Ташкили гуруҳҳои зудамал барои муқобила бо таҳдидот
Пас аз эъломи хуручи неруҳои Амрикои ва НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 замзамаҳое дар мавриди таҳдиди гуруҳҳои терористй ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказй афзойиш ёфтааст. Мақомоти амниятй ва низомии Русия мураттаб дар изҳороти хеш ба ин мавзуъ ишора мекунанд ва кишварҳои минтақаро аз паёмадҳои бархоста аз он ҳушдор медиҳанд. Дар ҳамин робита нишасти ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви чомеаи ҳамсуд бо ҳадафи чораандеши чиҳати муқобила бо таҳдидоти эҳтимолии бархоста аз хуручи неруҳои хоричи аз Афғонистон, бештар шудааст
Аз суи дигар Амрико низ бо баҳонаи хорич кардани неруҳои низомии хеш аз хоки Афғонистон қасди чо ба чоии бахше аз ин неруҳо дар бархе аз кишварҳои Осиёи Марказиро дорад. Нигоҳе ба сафарҳои пай дар пайи мақомоти низомй ва вазорати хоричаи Амрико ба ин минтақа гуёи ин воқеият аст, ки амрикоиҳо ба осонй хоҳиши тарки ин минтақаи стратегиро надоранд ва бо сенариясозиҳои мухталиф қасд доранд бахше аз неруҳои низомии худро дар хоки кишварҳои Осиёи Марказй мустақар кунанд. Дар ҳамин росто, давлати Амрико бо ҳадафи чалби ризояти давлати Душанбе тарҳи афзойиши кумакҳои низомй ба Точикистонро барои соли 2013 ба Конгресс ироа кардааст. Гуфта мешавад, тибқи тарҳи чадид мизони кумакҳои низомии пешбинишуда барои Точикистон барои соли ояндаи мелодй яку ним миллион доллар эълом шуда, ки ҳудудан ду баробари кумакҳои монанди Кохи Сафед дар соли чории 2012 аст. Дар ҳамин ҳол, як нашрияи русй дар тозатарин шумораи худ бо ишора ба кумакҳои доимй ва дар ҳоли афзойиши Амрико ба сохторҳои низомй-амниятии кишварҳои Осиёи Марказй навиштааст, ҳадафи аслии ин кумакҳо фароҳам кардани шароит барои истиқрори сиёсй-низомии Амрико дар минтақа дар сурати хуручи эҳтимолй аз Афғонистон аст. Нашрияи "Известия" чопи Маскав дар идомаи ин матлаб ҳачми умумии кумакҳои молии Вашингтон ба ниҳодҳои қудратии Қазоқистон, Узбакистон, Точикистон, Қирғизистон ва Туркманистонро болиғ бар 115 миллион доллар баровард кардааст. Ин нашрияи русй эътироф кардааст, ки Амрико бар хилофи иддаоҳҳояш аз режимҳои диктаторй дар кишварҳои Осиёи Марказй ҳимоят мекунад ва танҳо шарт барои идомаи ин кумакҳо ғайриисломи будани сохторҳои ҳукуматии кишварҳои Осиёи Марказй, зикр шудааст. Дар иртибот ба ҳамин мавзуъ буд, ки ахиран Русия бо тарҳи Амрико барои ҳамкорй бо ниҳодҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказй дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон, ба шиддат мухолифат кард.
Бар асоси тарҳи пешниҳодии Вашингтон мебоист дар ҳар панч кишвари Осиёи Марказй воҳидҳои вижа барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ташкил шаванд, ки таҳти назорати Амрико ва бо сармоягузории молии ин кишвар фаъолият мекарданд, аммо Русия муътақид аст, Амрико ба ин баҳона ба иттилооти маҳрамонаи сохторҳои амниятии Узбакистон, Точикистон, Қазоқистон, Қирғизистон в Туркманистон, ки ҳампаймони Маскав дар Созмони Паймони Амнияти Дастачамъи мебошанд, дастраси пайдо мекунад, ки заминаи фишори Кохи Сафед ба ин давлатҳоро фароҳам месозад.
Барномае, ки мақомоти Кремлро ба шиддат нигарон карда ва Маскав низ бо ҳадафи чилавгирй аз нуфузи хазандаи Амрико, таҳаррукоти тозаеро дар минтақа оғоз кардааст. Яке аз гузинаҳои Маскав барои чилавгирй аз нуфузи Вашингтон дар Осиёи Марказй, тарҳи бозгашти дубораи неруҳои русй ба марзҳои муштараки Точикистону Афғонистон аст, ки бархе мақомоти русй бо баҳонаи афзойиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва нотавонии марзбонони точик дар ҳимоят аз марзҳои чанубй, ба таври ошкоро матраҳ мекарданд. Гарчанде ин тарҳ ба ин шакл ичро нашуд, аммо порлумонҳои Русия ва Точикистон ба чои он дар як муддати кутоҳ тарҳи чадид мувофиқатномаи ҳамкориҳои марзй байни ин ду кишварро дар пойни моҳи Феврал тасвиб карданд. Бар асоси ин тавофуқнома, ду тараф муборизоти муштараки худро бо тероризм, ифротгарой, муҳочирати ғайриқонунй, чиноятҳои созмонёфтаи чандмиллиятй, қочоқи силоҳ, маводи радиоактивй ва маводи мухаддир густариш медиҳанд ва муҳлати идомаи ҳузури мушовирони низомии рус дар умури марзй дар Точикистон низ барои 5-соли дигар тамдид шуд.
Дар иқдоме дигар, дар пайи шиддат гирифтани муносиботи Вашингтон-Маскав бар сари масоили Ховари Миёна ва дахолати Ғарб дар раванди интихоботи раёсати чумҳурии Русия, бархе маҳофили сиёсии рус хостори муқобила ба мисли Кремл дар баробари мавозеи хасмонаи Кохи Сафед шудаанд. Дар ҳамин иртибот, Александр Князев-корманди Фарҳангистони улуми Русия мегуяд: Маскав барои бастани масири транзити Шимол ба Афғонистон бо ҳадафи чилавгирй аз таъмини ниёзҳои низомиёни амрикой ва ғарбии мустақар дар ин кишвар талош мекунад. Александр Князев далели ин иқдоми эҳтимолии Русияро адами мавозеи мутавозини давлати Амрико дар баробари буҳрони Сурия, душмани бо барномаи ҳастаии Эрон, исрори Вашингтон бар истиқрори сипари дифои мушакии худ дар Урупо ва мудохилаи Кохи Сафед дар умури дохилии Русия бо ҳадафи чилавгирй аз пирузии Владимир Путин дар интихоботи раёсати чумҳурии ин кишвар унвон кардааст. Князов таъкид кардааст, ки дар сурати амали шудани ин тарҳ роҳи заминии транзити Шимол аз қаламрави Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Точикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон барои ирсоли мавод ва тачҳизоти мавриди ниёзи низомиёни амрикой ва НАТО мустақар дар ин кишвар баста хоҳад шуд. Ичрои тарҳи мазкур метавонад ҳазинаҳои сангини молиро бар души кишварҳое, ки дар Афғонистон неру доранд, таҳмил кунад. Раванде, ки аз ҳамакнун кишварҳои ғарбй дар пайи норизоятии Покистон ва маҳдуд кардани роҳи транзити тачҳизот ва икмолоти неруҳои амрикой ва НАТО аз тариқи қаламрави хеш, дар фикри чораандешй барои хуручи неруҳои низомии хеш аз масирҳои камҳазина ва амнтар бахусус масири Осиёи Марказй афтодаанд.
Бо ин васф, метавон чунин натича гирифт, ки нишасти ниҳодҳои марзбонии кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия дар Душанбе, иқдоми дигари Маскав дар баробари таҳаррукоти Амрико дар минтақа ва ҳамчунин посух додан ба дағдағаҳои амниятии кишварҳои Осиёи Миёна дар баробари таҳдидоти эҳтимолии гурруҳои терористй ва қочоқчиёни маводи мухаддир аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои ин минтақа, мебошад. Ба вижа, тасмими мақомоти марзбонии кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия дар нишасти Душанберо чиҳати таъсиси гуруҳҳои зудамал ва муборизаи муштарак алайҳи таҳдидоти эҳтимолй, дар ҳамин росто метавон арзёбй кард. Ин гурруҳои зудамал аз ҳоло барои муқобила бо гуруҳҳои созмонёфтаи байналмиллалй дар хоки Афғонистон ва ичрои амалиётҳои изтирорй дар қаламрави кишварҳои минтақа, омода мешаванд. Владимир Проничев-раиси хадамоти марзбонии федероли Русия дар поёни нишасти Душанбе таъкид кардааст, ки Маскав ба чуз аз кумакҳои мушоварай ҳамчунин кумакҳои фанниро низ дар ихтиёри марзбонони точик қарор хоҳад дод ва аз омодагии кишварҳои минтақа барои муқобила бо ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолй ба қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна хабар додааст.
Гуфтанист, нишасти мақомоти марзбонии кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия рузҳои 28-29 феврал дар шаҳри Душанбе-маркази Точикистон баргузор шуд.
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.