Конфронси байналмиллалии "Рушди исломгарой дар Осиёи Марказй: тамоюлот, мушкилот ва роҳҳои ҳали онҳо" рузи сешанбе 21 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

    Умед Бобохонов мудири хабаргузории "Азия-плюс" ҳадаф аз баргузории ин нишасти байналмиллалиро баҳсу табодули назар дар бораи рушди исломгарой дар минтақа ва Точикистон ва таъомули дину давлат дар низоми сиёсии секулор (дунявй) унвон карда буд. Мавзуи ин конфронс коршиносони ширкаткунанда дар онро дар ду қутби мухолиф қарор дод. Дар воқеъ, баҳс дар ин конфронс аз масири аслй хорич шуда ба тақобули дидгоҳҳои мутафовит дар бораи ислом табдил шуд.

 Баҳси нақши ислом дар кишварҳои Осиёи Марказй коршиносонро дар ду қутби мухолиф қарор дод. Волф Лоппинз –ҳамоҳангсози минтақаии бунёди Эберти Олмон дар конфронси байналмиллалии "Рушди исломгарой дар Осиёи Марказй, тамоюлоту мушкилот ва роҳҳои ҳали онҳо" дар шаҳри Душанбе бо нигаронй иброз кардааст, ки ислом сиёсй дар соли 2001 дар минтақаи Осиёи Марказй буруз карда ва дар ҳоли густариш аст. Оқои Лоппинз ҳушдор додааст, ки дар пайи хуручи неруҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 бар асари таъсири Эрон, Покистон, Афғонистон ва Туркия исломи сиёсй дар минтақаи Осиёи Марказй густариш ёфта ва низомҳои секулори ин минтақаро таҳдид хоҳад кард.

     Удо Штейнбах-коршиноси умури мазҳабй дар Олмон низ дар ин конфронс гуфтааст, ки ба дунболи фурупошии Шуравй ва аз байн рафтани идеологияи коммунистй, холигоҳи идиологии эчодшударо идеологияи исломй пур кардааст. Оқои Штейнбах бо тааччуб таъкид кардааст, ки бо он ки низоми кишварҳои Осиёи Марказй секулор аст, аммо падидаи исломхоҳй дар ин чомеаҳо ба шиддат дар ҳоли густариш аст.

     Дар ҳамин ҳол, бар хилофи илқои расонаҳо ва коршиносони ғарбй аз нақши харобиовари исломи сиёсй ва рушди исломгарой дар чомеаҳои мусалмоннишини Осиёи Марказй, коршиносони ҳозир дар ин конфронс бозгашт ба арзишҳои исломй дар кишварҳои мусалмоннишини ин минтақаро як падидаи табии арзёбй кардаанд.

     Суҳроб Шарифов-узви порлумони Точикистон зимни суханронй дар ин конфронс дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст: "Гаройиши мардум ба ислом дар минтақа як амри табии аст ва набояд аз ин раванд ба унвони ифрот ё тундгарой ёд кард."

     Абдуллоҳи Раҳнамо-коршиноси маркази стратегии Точикистон низ дар посух ба иддаоҳои коршиносони ғарбй гуфтааст, ки "Дар кишваре, ки 99 дар сади он мусалмон ҳастанд, матраҳ кардани хатари "Омили исломй" бепояву асос аст." Оқои Раҳнамо дар кул корбурди истилоҳи "Омили исломй" барои кишварҳои мусалмони Осиёи Марказиро иштибоҳ хонда ва таъкид кардааст, ки баръакси он чи дар маҳофили сиёсии ғарб матраҳ мешавад, бозгашти ва эҳёи арзишҳои исломй дар минтақа як раванди мусбат ва омили субот дар чомеаи мусалмоннишини минтақа аст.

       Абдуллоҳи Раҳнамо ҳамчунин бо интиқод аз расонаҳо ва маҳофили сиёсии Ғарб аз корбурди нодурусти мафоҳиме монанди "Исломи сиёсй", "Исломгарой", "Бунёдгароии исломй", "Терористони исломй", "Гурруҳои чиҳодй" ва ғайра дар нисбати чомеаҳои исломй, дидгоҳ ва методологияи Ғарб дар бораи исломро куҳнашуда хонда ва хостори тачдиди назар дар нигариши ғарбиҳо дар бораи ислом шудааст.

     Коршиносони точик дар идома бархе маҳдудиятҳои эъмолшуда алайҳи мусалмонон дар Фаронсаро ёдовар шуда бо ишора ба тарҳи тасвиби қатли оми Аромана дар порлумони он кишвар гуфтаанд, ки бар асоси ин санад ҳар касе дар Фаронса қатли оми арманиҳоро инкор кунад, маҳкум ба зиндон хоҳад шуд.

   Дар ҳамин иртибот, Рашид Абдулло- коршиноси сиёсии точик низ ба қатли оми беш аз як миллион ғайринизомиён дар қарни гузашта дар Алчазоир тавассути неруҳои фаронсавй ишора кардааст, ки чаро Ғарб ин ҳодисаро ба унвони қатли ом эътироф намекунад ?

    Муҳиддин Кабирй-Раиси ҳизби Наҳзати Исломии Точикистон низ бо ишора ба ин ки ояндаи Осиёи Марказй бо ислом гираҳ хурда, гуфтааст: Ислом дар оянда беш аз пеш руи таҳаввулот дар Осиёи Марказй таъсир хоҳад гузошт.

    Раиси ҳизби Наҳзати Исломй ҳамчунин бо ишора ба тачрибаи муваффақи сулҳ дар ин кишвар, бар зарурати идомаи муколамаи давлат ва неруҳои исломй барои ҳали масоил ва мушкилоти чадид таъкид кардааст.

     Дар ин конфронс коршиноси масоили сиёсии Точикистон, набуди таъомул миёни давлат ва исломгароёнро дар ин кишвар мушкилсоз унвон карданд.

    Коршиносони ҳозир дар ин конфронси байналмиллалй, омили густариши ифрот дар минтақаро ноогоҳии насли чавон аз таълимоти инсонсози ислом арзёби кардаанд, ки дар натичаи манъи омузиши ислом дар мадорис тавассути давлатҳои Осиёи Марказй дар ин минтақа шакл мегирад.

    Қобили зикр аст, ки давлатҳои ҳоким дар минтақаи Осиёи Марказй тайи 20-соли гузашта таҳти таъсири илқооти маҳофили сиёсй ва расонаии Ғарб, сарфи назар аз ниёзҳои воқеии чомеа, сиёсати ситез бо исломро дар садри барномаҳои хеш қарор дода, маҳдудиятҳоеро барои мусалмонони минтақа эъмол кардаанд. Дар ин замина метавон ба мавориде монанди: манъи пахши садои Азон аз тариқи баландгу дар масочид, манъи ҳичоб, чилавгирй аз вуруди навчавонони зери 18-сол ба масочид, мамнуияти иқомаи намоз дар идороти давлатй, маҳдудияти омузиши Қуръон ва улуми исломй ва таъйини ҳади нисоб барои фаъолияти масочиди чомеъ ва панчвақта дар ин кишварҳо ишора кард.

     Тақобули андешаҳои коршиносони ғарбй бо андешамандони минтақа дар мавзуи рушди ислом, ки дар конфронси байналмиллалй дар шаҳри Душанбе буруз кард, баёнгари ин нукта аст, ки ғарбиҳо тибқи як барномаи ҳадафманд ва бо ваъдаи кумакҳои молй ва ҳимояти сиёсй аз давлатмардони минтақа, талош мекунанд, ки дар мачмуъ дини исломро ба унвони омили таҳдид барои кишварҳои мусалмони Осиёи Марказй муаррифй кунанд, ки бо мухолифати шадид коршиносони точик ру ба ру шуданд.

     Ёдовар мешавем, ки конфронси байналмиллалии "Рушди исломгарой дар Осиёи Марказй: Тамоюлот, мушкилот ва роҳҳои ҳали онҳо" бо ибтикори хабаргузории "Азия-плюс", сойти "Исломнюз" ва ҳимояти бунёди Фридрих Эберти Олмон, бо ҳузури исломшиносон, кормандони кумитаи давлатии умури дин, намояндагони марказҳо ва созмонҳои исломй ва сафоратхонаҳои кишварҳои хоричй ва дафтарҳои намояндагии созмонҳои байналмиллалии муқими Душанбе, ахиран дар пойтахти Точикистон, баргузор шуд.