшиносӣ ба инсони комил табдил мегардад. Ба ќкавли шайх Саъди:

Дар олами коинот кардем нигоњ,

Як дона муҳаббат аст, боқї ҳама коњ!

Бо вуҷуди ин ҳама таҷриба ва собиқаи дурахшони бузургони мо дар ҳалли мушкил ва масъалаи ихтилофи диниву мазҳабӣ, чаро имрўз тафаккуроти хашин ва бадбинона зеҳни ҷавонони моро пур кардааст? Шояд мардуми мо имрӯз ба ин сарчашмаҳои ѓании маърифат дастрасї надоранд ва яксара таҳти таблиғоти маънодор ва бепояи шабакаҳои иҷтимої қарор гирифтаанд. Агар касе бо андешаҳои ҳазрати Мавлоно дар ин хусус ошної дошта бошад, ҳаргиз таҳти таъсири андешаҳои радикалии гуруҳњои манфиатталаб қарор намегирад. Ваќти ғанимати худро сарфи баҳсҳои бебунёду бенатиҷа намекунад, балки бо хаёли орому осуда машғули фаъолиятҳои судманд барои ҷомеа хоҳад шуд.

Ба унвони натиљагирї аз мавзўъи ихтилофи диниву мазњабӣ дар поён суханони ҳазрати Мавлоноро дар мавриди зарурати гуногунии динҳо ва мазоҳиб аз китоби «Фиҳї мо фиҳї» мисол мезанем, ки беҳтарин ҳусни хитом барои ин мавзўъи доғи ҷањонї аст:

«Гуфтам, охир ин дин кай яке будааст?

Њамвора дуву се будааст ва ҷангу қитол барқарор миёни онҳо.

Шумо динро чун як хоҳед кард?

Як он ҷо шавад, дар қиёмат, аммо ин ҷо дунёст, мумкин нест, зеро ин ҷо ҳар якеро муроде ва ҳавоест мухталиф. Яке ин ҷо мумкин нагардад, магар дар қиёмат, ки ҳама як шаванд ва ба як ҷо назар кунанд, як гўшу як забон шаванд».