Украина: ба оташ равѓан мерезанд
Хушунатњо дар ин кишвар ба ављи худ расидаанд
Беҳрўзи Забеҳулло Саидхоҷа
ИмрўзNews
Хушунат дар хиёбонҳои Киев бо вуруди неруҳои амниятӣ ва муқовимати муҳолифон ба авҷи худ расидааст. Нооромиҳои шадиде, ки аз якшанбешаб ва ба дунболи тасвиби қонуни нави маҳдуд кардани тазоҳурот аз сўи Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, оғоз шудааст, ҳамчунон идома дорад.
Охирин гузоришҳои расида ҳикоятгар аз он аст, ки тарафҳо ба шиддат дар ҳоли задухурданд ва дар натиҷаи ин даргириҳо садҳо нафар маҷруҳ ва боздошт шуданд. ВКД-и Украина мегўяд, ки ҳудуди 120 нафар аз маҷруҳон неруҳои пулис ҳастанд ва алайҳи бисёре аз боздоштшудагони мухолиф низ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.
Мухолифони давлат бо истифода аз санг, бутилка, корд, арматура, гранатаҳои савтї ва ҳатто гази ашковар дар ҳоли задухурд бо неруҳои пулис ҳастанд. Рўзи гузашта президент Янукович зимни суханронї дар телевизион нисбат ба оқибатҳои идомаи ин хушунатҳо ва ин ки мумкин аст, амнияти тамоми кишвар дар хатар қарор гирад, ҳушдор дод, аммо мухолифон ба ин ҳушдорҳо ањамияте надоданд.
Тибқи охирин хабарҳо, ин даргириҳо ба дуввумин шаҳри Украина, яъне Лвов низ кашида шуда, садҳо нафар аз мухолифони давлат дар хиёбонҳои ин шаҳр хостори сарнагунии давлати Янукович шудаанд. Радиои «Садои Русия» дар ин бора хабар дод, ки беш аз 1000 нафар дар назди раёсати ВКХ-и ин шаҳр ҷамъ омада, ба чизе чуз сарнагунии давлат ризоият намедиҳанд.
Ба гузориши хабаргузории «Интерфакс», музокирот барои поён додани хушунатҳо рўзи душанбе дар идораи Шўрои амният ва дифои миллии Украина оѓоз шуд ва дар он Андрей Клиев, раиси Шўрои амният ва дифои миллии Украина, бо гуруње аз намояндагони порлумону ањзоби сиёсии мухолифи давлат мулоқот кард ва интизор меравад, ки ин гуна музокирот барои ҳалли ихтилофот идома пайдо кунад.
Хушунати мухолифон дар хиёбонҳои Киев хашми давлати ин кишварро барангехтааст. Вазорати корњои хориҷаи Украина аз ҷомеаи ҷаҳонї хост, то иқдомоти лозимро барои пешгирии ин хушунатҳо дар дастури кор қарор диҳад. Дар баёнияи вазорати корњои хориҷаи Украина омадааст, ки рўзи якшанбе дар пойтахти ин кишвар эътирозҳои густурдаи мусолиматомезе баргузор шуда буд ва неруҳои амниятї ва пулис њеч иќдоме алайҳи мардуми тазоҳуркунанда анҷом надода буданд, вале бархе афрод ва гуруҳҳои радикалӣ даст ба иқдоми хушунатомез заданд, ки неруҳои пулис маҷбур ба вокуниш шуданд.
Вазорати корњои хориҷаи Украина ёдовар шудааст, ки давлати ин кишвар ҳадди аксари талоши худро барои ҳаллу фасли мусолиматомези буҳрони ба вуљуд омада анҷом медиҳад, вале дар айни ҳол умедвор аст, ки ҷомеаи ҷаљонї њам иқдомоти ифротии бархе афрод ва гуруҳҳои тазоҳургарро, ки сабаби сар задани даргириҳои густурда шудааст, маҳкум кунад.
Вазорати корњои хориҷаи Украина зарари воридшуда ба ин кишвар дар пайи даргириҳои ду рўзи ахирро њудуди 360 њазор доллар пешбинї кардааст.
Пан Ги Мун, Дабири кулли СММ низ бо мушоњидаи авзои Киев аз тарафайни даргирї хост, ки барои расидан ба субботу оромиш аз хушунат парњез кунанд.
Дар ҳамин ҳол, бархе хабаргузорињо аз тарҳи мақомоти қудратии Украина барои пароканда кардани тазоҳургарон аз майдонҳои шаҳри Киев хабар доданд. Дар ин амалиёти поксозї қарор аст 1530 нафар аз неруҳои махсуси «Беркут», 1460 нерўи амниятї ва 4631 нафар аз кормандони вазорати корњои дохилаи Украина ширкат кунанд. Баъд аз зуҳри 22 январ аллакай неруҳои вижаи «Беркут» ҳамлаи худро алайҳи мухолифон барои поксозии Евромайдон ва хиёбони Грушевский оғоз карданд.
Дар аввалин њамла неруҳои «Беркут» бо шикастани сангари мухолифон дар маркази Киев иќдом ба пароканда кардани онҳо намуда, бархе афроди ифротгароро боздошт карданд. ВКД-и Украина бошад, пайдо шудани як ҷасад дар майдони Грушевскийи шаҳри Киевро тайид кард.
Дар робита ба ҳаводиси Украина, думаи давлатии Русия дуввумин изҳороти худро тайи ду моҳи гузашта содир кард. Дар ин изҳорот Думаи Русия аз эҳтимоли сар задани ҷанги шаҳрвандї дар кишвари ҳамсояи Украина шадидан изҳори нигаронї карда, масъулияти хушунатҳои ахир дар ин кишварро ба дўши гуруҳҳои ифротгарои дохилї ва бархе сиёсатмадорони ғарбӣ бор кардааст.
Русия аз бархе мањофили сиёсии ғарб даъват кардааст, ки аз тафриқаандозӣ миёни мардуми Украина худдорї кунанд ва аз мухолифони давлати Киев низ хостааст, ки зимни хотима додан ба хушунату зуроварї, барои ҳалли буҳрони сарзада, бо давлат сари мизи музокира биншинанд.
Нооромиҳои Украина аз 21 ноябри 2013 ба баҳонаи имзо нашудани тавофуқномаи тиҷорї байни Киев ва Иттињоди Аврупо оғоз шуд, аммо рафта-рафта хостаи мухолифон, ки аз тарафдорони Иттињоди Аврупо ҳастанд, ба сарнагунии давлати Янукович тағйир кард.
Мухолифон аз тарафдорони инқилоби норинҷї ҳастанд, ки чанд сол пеш аз сўи давлати кунунї аз сари ќудрат барканор шуданд. Кишварҳои ғарбӣ ҳам, ки аз ҷонибдорони сарсахти мухолифон ҳастанд, эълом кардаанд, ки ба зудӣ давлати Украинаро таҳрими иктисодӣ хоҳанд кард.
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.