Шеър бояд ба қаламрави шуур бозгардад
Карни бистум барои мо точикон аз аввал сари созгори надошт. Карне буд, ки бо хама обу ранги зохираш дар чоми ботини мо захри халохил мерехт
Карне ки аз назари тахаввули зехниву фикри ва борварии маърифати аз бехосилтарин аъсоре аст, ки точикон дар масири таърих пушти сар кардаанд. Ин дар холе аст, ки барои бархе аз афроди зохирбин шояд ин гуна натичагири аслан кобили кабул набошад. Аммо ба назари инчониб садамоте, ки дар карни бистум ба миллати точик ворид шуд шояд аз хамаи он мусибатхое, ки дар тули куруни гузашта аз сар гузарондаем коритар ва зиёнбортар бошад. Агар дар гузашта мо аз назари физики мавриди хамла, шиканча ва куштори бегонагон карор доштем дар карни бист ба иловаи хамаи ин мусибатхо хуввияти милливу дини ва фархангии худро низ аз даст дода ва бо гузаштаи таърихи ва тамаддунии хеш катъи робита кардем. Карни бист карне буд, ки мо точикон зохиран давлат доштем вале иродаву ихтиёраш дар дасти мо набуд, донишгох доштем вале натичааш чуз парокандагии афкор набуд, рох доштем вале поёнаш чуз бероха набуд, барк хонахои моро рушан кард аммо калбхоямон тираву тор ва зехнамон шабехи аспи махорзада буд. Карне буд, ки хастии мо беш аз мавчудияти як робот арзиш надошт.
Хол дар чунин вазъияте мо ба истиклол даст ёфтем. Мехмоне, ки хеч кас дар интизораш набуд. Партави нури ин озоди чунон чашми мо бардагони хугирифта бо фармонпазири ва итоатро торик кард, ки аз шиддати фишори он гиребони якдигарро фишурдем ва дашнаро дар синаи хеш фуруъ бурдем. Истиклол замоне сурогамон омад, ки камтар касе мунтазираш буд ва хануз хам бо гузашти хаждах сол мо ба ин мехмони нохонда бо чашми шакку шубха менигарем. Гуё у худро ба мо тахмил кардааст. Бори у бар души мо сангини мекунад. Аз ин ру чехраи истиклол дар адабиёти имруз махдуш ва норушан аст.
Истиклол бо фазои бозе, ки дар батни худ дорад моро дар маърази имтихони сахте карор дод. Шинохти ин фазои бекарон ниёманди диди фарох ва амике аст, ки мутаассифона дар мо нест.
Агар касе бихохад кудрати офарандаги ва неруи халлоки як миллатро бишносад бояд ба шеъри он миллат ручуъ намояд, зеро шеър ойинаи инъикоси тавоноии зехни башар аст. Аз ин чост, ки мардум дар тамоми чавомеи башари аз огози таърих то кунун ба шоирон иродат ва эътикоди хосе доштанд. Таваччухи вижаи одамон ба шуаро дар заминаи пуч ва холи ба вучуд наёмадааст, балки ин амр масбук ба собикаи кадим аст. Девид Дичез дар китоби худ “ Шевахои накди адаби” менависад: “Шоирон бино ба авзои аср ва миллате, ки дар байни онхо зухур мекардаанд дар аъсори аввалияи чахон, дар шумори конунгузорон ва ё пешгуён хонда мешуданд. Шоир дар асл ин ду сифатро дар худ таркиб ва талфик мекунад, зеро вай на факат холро чунон ки хаст амикан мебинад ва он кавонинеро, ки ашёи хозир бар тибки онхо бояд муназзам шаванд кашф мекунад, балки ояндаро дар хол мушохида мекунад ва афкораш базрхои гулу меваи дерояндатарин замонхост.”
Хакимон дар гузаштаи дур шеърро ба унвони сарчашмаи маърифат ва мухаррику бедоркунандаи зехну фикри башар медонистанд. Сидни шоири инглиси дар мавриди мохияти шеър гуфтааст: “Шеър бо дарёфти хазорон таркиб аз андешахои даркнашуда, фикрро бедор мекунад ва вусъат мебахшад. Шеър аз зебоии нихонии чахон парда бармегирад.”
Яке аз аносири мухим дар шеър тахайюл аст ва шоир бо таквияти тахайюл дар амри тарбияти ахлокии башар кумак мекунад. Ба кавли Сидни : “ Шеър бо таквияти тахайюл дорои таъсири ахлоки аст ва тахайюл хам ба навбаи худ узви табиати ахлокии инсон аст, зеро хамдилиро, ки бузургтарин василаи ахлок аст мепарварад. Шоир бо таквияти тахаюл ба тахаккуки хайри ахлоки мадад мекунад.”
Унсури дигар ва мухими шеър забон аст. Забон на танхо дар шеър, балки дар хама анвои хунари рукни асоси ва калиди мебошад. Забон сурати маъно ва сирати адабиёт аст. Аммо забони шеър бо забони дигар анвои адаби комилан фарк мекунад. Калимот ва иборахо дар сохтори шеър кори хорикулодда анчом медиханд. Аз ин ру забони шеър кудси ва осмони аст, маъмули нест. Шоир касест, ки ба олами руё ва орзухои башари тавассути шеър сурати хасти мебахшад. Ба гуфтаи Сидни шоири инглиси: “ Дар хакикат ифтихори шеър дар ин аст, ки танхо хунаре аст, ки таклид намекунад, балки меофаринад. Хол он ки адавоти хунархои дигар дар олами хорич мустакил аз хунарманд вучуд доранд ва мавзеи онхо дар олами хорич таъсири онхоро ба унвони васоили баёни биниши тахаюли махдуд месозад. Шоир мазохири сирф вокеиятро таклид намекунад, балки вокеияти пушида дар варои онхоро таклид менамояд. Шоир хакикатан як офаринанда аст ва хамин сифат вайро аз касоне ки дар хунархо ва улуми дигар муморасат меварзанд мутамойиз месозад. Чахоне, ки шоир ибдоъ мекунад бехтар аз дунёи вокеи аст. Факат шоир аст, ки бо кувваи ибдои худ метавонад чизе бартар аз табиат ба вучуд оварад. Дар осори шоирон гулхо хушбутар аз гулхои богхои вокеи хастанд
Шеър илм нест, аммо сарчашмаи маърифат аст. Шеър мухаррики аслии башар барои даст ёфтан ба чахоне бартар ва бехтар аст, зеро шеър ангезахоро бедор ва фикрро вусъат мебахшад. Ба кавли Масио Арнолд:” Навъи башар хар руз беш аз пеш пай хохад бурд, ки ногузир аст ба шеър руй оварад то шеър зиндагиро аз барои мо тафсир кунад, моро тасалли дихад ва пуштибони кунад. Бидуни шеър илми мо нокис хохад намуд. Шеър баёни пуршуру эхсосест, ки дар симои хамаи улум аст.”
Дар замони санъати шудани Урупо бархе хангоматалабон муддаи шуданд, ки даврони шеър ба поён расидааст. Ин гурух тасаввур мекарданд, ки бо санъати шудани чахон ба мадинаи матлуби худ даст меёбанд ва мошинизм ниёжои фарханги, рухи ва равонии онхоро низ бароварда хохад кард. Хол бо гузашти беш аз як карн аз даврони санъати шудани чахон хама дарёфтанд, ки баръакс ин раванд мунчар ба афзойиши мушкилоти рухи ва равонии башар шудааст. Мошинизм харгиз наметавонад чойгузини фарханг шавад, балки паёмади он барои башар ситез ва факри фарханги будааст. Ин сухан бадон маъно нест, ки банда мухолифи санъати шудани чахон хастам, балки мо муътакидем, барои расидан ба як чомеаи башарии матлуб тахти хар шароите асолати фарханг бояд хифз шавад, зеро мошинизм ба хеч вачх наметавонад чойгузини асолати фархангии башар бошад. Мошинизм танхо як абзор аст. М. Арнолд дар ин замина фармудааст: “ Касе ки дар рохи хусули халоват ва нур мекушад рохи хукумати хирад ва иродаи илохиро мепуяд. Касе ки барои тавсиаи мошинолот сайъ мекунад ва касе ки дар хидмати нафрат гом бармедорад факат дар рохи эчоди ташаттут ва парешони кор мекунад. Хадафи фарханг чизе моварои мошинизм аст. Фарханг аз нафрат безор аст, фарханг шавки бузурге дорад, ки шавки халоват ва нур аст. Фарханг факат вакте хурсанд мешавад, ки хамаи мо ба мархалаи камол бирасем ва медонад, ки халоват ва нур дар байни иддае калил нокис хохад монд магар замоне фаро расад, ки туддахои нопухта ва гирифтори зулмати чахл дар чомеаи башари, тахти таъсири ин ду вокеъ шаванд.
Истифода аз фарханг аст, ки бо меёрхои маънавии худ дар бораи камол ба мо кумак мекунад то сарватро ба манзалаи василае ба шумор оварем ва на ин ки факат ба лафз бигуем. Агар фарханг ин таъсири тахзибиро дар афкори мо надошт хамаи дунё ва холу ояндаи он ногузир боисти ба мардуми камфарханг тааллук медошт. Ашхосе, ки сахт муътакиданд, ки азамат ва рифохи моро сарвати фаровони мо таъмин кардааст ва касоне ки зиндаги ва фикри худро сарфи сарват андухтан мекунанд дуруст хамон мардуме хастанд, ки мо ононро камфарханг меномем.”
Бидуни шак чомеаи мо ба далоили мухталиф дар даврони истиклолият бо факри шадиди фарханги ру ба ру шудааст. Накши шеър танхо хунаре, ки аз огози таърих то кунун мардуми мо ба он алокаи бехаду хаср доштанд ва шеърро хамзоди точикон мегуянд, камранг ба назар мерасад. Кор ба чое расидааст, ки имруз мутаассифона шеъри точик наметавонад хатто ду шоирро сарчамъ кунад то аз хондани шеъри якдигар лаззат баранд, зеро мутмаин хастанд, ки аз ин мусохибат хеч суде барои худи онхо вучуд надорад, чаро ? Чи авомиле боис шуда ки миллати фархангдусти точик имруз дар чунин вазъияти асафборе карор бигирад ? Албатта ба ин суол дар гузашта то чое посух дода шудааст, аммо бархе авомили чадид низ дар даврони истиклол ба авомили собик изофа шудааст.
Бузургтарин хидмати истиклол барои адабиёт ва фарханги точик ин буд, ки онро аз бардаги начот дод ва ба озоди расонд. Дигар хеч монеае пешоруи нависандагони точик аз назари сиёси ва идеологи вучуд надорад. Хеч кас барои офаридани осори адаби ба касе дастур ва бахшнома содир намекунад ва хеч офаринандае барои офаридани осори худ дар мавзуи хосе тахти фишор карор надорад. Ба кавли профессор Худои Шариф: “ Як чиз дар хади акл барои камол ёфтани шахсият дар айни замон мусоидат дорад: набуди фишори идеологи ва озодии андеша.”
Аммо бо ин вучуд шоирони точик хануз хам бо мушкилоти салафи худ гирифтор хастанд, зеро насли замони истиклол аз зери замин намеруяд, балки хамон афроде хастанд, ки дар даврони Шурави ба камол расидаанд. Ин насл дорои зарфияти ва имконоти адабии махдуд хастанд. Дуввум зехни онон бо хамон шевахои содда ва дастурии замони Шурави ху гирифтааст ва нигохашон ба адабиёт хамчунон идеологи боки монда. Ба иборати дигар чахонбинии шаклгирифтаи онхо дар замони Шурави хамчунон аз бузургтарин монеа дар рохи эчодии онон махсуб мешавад. Насли даврони Шурави дар даврони истиклол бо бухрони худсонсури гирифтор хастанд. Харчанд, ки бути Ленин аз хиёбонхо бардошта шуд, аммо зехни онхо хануз моломоли бут аст. Холо, ки Ленин нест макомоти кишвар яъне, Раиси Чумхур, вазирон, мудирони корхонахо ва сарватмандон вучуд доранд. Бар тибки одат онхо метавонанд ин холигохро пур кунанд. Фазои истиклол бекарон аст аммо боли паридан кирост ?
Мушкили саввуми шоирони точик дар даврони истиклол камбуди пуштивонаи кавии маънави аст. Инхо насле хастанд, ки дар макотиби Шурави тахсил кардаанд ва барномаи омузишии онхо фокиди арзищое буд, ки як эчодкор бояд онхоро дар кулабори худ дошта бошад. Сарчашмаи маънавии миллатхо дин, таърих ва мероси гузаштаи онхо махсуб мешавад, ки мутаассифона дар даврони Шурави омузиши ин манобе барои точикхо хеле махдуд буд. Масио Арнолд шоири инглиси накши динро дар таквияти фарханг, бахусус шеър хеле мухим арзёби кардааст: “ Ман динро дар тачаллии фитрати инсони мухимтар аз шеър донистаам, зеро дар хусули камол бо мизоне васеътар аз шеър амал мекунад ва дар чамоати бузургтаре таъсир дорад. Андешаи зебои ва табиати инсони, ки аз чамии чихоти худ комил бошад яъне фикри хоким бар шеър низ андешае хакики ва бисёр пурарзиш аст, харчанд ки тавфики он хануг ба пояи андешаи галаба бар хатохои бадехии табиати хайвонии мо ва андешаи табиати инсоние, ки аз чанбаи ахлоки комил бошад- ва он андешаи хоким бар дин аст- нарасидааст ва мукаддар он аст, ки андешаи шеър бо андешаи динии ихлоси неруманд тавъам шавад то андешаи шеърро дигаргун созад...”
Аз суи дигар мушкили хат ононро аз неъмати дастраси ба осори гаронбахои гузашта ва адабиёти муосири форсизабонони чахон махрум кардааст. Бинобарин бо таваччух ба имконот ва зарфияти махдуди адаби ва заъфи пуштивонаи фархангиву маънави, адабиёти точик то хануз натавонистааст посухгуи ниёжои имрузи чомеа бошад. Ин нуктаро бояд эътироф кунем, ки адабиёти точик дар даврони Шурави ва баъди он дар тарбияи ахлоки ва фархангии мухотаби хеш муваффак набудааст. Дар холе, ки мардуми точик то даврони Шурави ба шиддат тахти таъсири адабиёт ва хунари адаби карор доштанд ва хатто адабиётро аз эътикодоти динии худ чудо намедонистанд. Мардуми точик дар даврони Шурави ба адабиёти хеш беэътикод шуд. Нотавонии ин адабиёт дар тарбияи ахлоки ва фархангии чомеа дар даврони чанги дохили ошкоро ба намоиш гузошта шуд. Насле , ки ба далели камбуди хуввият дар даххаи 90- даст ба худкуши зад натичаи инсони тарбияткардаи хамин адабиёт буд. Мунаккиди точик Худои Шариф низ ба ин нукта каблан ишора кардааст. Вай менависад: “ Кахрамони ормонии замони Шурави шахсияти мубориз бахри максад ва гояхои коммунизм буд. Ин адабиёт дар хакикат симои касе мубориз ва пархошчуйро тарбия медод ва тамоми афрод ва аквоми башарро ба худи ва бегона таксим мекард. Фикр мекунам, ки хаводиси Точикистон то чое аз дастовардхои адабиёт ва дастгохи таргиботии Шурави бахра бардоштааст.”
Дар як калом, мо дар замони истиклол вориди фазое шудем, ки бо камбуди оксиген мувочех буд. Накши адабиёт дар тарбияи ахлоки ва хидояти башар ба суи камоли инсони танхо хоси адабиёти форси ва ё исломи нест, балки мухаккикони дигар миллатхо ва адёни чахони ба ин нукта таъкид кардаанд. Девид Дичез дар ин бора мефармояд: “Ибтикороти шоир муассиртар аз гузориши вокеии муаррих аст, чаро ки чахони матлуби шоир чижоро чунон, ки шоиста аст бошад нишон медихад на чунон ки хаст ва ба ин тартиб хонандаро бештар ба корхои бофазилат рахбари мекунад. Шоир на факат аз лихози тавоноияш дар халки сармашки комил, балки аз назари тавоноияш дар барангехтани хонанда ба пайрави аз он сармашк бар файласуф низ тафаввук дорад.”
Паёмади офоти номбаршуда ин буда, ки адабиёт дар даврони истиклол хамчунон бо берамакии тамом ва бидуни доштани самту суи мушаххас мавчудияти худро идома медихад. Ин вазъият адибони моро ба мукалидони бехадаф табдил кардааст. Таклидгарои дар ду шакл дар адабиёти точик чои пои худро боз кардааст
Аввал, бозгашт ба шевахои адабии гузаштагон
Дуввум, таклид ба шевахои адабии муосири хамзабонон ё дигар макотиби адабии роич дар дигар кишвархо бидуни доштани шинохт ва заминаи ташаккули равишхои тоза
Аз ин ру тафовут миёни шеъри даврони Шурави ва замони истиклолият дар Точикистон танхо дар танаввуи мавзуъ ва фазои халки осор ба назар мерасад. Бадин маъни, ки шоири даврони истиклол дар мавриди интихоби мавзуъ ва чигунагии кайфияти халки осори адаби хеч гуна махдудияти чониби надорад.
Бухрони адабиёт дар даврони истиклол на танхо фурукаш накард балки амиктар мешавад. Насли чавони адибони даврони истиклол бо мушкилоти бештаре ру дар ру хастанд. Онон бо таваччух ба хаводиси чанги дохили ва паёмадхои иктисоди ва ичтимоии он дар тангнои бештари факри фарханги карор гирифтаанд. Агар панохгохи аксари эчодкорони точик ру овардан ба сояи сангини гузаштагон бошад, шеваи бархе дигар таклид аз мактабхои адабии муосир мебошад. Гурухи аввал дар баробари осори гаронбахои гузаштагон баъид аст, ки битавонанд аз худ чехраи мушаххасе ба намоиш бигзоранд ва гурухи дуввум, ки бидуни вучуди заминаи вокеи дар чомеаи точик даст ба таклиди макотиби адабии муосир мезананд ба далели набуди завк ва саликаи хунари мушкил аст, ки барои худ мухотаб пайдо кунанд.
Аммо дар ин миён истиснооте вучуд дорад, ки моро ба оянда умедвор хохад кард. Дар хар даврае афроди хорикулодда ва халлоке вучуд дорад, ки бо истифода аз тавоноихои фавкулодаи хеш халохои мавчуд дар фарханг ва адабиётро пур мекунанд ва рохи расидан ба камоли матлубро барои дигарон хамвор месозанд. Инхо афроде хастанд, ки бо саъю талоши шахси ва парвариши истеъдоди фитри ва худододи хеш фосилахоро ба хам наздик мекунанд.
Барои шоири даврони истиклол махдудияти интихоби мавзуъ, сонсури акида ва фишори сиёси вучуд надорад бо ин васф чаро адибони мо то кунун натавонистаанд осори матлуб ва кобили таваччух биофаринанд ?
Худои Шариф донишманди арчманди мо барои расидан ба ин хадафи арзишманд ба шоирони чавон чунин тавсия медихад: “ Сарчашмахои аслии омухтану донистани тамоми таълимоти дини, ичтимои, фалсафи, ирфони, ахлоки, ахбори таърихи, ривояти, асотири, урфи, мардуми, адаби, хикмати амаливу назари ва монанди онро бояд омухт. Адиби хар миллате ворис ва давомдихандаи тамаддуни халки худ аст, агар аз ин тамаддун то чое, ки ворис гуфтан мешуда бошад, огохи наёбад, хакки вориси пайдо намекунед ва дар фазилату фарханг аз намояндаи халкхое, ки дируз сохиби хату алифбо шудаанд, кам фарк мекунед. Ин айб барои шоир ва нанг барои миллат аст.”
Дар даврони истиклол низ забони баёни шеър, беинсичоми, бархурди содда ва зохири бо ашё, камбуди бойгонии лугави ва заъфи балогату латофати суханпардози ва маъниофарини хамчунон дар шеъри даврони истиклолият боки мемонад. Дар бархе маворид хатто шеъри ин давра аз назари мухтаво ва шакл аз шеъри даврони Шурави хам дар сатхи поинтар карор мегирад.
Сукути тулонии накди адаби ва бархурди инфиолии мунаккидон бо падидахои чадид заминаро барои густариши бебандубори дар адабиёт бахусус дар бахши шеър фарохам кард. Дар вокеъ накди адаби низ мисли дигар бахшхои чомеаи мо дар даврони истиклолият бо бухрон ру ба ру шуд. Фуруъ рехтани малок ва меёрхои идеологии арзёбии осори адаби , ки дар замони Шурави хоким буд, мунаккидонро сархурда ва халъи силох кард. Онхо, ки бо равиши колабии бархурди идеологи бо осори адаби одат карда буданд, хол намедонистанд бо чи меъёр ва мавозине осори хунарии чадидро арзёби ва адабиётро ба кадом самту су хидоят кунанд.
Имруз дар чомеаи точик як навъ эхсоси беэътинои ба фарханг ва ахолии фарханг мушохида мешавад. Навдавлатон ва навкисахо сарвати худро сарфи тачаммулгарои, маросимхои пурхарч ва сохтани коххои мучаллал мекунанд. Табакаи сармоядори чадид фарханг ва фархангиёнро бо чашми кам мебинанд ва хатто ба онхо нигохе тамасхуромез доранд. Ин дидгохи хонумонсуз мутаассифона ба шиддат зехни насли чавонро низ тахти таъсир карор додааст. Падидаи зарандузи ва тачамулгарои аз роххои номашруъ дар холи табдил шудан ба як фарханги саросари аст. Навчавонони мо танхо як орзу доранд, ки хар чи зудтар мактаби тахсилоти хамагониро хатм кунанд ва барои таъмини ниёмандихои худ ва хонаводаи хеш ба Русия мухочират кунанд. Хануз бо гузашти 17 сол аз истиклоли кишвар хеч гуна тафаккури созандае ба унвони хати маши хоким дар чомеаи мо мусаллат нашудааст. Вучуди ин холигох боис шудааст, ки тафаккури фиудоли хамдаст бо дахригари дар никоби сармоядории чадид сар аз остини чомеаи мо берун карда онро ба як партгохи амик фуру мебарад.
Ман муътакид ба дахолати давлат дар умури фарханги нестам , аммо бо таваччух ба ин нукта, ки мо дар холи гузор аз як сохти ичтимои ба сохти дигари ичтимои хастем, барои таъмини саломати ин мархала ба хамбастагии давлат ва миллат ниёз вучуд дорад. Гузашта аз ин бардошти мардуми мо аз мафхуми давлат ба гунае аст, ки дар тамоми умур чашм ба икдомоти давлат медузанд то рохи хале аз “боло” муаррифи шавад.
Дар хамчунин шароите агар табакаи мутавасити чомеа, ки хамон фархангиён (донишгохиён) хастанд таквият нашаванд ифроту тафритхои роич бидуни шак амнияти чомеаро дар оянда мавриди тахдид карор хоханд дод. Ба кавли Жан Пол Сартр : “ Дар чомеае, ки комилан муташаккил ё мутаддин бошад хар шикасте, ки пеш ояд ё давлат онро мепушонад ё мазхаб онро дар худ хал мекунад; дар ичтимои нобасомон ва бемазхаби демукросихои мо вазифаи шеър аст, ки шикастро ба гардан бигирад ва онро дар худ тахлил кунад.”
Дар ин мархала аст, ки мо нотавонии адабиёти худро эхсос мекунем, зеро кори адабиёт танхо содир кардани саноеи лафзи нест, балки эчодкор дар кадами аввал бояд матлабе барои гуфтан дошта бошад. Дар ин рох бояд шоирон пешгом бошанд ва бо аз худ гузаштаги, ки хоси ин гурух аст, чомеаро аз масири инхирофи дубора ба мачрои аслии хеш хидоят намоянд. Албатта хеч кас хак надорад, ки дар интихоби мавзуъ барои шоир тайини таклиф кунад, чун вакте эхсос шавад, ки мавзуи шеър каблан дар назар гирифта шудааст, хосили кор таблигот аст на шеър.
Аммо дар як калом, шеъри точик бояд дубора ба каламрави шуури хамагони бозгардад.
Бехрузи Забехулло
Рузномаи “Озодагон”
Инчониб Бехрузи Забехулло Саъидхоча дар нохияи Дарвози вилояти Бадахшони Точикистон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби хамагони ва хунаристони шахри Душанбе вориди Донишгохи Давлатии Милии Точикистон риштаи забон ва адабиёти форси точики шудам. Аз замони донишчуи ба навиштани маколот дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти Точикистон шуруъ кардам.