Бозтоби чанги дохили дар ашъори Ашур Сафар
Шеър ва шахсият
Чанги дохили аз бузургтарин фочеахои милли аст, ки мо точикон дар авохири карни бистум таъми талхи онро чашидем. Иктисоддонон мегуянд, ки ин чанг 7 млрд хисороти иктисоди барои кишвари мо бар чой гузоштааст, аммо хисороти инсони, рухи ва равонии ин чанг ба маротиб бештар буда дар бархе маворид кобили чуброн низ нест. Мо имтихони сахтеро пушти сар кардем. Аслан хар навъ чанг ва бахусус чанги дохили як навъ киёмати сугро барои як миллат махсуб мешавад. Имтихонест, ки дар он мизони одамият, садокат, имон, чавонмарди ва хайсияти так- таки афроди миллат мавриди санчиш карор мегирад
Бахси кунунии мо дар мавриди далоил ва авомили чанги дохили нест балки касди мо аз матрах кардани ин мавзуъ баррасии бозтоби ин ходиса дар ашъори шоирони точик аст. Рости гап ман то кунун ашъори чудогонае аз шоирони номовар ва хамчунин мутавасситу гумном перомуни мавзуи чанги дохили мутолиа кардаам аммо хеч кадом аз онон чанге ба дил назад. Хар ки аз як зовия ва бо саликаи хос ба ин фочеа назар кардааст. Дидгохи шуарое ки ба ин мавзуъ пардохтаандро ба рохати мешавад ин гуна дастабанди кард:
Бархурди гурухи ё худ хизби
Бархурди махалли
Бархурди якчониба
Бархурди мугризона
Бархурди тахкиромез
Бархурди бетафовут
Бархурди гилояомез
Бархурди идеологи
Мутаассифона хеч шоире дар ин миён ба унвони як шоири милли бо ин фочеа бархурд накардааст. Дидгохи шоири милли ба хаводис ва падидахои ичтимои ва сиёсии перомуни худ бояд дидгохе чомеъ ва фарогир бошад. Шоирони мо дар раванди тахаввулоти даххаи навад, ки мунчар ба чанги дохили шуд чандон бетафовут набуданд, аммо бисёре аз онон дар ин мархала аз хар тарафе, ки буд худро на хамчун шоир балки хамчун мардони сиёси матрах мекарданд. Чунин равиш боис шуд, ки ба дунболи шуруи даргирихои дохили онхо натавонанд мавзеи мушаххас ва шоистае дар мукобили ин фочеа иттихоз кунанд.Дар холе ки бузургони адаби форси дар ин гуна маворид аз худ тачрубаи созанда мантики ва ибратомузеро ба ёдгор гузоштаанд, аммо хеч шоири муосири точик дар он рузгори талх ин тачрибаро ба кор нагирифт
Дар робита ба мавзегирии шоирони точик дар баробари фочеаи чанги дохили бидуни шак мавзеи Ашур Сафар он устоди забон ва адаб, ки умри худро дар як шахристон сипари кардааст дар хакикат сутуданист. Бо мутолиаи ашъори Ашур Сафар, ки дар фосилаи солхои 1991 то поёни умраш иншо шудаанд, чаракаи умеде дар калби ман пайдо шуд. Дар мукоиса бо дигарон дар ашъори ин марди мунсиф пахлухои гуногуни фочеаи чанги дохилии Точикистон бидуни мавзегирии чонибдорона аз гурухи хосе мунъакис ёфтааст. Падидае, ки ман солхо дунболи он мегаштам ва тасаввур намекардам, ки онро дар осори ин шоири махали пайдо кунам. Бо мутолиаи ашъори Ашур Сафар ба ин натича расидам, ки хеч шоири дигаре монанди у фочеаи чанги дохилиро хамчунин чомеъ ба тасвир накашидааст. Вижагии боризи ин даста аз ашъори Ашур Сафар ин аст, ки шоир бо дидану чашидани таъми талхи он рузгори фитнахез аз наздик, хаводисро ба тасвир мекашад
Вижагии аз ин мухимтар нигохи шоир ба ин хаводис аст. Ашур Сафар ба чанги бародаркуш ба унвони як фочеаи милли нигох карда ва онро низ аз хамин зовия барраси кардааст. У дар вокеъ аз хеч гурух, чабха, мактаб ва махалли хосе чонибдори накардааст. Шоир бидуни таваччух ба ин авомил дар мачмуъ вокеахои он солхоро ба унвони як фочеаи милли ба тасвир кашидааст. Мухимтарин асари Ашур Сафар дар ин замина касидаи “ Марсияи аём” аст. Касида бо мавзуи огози фочеаи чанги дохили шуруъ мешавад. Даврони кинатузи, бадгумони, бадбини, душмантароши ва бародаркушии миллати точик
Шабхо хама шаб хоб наояд ба сари ман
Ку руз, ки як чилва кунад дар назари ман
Гушам шунавад шому сахар харфи чаноза
Озурда шудам пора бигардад чигари ман
Хар руз ду се кушта биёранд ба нола
Гуи, ки кананд аз тани ман болу пари ман
Гах гуш кунам кар, ки надонам хабари шум
Лекин чи кунам мешунавад гуши кари ман
Баъди баёни огози фочеаи он рузгори сиёх, шоир часторе мезанад ба аёми ормонии гузашта, ки хама дар сояи лутфу меурубони, камоли эътимод ва бародари бо хам зиндаги мекардем:
З- ин пеш туро чониби ман буд гузар беш,
Бар чониби ту манъ намешуд гузари ман.
Будам хама дам баста миён дар хашари ту,
Буди хама дам баста миён дар хашари ман.
Буд хирмани ман дар бари куху камари ту,
Буд хирмани ту дар бари куху камари ман.
Мемонд агар барзагават яккаву танхо,
Бар чуфт хаме рафт бари у бакари ман.
Ман бе табари ту назадам шохи дарахте,
Ту шохи дарахте назади бе табари ман.
Як умр будам чорагарат дар хаму пасти,
Буди ба чунин руз ту хам чорагари ман.
Бинанда хамегашт аз ин мархала хайрон,
Аз мехри туву мархамати бешумари ман.
Хамин тавр, шоир ба дунболи шархи муфассали ин гуна хамёриву хамхони ва хамбастагии милли дар гузашта ба натичагири аз фочеаи чанги дохили мепардозад:
Имруз чихо кард казову кадарат, бин
Аз хеш чи овард казову кадари ман.
Хун рехт ахир аз сари хар найза чу аз нов,
Не нусрати ту хаст дар ин, не зафари ман.
Ин фочеа бар коми сакар мебарад охир,
Ту низ рави хамрахи ман бар сакари ман.
Бадном шуда кеши ту дар арсаи олам,
Бадномтар аз он адаби ман, хунари ман.
Дунёст, ки ранчида аз ин хархашаи мо,
Не кор бари туст, на худ кор бари ман.
Хонад пас аз ин бо дили садпораву бирён,
Дар гуши туву пеши ваю тори сари ман,
Лаънат ба ту, эй хешкушу бар падари ту,
Лаънат ба мани хешкушу бар падари ман !
Шоир дар ин касида бо истифода аз санъати мукобила ва бо шеваи сахли мумтанеъ абъоди мухталифи ин фочеаро ба тасвир кашидааст.
“Ту” ва “ Ман” дар мачмуъ “Мо” хастем. Шоири дардошно дар хамчунин вазъияти асафборе ба хар чонибе, ки менигарад худро мебинад, пас дуруст ба ин натича мерасад, ки ин чанг голибу маглуб надорад, балки идомаи он идомаи худкушист. Алиасгари Шеърдуст мухакики шеъри муосири точик дар ин замина менависад: “ Лахни шоир дар касидаи “Марсияи аём”, ки фарёди андухгинонае аст, ки дар такбехи бародаркуши бо хашме музоаф дармеомезад. Яке аз шигардхои вай дар ин касида такобул миёни “Ман” ва “Ту” дар ду мисрои байт аст, ки хам ишорате ба ру дар руи хам карор гирифтани ду бародар, ду хамдин ва хамватан дорад, хам ба навъе ёддовари пайванди бародари ва дусти аст. У бо доварии одилона на факат дигарон, балки худро низ дар бародаркушихо шарик медонад ва сипас хам худро ва хам мухотабашро ба хотири бародаркуши ва ё ба таъбири вай “хешкуши” лаън ва нафрин мекунад.”
Ашур Сафар дар мусаммати “Ки мегуфту ки мегуяд ? “ бо диде хайрон аз тарики суолгузори бисёре аз масоил ва паёмадхои он рузгори талхро матрах мекунад. Ин навъ суолгузори мавзуро дар зехни мухотаб муассиртар чилва медихад. Суолоти шоир ба ин шакл аст: “Ки мегуфт ин бихишти накд вайрон мешавад рузе?”, “Ки мегуфт одам одам мекушад аз н- одамии хеш?”, “Ки мегуфт охи мардум беасар мемонад ин микдор?”, “Ки мегуфт у фирори мешавад аз мулки дилбандаш?”, “Ки мегуфт ашки шури чашми модархо шавад борон?” ва ба хамин тартиб меояд то он чо ки:
Ки мегуфт ин диёри шодмон гампуш мегардад,
Ба пахлуи гаме хар дам гаме хамдуш мегардад.
Чавоне, модаре, тифле ачалогуш мегардад.
Чу кабристон хама бому дараш хомуш мегардад,
Ба хок аз зури тупу тонк яксон мешавад рузе.
Хамин тавр шоир дар ин мусаммати 28 бандии хеш, ки дар бораи фочеаи водии зархези Вахш суруда шудааст ба тафсил ба шархи хаводиси дилхарош ва чонсузи он солхои мудхиш мепардозад.
Ашур Сафар дар соли 1993 он даргирихоро як чанги бехадаф, хонмонсуз ва паёмади онро низ мояи зиллат ва хории тамоми миллат арзёби мекунад:
То рахм ба дил замон надорад,
Чон дар баданам амон надорад.
Бар гуш садои тир ояд,
Тирест, ки у нишон надорад.
Хун рехта рафту монд хундор,
Меъмори макон макон надорад.
Ту пираи кахрамон чи чуи,
Чанги шуда кахрамон надорад !
Шоир дар соли 1992 ба бархе хангомачуёне, ки мардумро ба чанг ташвик ва таблиг мекарданд дар шеъри “Барои сулххохон аз хама бошад сухан бехтар” гуфтааст:
Нидо доди, ки бархезу ба чанги худкиши омез,
Бигуяд дил сари ин масъала бастан дахан бехтар.
Бародар ташнаи хуни бародар гаштааст имруз,
Рахои чустан аз тири камони Ахриман бехтар.
Аз он пирохане к- одам ба тан пушад зи хунрези,
Ба одам, шири одамхурда гар бошад, кафан бехтар.
Аммо мутаассифона дар он замон “гуши суханшунав” кар шуда буд ва он чанги хонабарандоз иттифок афтод, ки таъми талхи онро хануз хам дар саросари кишвар мардуми мо мечашанду мечашанд. Паёмадхои ин чанг чуз хориву зиллат чизе барои мо ба бор наёвард. Шоир ба унвони як нозири очиз паёмадхои ин чангро дар касидаи “Манзараи руз” чунин ба тасвир мекашад:
Гушнахо дар хасрати дидори нон афтодаанд,
Байни хам дар гайбати тунди замон афтодаанд.
Хар чи ояд бар забон гуянд бешарму хаё,
Кадри худ аз ёд бурда бедахон афтодаанд.
Бадгухархо, ки “амони” гуфта одам куштаанд,
Хуб шуд к- андар амони бемон афтодаанд.
Хонасузон сарпанохи пуршукухе ёфтанд,
Хонасозон ку ба ку беошён афтодаанд.
Бегунохон лаб бубастанд аз сухан бешикваанд,
Богунохон дар сухан оташзабон афтодаанд...
Шоир дар мусаммати “Ситез” бо камоли эътикоде, ки ба макоми созандаи сухан ва суханвар дар чомеа дорад ва аз ин ки дар он аёми фитнахез натавонист пеши рохи ин фочеаи миллиро бигирад, шеър ва шоирро мавриди накухиш ва мазаммат карор медихад.
Ту пеши рахи як ду камондор набасти,
Зурат нарасиду хапу ором нишасти,
Ё майл намуди ба рахи чангпарасти,
Худ риштаи умед зи хонанда гусасти,
Шахчоми пур аз бодаи моро бишикасти,
Аз пешаи нобоби ту чон бар хазар ояд.
Ба хамин тартиб шоир дар шеъри “Аруси ноком” низ асароти харобиовари ичтимои ва равонии рузгори бародаркуширо бар хонаводахои орому осудаи точик бисёр муассир ба калам меорад.
Фуруъ пошидани хонаводахо, афзойиши бадбини ва душмантароши аз якдигар, даъвои падару писар, оворагии миллат, тавхину тахкир ва тухмати хамдиёрон бо бахонаи ночиз ва беасос, курбон шудани чавонмардон, бекадрии хунар ва хунарманд, рахт бастани шарму хаё аз чехраи мардум, болонишин шудани бехунарон, густариши тазвиру риё ва дигар масоили аз ин даст, мавзуи аслии осори Ашур Сафар дар поёни умраш мебошад. Ин мавзуотро шоир дар колаби касида, мусаммат ва газал эчод кардааст. Ба гуфтаи А. Шеърдуст “Сурудани мусаммати баланд, ки гох муштамал бар даххо банд аст нишон аз чирагии у бар мусамматсарои дорад. Агар чирагии шоир набуд ром сохтани колаби мусаммат дар баробари хар мавзуе ба вижа мавзуоте сиёси- ичтимоии руз душвор менамуд. Устод Ашур Сафар дар густараи газал низ шоире сохибном буд.”
Нуктаи чолиб ин аст, ки хеч шоире монанди Ашур Сафар ин гуна масоилро хамчунон чомеъ ва муассир матрах накардааст. Ин дастовард чизе чуз мавзегирии дурусти шоир дар баробари ин фочеаи милли нест. Шоир дар баробари ин фочеа дар симои як муаллими ахлок ва як муслехи ичтимои зохир мешавад. У муътакид буд, ки махалбози ва махалгарои бадтарин бемории ичтимои дар миёни точикон аст:
Аз руи акли солим аз рости амал нест,
Дар байни тангбинон чуз бозии махал нест,
Бадтар аз ин дар олам дар чони мо касал нест.
Дидем чурахоро яктош бехиял нест,
Аз хеш дур н- оянд ин наъша дер хал нест,
Дар дахри дун агарчи ашёи бебадал нест,
“Чое равам, ки гардун болои сар набошад,
Аммо чи метавон кард чои дигар набошад.”
Ашур Сафар беэътимодиву беэътинои ба якдигар ва майли бегонапарстиро аз дигар беморихои мухлики роич дар чомеаи худ медонист:
Хар гахе моро кушад аз хам чудои мекушад,
Бо бародархои хамхун бевафои мекушад.
Дуст будан пеши руву дар панохи хасми чон,
Ин никоб, ин макр, ин гургошнои мекушад.
Мавзегирии дуруст ва хирадмандонаи Ашур Сафар осори уро дар ин замина аз дигар шоирон мумтоз мекунад. Гузашта аз ин колабхои интихобкардаи шоир барои баёни дардхои хеш, ин силсила ашъори уро низ дар зехни хонанда муассир карор медихад.
Аммо рухи голиб бар ин гуна ашъор умдатан навмеди ва гилоя буда симои шоир танхо ба унвони ровии ахбори он хаводиси талх зохир мешавад. Гуфтанист аксари ашъори давраи ахири шоир зери унвони “Рузи сиёх” дар “Гулчини ашъори Ашур Сафар”, ки тавассути интишороти “Алхудо” дар соли 1998 дар Эрон мунташир шудааст, ба мавзуи чанги дохилии Точикистон ихтисос ёфтаанд, ки шоир бо химмати баланд хаводиси талхи рузгори худро ба риштаи назм даровардааст
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.